Бахшҳо

Ҳимояти Э.Раҳмон аз тоҷикӣ кардани номҳои русию туркӣ дар Хатлону Варзоб

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар пешниҳоди вакилони ноҳиявию вилоятиро барои тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон номи деҳаи “Ленинград”-и ҷамоати “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба “Зархез” ва номи деҳаи "50-солагии Комсомол” ба “Чорбоғ” иваз мешавад: “Инчунин дар ҷамоти деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш номи деҳаи “Перепадная” ба “Шаршара” ва номи деҳаи "Сафедов" ба "Сафедоб" иваз мешавад. Деҳаи “1-Май” номи “Нуробод” ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати Вахш деҳаи “Қараланг” ба “Деҳқонобод”, “Қизилтумшук” ба “Файзбахш” деҳаи “Янгиобод” ба “Истиқлол” ва “Яккадин” ба “Гулбоғ” иваз карда мешаванд".

Бо қарори ҳукумат дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш деҳоти “Қушқудук” ба “Иттифоқ”, “Томчи” ба “Лолазор”, “Куйканак” ба “Меҳробод”, “Қазоқон” ба “Пистазор”, “Дунгизадир” ба “Баракат”, “Қучқорбулоқ” ба “Офтобрӯя”, “Учбулоқ” ба “Сечашма”, “Қарабодом” ба “Гулибодом”, “Тераклитоғ” ба “Орзу” ва номи деҳаи "Тошробод” ба “Дустӣ” иваз мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзобро низ дастгирӣ кардааст: “Аз ҷумла дар ҷамоати Чорбоғ номи деҳаи Муғулои поён ба “Меҳробод”, “Чағатай” ба “Шодоб”, “Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён”, “Тойқара” ба “Гулбоғ” иваз мегардад”.

Дар баробари ин бо қарори ҳукумат дар сурати тасдиқаш аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ деҳаи Қулмаҳмадии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ номи “Яккачашма"-ро мегирад.
Мӯҳр
шахрванд
Бисёр икдоми хуб! Ивазшави бо номхои точики дар тамоми каламрави Точикистони азизамон бояд сурат гирад. Наход ки ин чизи мукарари ба бахс ниёз дошта бошад?

Рафикон, аз номгузории давраи Шурави ки номгузории ба монанди Ленинград,, 50 солагии Комсомолобод, ё ин ки ба номи 1-Май,,, мардум хакалан як -ду ин ногузорихоро мондан лозим, ин як кисми таърихи мо мебошад, Он миллате ки аз таърихи худ фаромуш мекунад, миллат намешавад,

БИСЁР ХУБ МЕШУД ХАМАИ НОМХОИ НОХИЯВУ ЧАМОАТХОВУ ДЕХАХО БО НОМИ ТОЧИКИИ ХУДАМОН НОМГУЗОРИ МЕШУД

комрон
Бехтарин ва бузургтарин икдом.Точик номаш хам точики бошаду хам макони истикоматаш.Забони точики аз бойтарин забонхои дунёст, ки хатто дар таркиби забони англиси хам бисёр калимахои точикиро вохурдан мумкин аст.

Боз дар нозия Варзоб як дехаи дигар бономи Блоксайдон ва Дурманблок мондай

Хуршед,
а бача гумш ку.

Маладес Эмомали красафчик

Тоҷик
Хуб мешуд Қурғонтеппаро низ номаша иваз мекарданд.
Номи кадимаша мемонданд.шахрванд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)