Бахшҳо

Нашри «ДАРГИЛМОДАК»- намунаи фолклор ва адабиёт ба забони рӯшонӣ

Дар шаҳри душанбе китоби “Даргилмодак” намунаи фолклор ва адабиёти рӯшонӣ ба нашр расидааст, ки ҳовии фолклор ва адабиёт ба яке аз қадимтарин забонҳои помирӣ – забони рӯшонӣ мебошад.

Китоби “Даргилмодак” дар таҳияи Лутфишоҳ Қиматшоев, зери назари доктори улумуи филология Назрӣ Офаридаев ва бо пуштибонии молиявии созмони “Равшандилон” дар 140 саҳифа ба табъ расидааст.

Гуфта мешавад, ки ин китоб намунаҳои фолклор ва адабиётро ба забони рӯшонӣ аз охири қарни XIX то имрӯзро дар бар мегирад.

Ба гуфти ноширини китоб забони рӯшонӣ аз қадимтарин ва серистеъмолтарин забонҳои помирӣ маҳсуб шуда, дар гузаштаи начандон дур (то даҳаи аввали қарни бистум) теъдоди истифодабарандагони он, аз лиҳози бартарият доштани аҳолии Рӯшонзамин, нисбати соири ноҳияҳои Помир ба маротиб зиёдтар будааст.

Дастандаркорони нашри ин китоб ҳамчунин гуфтааснд, ки “нашри ин китоб маҳсули ҳамаи он ҷасрату армон ва андешаву ниятҳое аст, ки дар қиболи мушкилоти забонҳои зиндаи бехати помирӣ зуҳур кардаанд. Албатта, «Даргилмодак» даъво ва ҳукми китоби илмию тадқиқотиро надорад, балки ҳамагӣ маҷмуъаест иборат аз намунаи фолклор ва адабиёти забони рӯшонӣ, ки шояд барои соҳибзабонон ба унвони ҷузъе аз манобеи ҳуввияту худшиносӣ ва барои муҳаққиқон ба ҳайси маъхаз хизмат расонад. Забони модарӣ санади муътамади асолату ҳуввияти ҳар як халқу миллат маҳсуб мешавад ва арҷ гузоштан ба он дар ҳукми қарз ва фарз аст”.
Мӯҳр
Миллатдӯст
Бародарони рӯшонӣ аз ҳад гузарондед бо ин маҳалгароиҳоятон. Айба намедонед ё таъриха намедонед, ки Рӯшон гуфтани гап дина пайдо шуд. Маконҳои таърихии Бадахшон Вахон, Ғорон, Шуғнон, Дарвоз, ки ҳоло дар Афғонистони ҳамсояаамон ин вулусволиҳо вуҷуд доранд. Аз ҳама калон ва ҳаматарафа бойаш Шуғнон, аз қадимулайом ҳамин хелӣ буд. Ин ноҳияи Рӯшон аққалан ягон академик дорад, ба фикрам не.

Ё АЛИ МАДАД! Бародарон хамаамон зода ва сокини як диёр хастем ва ба ин шукрона гуфтан хадди мудахост. Андешахои шуморо мавриди тахлил карор дода аламам омада истодааст. Чи рушони, шугнони, вахони, кулоби, хучанди ва хоказо илтимос чудоиндози на бояд шиорамон бошад балки созандаги. Майлаш охир, монед андеша кунанд, ки забони рушони афзалитят дорад, ин андешаи дахшат нест, ку чи кадар бародарон ва хохарони баномуси водии Рушонзамин номи миллатамонро бардошта истодаанд. Хуллас. ЗИНДА бод ИТТИХОД.

Рушони
ЗИНДА БОД РУШОНИ ТОЧИКИСТОН!!!!!!!

Зинда бод Лутфишо ва забони рушони

ЗИНДА БОД ШУРЛАНДИЯ! ОФАРИН ШУРЛАНДИХО!

РУШОНИ
ЗИНДА БОД РУШОН ЯК КИСМИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОН РУШОНИХО,ВАНЧИХО ВА ПОМИРИХО ЯКЕ АЗ ХАЛКХОИ БУЗУРГИ ТОЧИК ХАСТАНД


"Озодагон" Басифати мухаррири ин китоб шархи муфассалеро навишта фиристодам , вале аз чи сабабе бошад онро нашр накардед.

