Бахшҳо

Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду келини як хонавода дар ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки хушдоманашонро ба қатл расонда, ба пулис гуфтаанд, ӯ гум шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи январи соли равон наздикони Норгул Азимоваи 56 сола, сокини ҷамотаи деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён оид ба бедарак гардидани ӯ ба ШКД-и Қубодиён муроҷиат кардаанд. Манбаъ мегӯяд, наздиконаш гуфтаанд, Норгул Азимова гуиё шоми 26 ба 27-уми декабри соли 2014 ба самти номаълум рафта, ба ҳамин бедарак гардидааст: “Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки Норгул Азимова бедарак не, балки бо як бераҳмии махсус аз ҷониби келинҳои хонадон ба қатл расонида шудааст. Ду келини Норгул Азимова бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ӯ нақшаи ҷинояти кушторро кашида, бо истифода аз офтоба ва санг ба сару руй ва тани Норгул Азимова задаанд”.

Дар гузориши видеоии омодакардаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ келинҳо тасдиқ мекунанд, ки хушдоманашонро бо офтобаву санг зада, баъдан ӯро оташ задаанд. Яке аз келинҳои ин зан ҳолати лату кӯбу хушдоманашро чунин шарҳ дод: “Аввал якто задам, баъд бо санг дар сараш задем, беҳуш шуд, берун баровардем. Ба чуқурӣ партофта, баъд Сафаргул бензинро дар болояш рехт ва зажигалка алов зад. Хушдоманам аз ҷояш хеста ин пара он пара худашро мепартофт”. Ба иттилои манбаъ хокистарро келинҳо ба дарё андохтаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, аз рӯи ин ҳолати куштор, ки дар чанд соли охир ҳамто надорад, додситонии Қубодиён парвандаи ҷиноӣ кушода, муттаҳамон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.


Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)

Қубодиён: Келинҳо хушдоманро зинда сӯзонда, гуфтанд гум шудааст (АКС)
Мӯҳр
як точик
Фикр мекунед, ки хушдоманхо бегуноханд?! Якхелоша икор ками мекунад, келин шид гуфта гуломай чи?! Чизе форат мекниш, бо даркор шава аз хонат пешаш мекуни, якхелоша садкаи келин куна!!!!

Ба назарам хуб мешуд аввал ба келинхо савол дихем, ки чаро ин тавр карданд? Шояд ба ивази ягон гунохаш самосуд карда бошанд? Хар оина ин кор дуруст несту, ба хар хол аз айби хушдоман хам пурсон шудан лозим. Яку якбора хама вахму дахшатро ба сари келинхо нафароред, онхо хам фарзанд доранд, аз фарзандон мебинанд. Кунанда кашанда аст.

фазо
холид
чихели мебини ин ай хамшахрои хдт дар сар румол агар сатрам надошта бошан куртаву эзор доран ё ба фикри ту сатрдор икора када наметона ма тра мегум шайтон номаълумай ки дар кадом либос мегарда

АДл
Хохиш дорам ба хабси якумра чазо дихед, ки ба насли имрузаву оянда дарс шавад, тарбияи фарзандоба бетаъсир намонад, чумла зану Мардоба имону инсоф дихад

ЧТ
Худо хохад солша кай медода бошанд ?

ali
vokean ki chi ruzgore shude ammo un khushtomat inoro chi azoboi doday ki ba in kor dast zadayan agane inoham odaman sahg nestan ki dilshon nasiza inshoalloh ba khushtomanoi zolimi digar ibrat shava.......neki fikr nakunam ibrat shava zan dar tojikiston kadr nadora zana megiran meguy baroi ochoshona yo otoshona yo barodaru khoharoshona giriftayan mepartoyan meravan rasiya boz megan baroi zanmona zindagimona kor kuni raftem pulo hamash dar dasti ochoshon zan khar vori kor mekuna hama korash dora ay sagi khona sar kardagi to murgash libososha khonavodai khudash bkhara tu ki nakharish misli kaniz kor kuna dar ya sol yabor khonai ochash brava shavharsha se sol bad bina umrasham ki raftestay in shud zindagi man khudam shakhsan bezoram az in zindagi in zindagi nest jahanam ast.......dukhtaro dars bikhonen hunar yod bigirin odamoi khub khonavodador paydo karden izdivoj kunen nakaden aslan izdivoj nakunen umri azizi khudatona hayf mekunen.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)