Марги Акмали 19-сола, сарбози нерӯҳои марзбонӣ, дар Мастчоҳ

Аъзам Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва падари Акмали 19-сола -- сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳангоми адои хидмат даргузаштааст, мегӯяд, ба хулосаи табибон дар бораи марги писараш бовар надорад. Ӯ гуфт, табибон дар хулосаи худ навиштаанд, гӯиё Акмал дар пайи банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст.
Бино ба гуфтаи мусоҳиби мо, Акмал моҳи октябри соли гузашта иҷборан ба хидмати Артиш рафта будааст. Ӯ афзуд, “ман дар Русия дар муҳоҷирати корӣ будам ва ҳангоме ба кишвар омадам, алакай фарзандамро “облава” карда буданд. Он вақт ҳамагӣ даҳ дақиқа имкон буд, ки ӯро бубуинаму сӯҳбат кунам. Бисёр мехостам, ба маросими қасамёдкунияш биравам. Вале писарам гуфт, роҳ дур асту овора нашавед.”
Ҷасади Акмалро рӯзи 18 апрел ба хонаашон дар ноҳияи Ҳамадонӣ оварда гуфтаанд, ӯ як рӯз пеш ба далели банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст. Аъзам Давлатов мегӯяд, ҷасади писари ғӯрамаргашро рӯзи 19 апрел ба хок супоридаанд.
Давлатов мегӯяд, Акмал дар яке аз қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Мастчоҳ адои хидмат мекард ва ҳамагӣ ду рӯз пеш аз марги писараш бо ӯ сӯҳбат дошт ва зоҳиран вазъияташ ҳам хуб буд. Танҳо чизе ки, мегӯяд Давлатов, ӯро мушавваш кардааст, ин аст, ки писараш чанд вақти пеш аз қисми низомии қаблияш ба ҷои дигар интиқол ёфта буд. “Фикр мекунам, шояд ӯро ба ҳайси одами нав қабул карда, азият дода бошанд”,-мегӯяд ӯ.
Раёсати Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон то кунун дар ин бора расман изҳори назар накардааст. Падари Акмал мегӯяд, агарчӣ ба хулосаи табибон дар бораи марги писараш розӣ нест, вале ба ҳеч ваҷҳ ба ташхиси такрории ҷасади ӯ ризоият нахоҳад дод. Ӯ гуфт, танҳо аз мақомот мехоҳад, то ин қазияро ба сари сарбозони дигар наоранд. “Намехоҳам дар ин рӯзҳои гарм ӯ аз гӯр берун оварда шавад. Аслан инро намехоҳам. Вале мехоҳам, то чунин амалро нисбат ба фарзандони дигар раво набинанд”,-таъкид дошт ӯ.
Дар тӯли ду моҳи охир ин барои бори дувум аст, ки номи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар пайи фавт ва латту кӯб шудани сарбозонаш расонаӣ мегардад. Қаблан, Шаҳбол Мирзоев, як сарбози нерӯҳои марзбонӣ, бо гардани шикаста ва сутунмӯҳраи осебдидааш ба бемористон интиқол ёфта, то ҳол мунтазири ҷарроҳияш нишастааст. Ҳарчанд мақомот гуфтанд, дар пайи гӯштигирӣ Шаҳбол ба ин ҳол уфтодааст, вале худи ӯ мегӯяд, фелдшер Усмон Ғайратов вайро чунин маъюб кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |