Бахшҳо

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё: Имконият ё “чупачупс”

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Масъалаи вурдуи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баъд аз пазируфта шудани Қирғизистон мавзӯи доғ дар муносиботи Русия ва Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби дигар барои Тоҷикистон ворид шудан ва нашудан як интихоби бисёр сода нест. Ба ҳамон андозае, ки Тоҷикистон аз ворид шудан фоида ва зарар мебинад, ба ҳамон андоза аз ворид нашудан суду зиён бармедорад. Вале ҳарфи аз ҳама муҳим ин аст, ки бо ворид шудан ва ё нашудан Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ҷойгоҳи худро дар минтақа ҳифз кунад.

Чанде пештар бо ибтикори Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” як баҳси коршиносӣ бо номи “Тоҷикистон ва ИИАО: мушкилот ва дурнамо” доир шуд, ки соҳибназарони тоҷик дидгоҳҳои худро бар асоси таҳлил ва фазошиносии худ иброз доштанд. Қисме аз соҳибназарон бар ин буданд, ки Тоҷикистон чорае ҷуз ворид шудан надорад, вале гуруҳе бар ин назар буданд, ки вуруди Тоҷикистон бояд бисёр огоҳона ва бар пояи омӯзишҳои хеле дақиқ бошад, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат зери суол қарор нагирад.

Як чиз дақиқ аст, ки муаллифи ин тарҳ Русия мебошад, ҳарчанд ба таври расмӣ ибтикори Қазоқистон муаррифӣ мешавад. Ҳоло баҳсҳо бештар атрофи ин нукта мечархад, ки ин тарҳ як лоиҳаи сиёсии Русия мебошад, то як раванди ҳамгироии табии иқтисодӣ. Баъди сар задани ҳаводиси олами араб, Укроин ва таҳримоти Ғарб алайҳи Русия тарҳи сиёсӣ будани ин иттиҳод мантиқитар менамояд. Аммо муқаррарот ва сабукиҳоие, ки барои давлатҳои узви ин иттиҳод пешбинӣ мекунад, коршиносонро ба он водор кардааст, ки дар мавриди як созмони иқтисодии зарурӣ ва фоидаовар будани он суҳбат кунанд. Аммо аз сӯи дигар Русия тааҳҳудотеро, ки зимни бастани созишномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ медиҳад, на ҳамеша риоят мекунад ва ба онҳо пойбанд мемонад. Аз ин рӯ, нуқтаназари коршиносон дар баҳси мазкур бештар ба воқеият пайдо кардан ва амалӣ шудани муқаррароти ин созмон бо ҳам дар таноқуз буданд.

Вале як чиз ба назар мерасад, ки кишварҳои узв ва ҳазорҳо марказу бунёдҳои Русия ва Қазоқистон барои ҷалби Тоҷикистон ба ин созмон ташвиқоту тарғибот мебаранд. Аммо дар минтақае, ки Тоҷикистон қарор дорад ва муносиботеро, ки бо Чин барқарор намудааст ва ҳамчунин масире, ки барои бархӯрди манфиатҳои Чину Русияву Амрикову Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ нишон дода мешавад, ин тарғибот на ҳамеша манофеи миллии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Шояд аз лиҳози иқтисодӣ ин иттиҳод барои Тоҷикистони имконоти воқеиро фароҳам кунад ва он ҳам ҳоло дар сатҳи имконоте, ки метавонад ин иттиҳод ба вуҷуд биоварад. Вале аз паҳлӯи сиёсӣ масъала хеле фарқ мекунад. Кишварҳое, ки дар иттиҳод пешоҳанг ҳастанд, то куҷо аз усули шарокати баробар кор мегиранд? Чун Русия, муаллифи ин лоиҳа ҳамеша дар муносиботи худ ҳам дар доираи равандҳои ҳамгироӣ ва ҳам дар муносибатҳои дутарафа тааҳудотеро, ки медиҳад аз заифии кишварҳои минтақа истифода карда, онҳоро тағйир медиҳад.

