Бахшҳо

Мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ нашудем!

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Агар Ваҳдати миллӣ аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани дигар рақибон, фишор ба озодфикрон, талоши зери фармон даровардани расонаҳо, инҳисори дороиҳо ва сарватҳои Тоҷикистон, гуруҳӣ кардани тиҷорат ва соҳибкорӣ, наздик ба ду миллиён расидани лашкари муҳоҷирин бошад, пас дар мо Ваҳдат вуҷуд дорад. Агар чунин нест, пас мо дар ваҳдатсозӣ муваффақ нашудем!

Вале таърифи Ваҳдат ҳам аз нигоҳи илмию фалсафӣ, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ чизи дигар аст. Мо бо бастани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба ин натиҷа расидем, ки аз ин ки дар ду сангари як ҳадаф қарор дошта бошем, хубтар аст, ки ба ҳам биёем ва хеле зудтар ба ҳадафи асосӣ - рушд додан ва обод кардани Тоҷикистон бирасем. Номи ин рӯзро гузоштем Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Аммо оё дар ҳақиқат ба Ваҳдати миллӣ даст ёфтем?

Тавре мушоҳида мешавад, Ваҳдати миллии мо бештар як лоиҳаи сиёсии намоишӣ буда, дар воқеият мо саргарми таҳкими Ваҳдат не, балки саргарми таҳким ва инҳисори қудрати сиёсӣ ҳастем. ҲНИТ як тарафи Ваҳдат эълон кард, ки баъд аз ин қадар фишору таъқиб ва таҳдидҳо, "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дигар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ надорад”. Агар ин изҳороти ҲНИТ ба маънои даст кашидан аз Ваҳдат бошад, бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Раванди ба сулҳ расидани тоҷикон дар замони тезу тунди қудратхоҳӣ ва манфиатдории неруҳо як падидаи беназир буд. Агар то замони даст ёфтан ба Ваҳдат танҳо худи Ваҳдат муҳим буд, акнун масъалаи арзишӣ ҳифзи Ваҳдат аст. Ҳоло аз ваҳдати намоишӣ расидан ба Ваҳдати миллӣ бар асоси шинохти дурусти арзишҳои миллӣ ва эҷоди давлати миллии ифодагари ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи ҷадид ва дарозмуддат муҳим ва зарур аст. Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ бояд шинохти давлатмардон ва қишри рӯшанфикри ҷомеа аз арзишҳо, суннатҳо ва асосҳову пояҳои фарҳанги миллӣ ҳаммонанд бошад ва он ҳамчун меъёри арзишӣ ва барномавӣ истифода шавад.

Ғояи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар сатҳи ормони миллӣ, имрӯз ғояест, ки сари он ҳеч кадом гуруҳи сиёсӣ ва фикрӣ ихтилофи назар надорад ва дошта наметавонад. Аз ин рӯ ба таври маснуъ татбиқ кардани ғояи Ваҳдати миллӣ дар бофтори ормони миллӣ бе шинохтан ва ба назар гирифтани арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худии тоҷикон кори дуруст намебошад. Аммо мушоҳида мешавад, ки Ваҳдат дар Тоҷикистон мунҳасир ба шахсиятҳо мешавад ва дар доираи қудрати сиёсӣ зӯро ба зӯр ҷой карда мешавад. Идеяи Ваҳдати миллӣ ва ё роҳкорҳои аз байн бурдани хатароти осебпазирии он бояд болотар аз манфиатҳои шахс, шахсиятҳо, қудрати сиёсӣ ва дигар гуруҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ бошад.

Ҳоло дар системаи фикрӣ ва марказҳои тадқиқотию донишгоҳӣ ва ҳамчунин дар сатҳи ҳукумати иҷроия барномаи миллатсозӣ ва ё ҳувияти миллӣ мушаххас нашудааст. Низоми давлатдорӣ ба сӯйи нохудогоҳ пеш бурда мешавад. Арзишҳои зиндаи таркиби ҳувият ва худи тоҷикон, ки дар густураи Ваҳдати миллӣ бисёр моҳиятнок ҳастанд, шинохта нашудаанд. Ношинохта мондани ин арзишҳои зинда ихтилофи фикриро натанҳо миёни гуруҳҳои сиёсӣ, балки миёни мардум ва қишрҳое, ки таркиби ҳувият ва худи тоҷиконро ташкил медиҳанд ба бор овардаст. Бояд ҳувиятҳое нозарур ва қолабие, ки барои шаклгири ҳувияти ягонаи миллӣ халал эҷод мекунанд, мушаххас шаванд ва барномаи хунсо кардани онҳо рӯйи кор оварда шавад. Масалан, ҳувиятҳои маҳаллие, ки имрӯз барғалат ба сифати ҳувияти миллӣ пешкаш мешаванд ва ё ҳувиятҳои фарҳангии собиқаву мурда ва аз таркиби арзишҳои зиндаи миллат берун, аз ҷониби бархе донишмандон ҳамчун роҳкори асосӣ ва барномаи тамомнамои миллӣ пешниҳод мешаванд.

Ваҳдати миллӣ замоне мешавад, ки хостаҳо ва манфиатҳои тамоми гуруҳҳои сиёсӣ бо шумули қудрати сиёсӣ дар он мунҳал гардад. Агар манфиатҳои қудрати сиёсӣ болотар аз арзишҳои Ваҳдати миллӣ қарор бигиранд, дар ин сурат Ваҳдат осебпазир мешавад. Ин як доктринаи илмии исобитшуда аст, ки манфиатҳои қудрати сиёсӣ набояд ба манфиатҳои умумимиллӣ мухолифат дошта бошанд ё болотар гузошта шаванд.

Агар шинохт аз Ваҳдат тағйир накунад ва аносири такмилкунандаи Ваҳдат дар эҷоди Тоҷикистони навин чун арзишҳои муҳим пазируфта нашаванд, марҳилаи тозае, ки барои Ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам шудааст, ба дарозо мекашад ва ҳатто номукин мегардад.
Мӯҳр
амр,
ин касалии ба ном РАК е ин ки БОД аст. табобат намешавад. факат Парвардигор бо амри худ, охиста охиста бо азоби сахт чонро мегирад.

Ба Игвогар ва Сулаймон! Бародарон як бор аз барои Худо аз Душанбе дуртар бароед.Зиндагии сагонаи мардум аз замони чанг низ бадтар шуд.Шумо навбати нони солхои 92-93 ро то кай чун дев ба мардум нишон медихед.Бародарони азиз дар Русия 136 хазор (Танх дар митикаи сбир ва Урал точикон дучорир бемори сил ва дигар маризих хастанд.Дар соли 2014 137 мурда аз Русия омад.Арманичтон барои 3 нафар 1 мох алокаи дипломати ро бо Русия катъ кард. Кани инсоф кани вахдат.Як бор берун бароед.Киргизхо 30 руз ичоазт гирифтанд.Дар тамоми Русия точикро чун саг азоб медиханд.
Ин вахдат нест.Зинда бод Иршод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)