Дуруд ба ҳама ҳамватанони гиромӣ.
Даст марезод ва офарин ба нафароне ки ба ин иқдоми нек даст зада ин китобро на нашр расондаанд.
Ростӣ ҳар боре ки зер навиштҳоеро зери ин ё он мақола мехонам аз бесаводӣ, бефарҳанги ва дуруштии мардумам эҳсоси шарм мекунам.
Вақте як сиесатмадор бо гуиши худ ҳарф мезанад ҳама хомушед. Ва ҳоло ҳама кам кам ба рафтм, омадм, итари у тари... гузаштанд ва ин гушатонро намехарошад ки забони зебои порсиро қоти моти бо забон русӣ кардаанд, вале бо шунидани забонҳо бумии тоҷикистон ки дар воқеъ меросии фарҳангии мардумамон ҳаст ин гуна вокуниш нишон медиҳед.
Агар ҳамватанони гиромӣ аз таърихи кишвари худ, аз гузаштаи худ ва ҳатто забони худро медонистанд ба ин гуна навиштаҳо даст намезаданд. Забонҳои Помирӣ дар Тоҷикистон дар воқеъ як мероси фарҳангӣ аст ки бояд аз онҳо ҳимоят кард. Ҳар нафаре ки зидди ин иқдом ҳарфе мегуяд худ худшиносии миллӣ надорад!
Ин қадар забони давлатиро дуст доред хуб онро аз бар намоед, вале ба забони модарии ҳамватани худ эҳтиром гузоред.
Туда туда мардум доранд китобҳо бо уруси чоп мекунанд шумоҳо кафкуби мекунед, вале инҷо аз мероси фарҳанги ҳарф меравад ва ин қадар кинаву адоват нишон медиҳед!
Забони давлати номаш бояд "забони порсӣ" бошад ва шахсоне ки ин забонро забони модари меҳисобанд дар Тоҷикистон ҳатто дуруст ҳарф зада наметавонанд, чи расад ба навистан. Ин қадар тарафдори забони давлатӣ астед, асли забони давлатиро, яъне ном ва дабира (хат)-ашро баргардонед!Ин қадар эҳтиром ба забони давлатӣ доред ба забонҳои дигар даст назанеду аз лаҳҷаи маҳаллиатон берун оед!
Ҳукуматдорон ҳатто ду ҷумла дуруст ҳарф зада наметавонанд. Видеои раиси "пистамазорро" ки дидааст, мефаҳмад манзурам чист!
Ман даҳҳо ҳамватанони бадахширо медонам ки аз ҳазор нафаре ки забони модариаш забони порсӣ аст беҳтар ҳарф мезананд вале садҳо нафари дигарро медонам ки ҳатто ба забони давлатӣ ҳарчанд забони модариашон аст ду ҷумла гуфта наметавонанд.
Дар бобати ҳарфи путин ва чаро урусҳо забонашонро ҳамаҷо паҳн мекунанд, пеш аз иқтибос овардан бояд донед ки қасди путин аз ин иқдом нест намудани ҳамаи дигар забонҳо ва гузоштани танҳо забони руси аст. Ва аммо барои мо забонҳоямон бояд боиси ифтихор бошад ва онҳоро бояд рушд диҳем. Бигзор ҳама донад чи сарзамини рангоранг ва зебо дорад. Аксари ҳамватанон ҳатто намедонанд дар чи сарзамине зиндагӣ мекунанд ва чи қадр фарҳанги рангорангу ғанӣ доранд.
Дар тули таърих мардуми эронитабор ҳамеша забонҳои гуногун доштааст ва забони порсӣ ба унвони забони байналмилалӣ истифода мешудааст ва ҳеҷ гоҳ дар Ирони қадим ки Тоҷикистон бидуни шак қисме аз он буда, подшоҳони бузурги мисли Куруш ва Дариюш мардумашро маҷбур накарда бо як забон ҳарф зананд. Ва бурҳону далели инкорнашавандаашро руи катибаҳои Тахти Ҷамшед дида метавонед ки бо забонҳои гуногун навишта шудаанд. Вале ҳоло дар мо ҳама бегона парастем. Бо забони урусӣ фахр мекунем вале забони худиро дида немтавонем. Ин ҳам шуд иттиҳод?!

Адолат
Салом хамагон, аз омузиши забон ва маданияти мардумиРушон майдони гуфтугузор ва фаъолияти забон ва маданияти Шугнони кам нахохад шуд. Аз кадом сабабе омузиши забонхои кучак таъкир ва паст задани забонхои бузургтар кабул карда мешавад. Бадахшон аз кадим бисёрфархангтар нисбат ба дигар манотики Точикистон буд ва мемонад ва касе хукуки монеъа шудан ба омузиши забон ва фарханги гуногунро надорад. Дар баробари забони Рушони дигар забонхои Бадахшон омузиш ва тадкикотро кайхо ба анчом расониданд ва Рушон аз онхо камтар нест. Офарин ба Лутфишо барои икдоми баланд. Ман Рушони нестам аммо дар омузиши ягон забон ва осори мадании мардум аз Шумо дастгири хохам кард. Ташаккур

Озадагон, Ба хайси мухаррири ин китоб шархеро фиристондем, вале аз чи сабаб бошад онро нашр накардед. Чаро нашр нашуд он шврхи мо лутфан даринбора тавзхот дихед.

Ман бо нигохи олими водии Рушон Лутфишо К. мувофик хастам!!

[b]Савлатшох[/b/Ин чо гап дар масалаи забон аст на таксимоти нохия.Рушон ва халки рушонизабон аз кадим будас.Агар гамебуд пир Носири Хусрав хам Равшандилони Рушон намегуф дар асрхои 10.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)