Як намояндаи Маркази Гумилёв аз Маскав дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” гуфт, агар Тоҷикистон ба ин иттиҳод пайвандад, мушкили муҳоҷирин ҳал мешавад, агар напайвандад, муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирин тағйир намеёбад. Ба назар мерасад, барои пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод аз таҷрибаҳои хандаоваре кор мегиранд, ки мисли як кӯдакро ба худ моил кардан ба ӯ қандро нишон медиҳанд. Ман аз нигоҳи сиёсӣ мантиқи ҳамин лоиҳаро аз ҳамин гуфтаи раиси Маркази Гумилёв хулоса кардам...
Мӯҳр
Ташаккури зиёд огои Сулаймони. Рости намедонам ки дар асл шумо мутахасиси кадом касб бошед, аммо хамчун журналист ва хамчун тахлилгар (новобаста аз мавзуъ), тамоми маколахои шумо пур аз мазмун ва диккатчалбкунандаанд. Ба хар хол имруз ба як дам хондани ин ё он маколахои журналистони имрузаи точик хеле душвор аст, аммо маколахои шумо е ин ки сухбатхои шуморо шахсан ман бо як дам мехонам.
Бори дигар ташакур ва барории кор ба шумо хохонам.

мард
Барои Точикистон хамон кадар пилюсь бошад хамон кадар минус хаст!!!

БА АБДУЛЛО
АБДУЛО ВАКТЕ ХУДУТ АКЛУ ДАРКУ МАНТИКИ СУХАНРО ФАХМИДАН НАДОРИ ЧИ ИКА ХУДАТРО САРГАРДОНКАРДА ХАРЧИ ХАРЧИ МЕНАВИСИ
И МАРДАКИ ХУБ ИНКАДАР МАКОЛАИ СИЁСИРО БО ТАМОМ НОЗУКИХОЯШ НАВИШТААСТ ТУ ХУДАТ САВОДКИ НАДОРИ БАД МУАЛЛИФИ ИН МАКОЛАРО БЕСАВОД МЕГИ

Хайрандеш
Хайр! Иршодчон ! худат чи пешниход дори? дорем ягон рохи дигар? Фарк чист ба Амрико сар хам кунем ё ба Чин ё ба Руссия.Бадбахтии мо дпр он аст, ки мо дар давоми истиклолият истиклолияти иктисодиро ба даст овардан натавонистем. ягон конхоро накушодем ягон заводхои коркарди ашёи хомро насохтем Чи кадар заводхо доштем ки молхои бехтприн имстехсол менамуданд.хама валангор."Шояд аз лиҳози иқтисодӣ ин иттиҳод барои Тоҷикистони имконоти воқеиро фароҳам кунад "Ба мо факат иктисодиёт зарур аст.Иктисодиёт балан бошад касе ба сиёсатат низ низ кордор намешавад.Инхо хама бахонаанд. Ана, Туркманистон. На Америка на Хитой на Русси ба у кордоршуда метавонанд

Бародарон ман як чиза аз коментарияхои шумо фахмидам, ки баъзехо маколаро мехонану ягон чиз намефахманд. Чупа чупс якчоя ё чудо нависта мешавад чи фарке дорад. Инчо дарси забон нест. Бояд чизе гуянд.Дар бораи дохил шудан бошад, бояд дохил шавем, чунки мо ягон вакт дар баробари хеч чиз истодагари надорем. Тамоми хаводиси байни руссияву Точикистонро пеши назар биоред. Точикистон кадом вакт истодагари карда тавонистааст. Барои он ки мо рохбарони бесаводу корношоям дорем. Дар бораи лёчикхо ва шартномаи 201-ум, ба хар хол хости Россияро анчом додем. Инро низ бо боварии том мегуям, ки кабул мекунем. Агар фоида хам набошад зарар намебинем. Як чизро фахмед, ки гуломи русу чин ё эрони шудан чи фарке дорад, дар холе ки мо дар ватани худ гулом хастем.

Сафарав
Хеле хуб мешуд агар Точикистон дохили Иттиходи иктисодии АвруОсиё мешуд барои мухочирон собук Мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)