Бахшҳо
10 июн 2015 10:23Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Волидони Фирдавс Раҳматов, як ҷавони 22-солаи тоҷик, ки пас аз як моҳи сарбозӣ дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст, мегӯянд, аз натиҷаи ташхиси тиббии марги фарзандашон розӣ нестанд.

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”.

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд: “Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд”.

Латту кӯб ва марги сарбозон аснои хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи наве нест. Дар гузашта низ волидони бархе сарбозон иддао карданд, ки фарзанди онҳо дар пайи мушту лагад маъюб шуда ё ҷон додаанд. Дар интернет низ чандин навори латту кӯби сарбозон аз ҷониби куҳнасарбозон дар гардиш аст. Ахиран, чунин як навор боиси сару садоҳои зиёде шуд, вале масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон онро кори дасти “иғвоангезон” хонданд. 


Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд

Модари Фирдавс: Пас аз як моҳи сарбозӣ ҷасадашро оварданд


Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Ғанӣ Раҳматов, падари Фирдавс
Мӯҳр
Бояд Камадир Рота Камандир Звод Камандир Адиленяа Хамаинхора Ба Чавобгари Бкашен Гунагори Асоси Хамёо Хаст

Бояд сарбозхои гунахгор бо хамрохи камандирашон ба чавобари кашида шаванд то ки дар оянда ингуна номахкулиро нисбати фарзандони камбаггали бегунох накунанд.
Сабри чамил ба хонадони мархум

сарбоз
вазири мудофиа бо тамоми раёсаташ бояд аз вазифа сабукдуш карда шавад!! баъди ин наворхо ки ба хизмат меравад?? вой бар холи ин ватан!!!

то он замоне, ки ин хукумат пурра ба истеъфо наравад холи мардуми точикистон аз ин бех намешавад!

ффффф
Мо аз тоссарҳои рус менолем, ки фарзандони моро сар мезананд. Баъди ин фоҷеа дардамонро ба ки гуем тоссарҳои худамон даҳҳоро маъюб ( ШАҲБОЛҲО) ва даҳҳои (ФИРДАВСҲО) дигарро аз дидори падару модараш маҳрум мекунанд.
Тоссарҳои русро ҳукумати Русия пуштибони мекунад аммо пуштибони ин тоссарҳои мо Ки бошад?
Кани адолат, ки ба доди Шаҳболҳо ( барои баргардонидани ҳуқуқаш ТУЛИ ЯК СОЛ дар мурофиаҳои суди рафту о дорад) ва Фирдавсҳо расанд. сухани волидонаш ки (“Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”. )
Чигуна ҷавонҳои мо ба хизмати ватан раванд? ва чигуна полковникҳо аз ноадлии ин ҳукумат ҷудо нашуда ба гуруҳҳои терористи напайванданд? ва чигуна...? ва чигуна...? ва чигуна...? ва чигуна...? ва чигуна...?

девон
ин чи гап аст бародаро

Дар суд ришвагири аст,
Дар маориф ришвагири аст.
Дар корхонахо ришвагири аст.
Дар духтурхонахо ришвагири аст.
Дилхунем аз чунин порахурон.
Мохи паси абрем.
Мо косаи сабрем.
Ин коса лабрез шуд.

магар аз руи инсофаст ин?

Аноним
Сабаби асосии ба хизмат нарафтану дар шахрхои мусофири гурезон шудани бачахои точик анахамин аст!!! Лаънати худованд ба инхел рохбарону ба инхел бе рахмон бод!!! шумо якбор ба хизмати харбии дигар давлатхо назар кунед эй Нобинохо!! бинед, ки дар ончохо чихел хизмат мекунанд, наход хизмат барои задану куштан бошад!!! пас аз инхел ходисахо кадом волидайн фарзандеки 18-20 сол калон кард бо хуни дил, ба хизмат рохи мекунад?? ягон волидайн!!

шарифбек
Ман хам хизматкардаи хамин кисми низомиам соли 2014 хизматро дар он кисми харби ба анчом расонидам, то он дам кисми харби зертобеъи кисми харбии ш. Исфара буд, ки командири ин кисмро подполковник Чахонгир Назаралиев ба ухда дошт хело хам афсари сахт гир буд ин ходисахо набуданд. Аммо бисёри сарбозон аз саркашии худ аз амри сержантхо ба ин холат меафтанд

аввал камардири хамин частро аз кор бо статия даф кардан даркор чунки вай худаш хаминхел сарбозои аблахро пуштигири мекунад. Худаш фарзанд надорад фикр кунад фарсанди худашро хаминхел кунан хамон частро ба по мехезонад.

Э худобехабарои берахмо бо шумо мехохед ки фарзандони камбагалу бечора рафта хизмат кунад.

Аввалан ба ин Модарчони азиз хамдарди байн мекунам ва аз Худочон хохони онам, ки ба ин Модари чигарсухта сабри чамил насиб гардонад.
Бадан дуогуи онам ки хамин рузи сахтро ба чунин нафароне ки ташкил карданд насиб гардонад Омин!
МОДАРЧОНИ АЗИЗ БЕГАМ БОШ ИНШОЛЛОХ ДЕР Ё ЗУД ОЛЛОХ ЗОЛИМХОРО ЧАЗОИ САЗОВОР МЕДИХАД.
Барои чӣ бошад, ки фақат бояд як нафар(сарбоз) ҷавоб дихад ин ҷо аз қумандонҳо ва роҳбари қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ, ки ба марг расонидани шаҳрванд оварда расонидааст пурсон шавем, чунки аз онҳо давлат боварӣ кардаву бо вазифа гузоштааст.

Дилшод
Худое ин чавонро гурашро обод рухашро шод ва дохили чанат бигардони омин ..Ман шахсан бо ихтиери худам ба хизмати харби рафтани будам лекин ин ходисаро дидам хечгох намеравам.......

Салмон
Агар як маротиба командири ягон частро барои куштори солдате ба муддати якумри йо 25 сол тюрма кунанд , ин хел кушторх,о куллан бармехуранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)