Бахшҳо

Вокуниши Маркази оянданигарӣ ба муроҷиати ҲНИТ: Ин ҳизб аз аввал пойбанди хориҷиҳо буд...

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷиконро бадномкунии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва амали ноҷавонмардонаю иғвоангезона хондааст.

Ин марказ мегуяд Тоҷикистон дар муқобили хатарҳои ниҳоят ҷиддии имрӯза, аз ҷумла дар Афғонистони бо кишвари мо ҳаммарз афзоиш ёфтани фаъолияти гуруҳҳои террористию экстремистӣ, ба сафи чунин гуруҳҳо пайвастани шумораи муайяни ҷавонони тоҷик, таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ, дар шароити муосир на ба иғвоангезию сузандагӣ, балки ба муттаҳидию созандагӣ ниёз дорад.

Дар изҳороти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки унвонии “Озодагон” расид, аз ҷумла зикр шудааст, дар замони истиқлолият ва хусусан баъд аз пойдор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон корҳои азими созандагию ободкорӣ (бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, неругоҳҳои барқӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра) анҷом ёфтаанд, ки нодида гирифтани онҳо номумкин аст: “Дар баробари ин, қадамҳои устуворе дар роҳи демократикунонӣ, бунёди ҷомеъаи озоду солим ва тараққипарвар ниҳода шудаанд. Аз тарафи роҳбарияти Тоҷикистон тадбирҳои муҳим барои ҳалли мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти кишвар, аз байн бурдани фасод ва дигар омилҳои номатлуб андешида мешаванд”.

Дар пайи зикри корҳои анҷомдодаи ҳукумат Маркази оянданигарӣ афзудааст, ҲНИТ, ки худро як ҷониби сулҳи тоҷикон ва неруи сиёсии мухолиф меҳисобад, дар давоми 18 соли баъд аз барқарор гардидани оромию субот дар Тоҷикистон ягон коре барои пешрафти кишвар анҷом надодаасту ягон барномае барои ҳалли масъалаҳои муҳим пешниҳод накардааст: “Дар тамоми ин муддат роҳбарияти ҳизби мазкур бо истифода аз номи дин танҳо супоришҳои хоҷагони хориҷиашонро (ҷиҳати татбиқи манфиатҳои геостратегии онҳо) иҷро кардаанд ва манфиатҳои шахсию гуруҳии худро амалӣ сохтаанд. Таваҷҷуҳи онҳо на ба ободии кишвару мардум, балки ба сарватҷамъкунию ҷоҳталабӣ равона буд”.

Маркази оянданигарӣ мегӯяд, давоми чандин сол масъулони ҲНИТ бо роҳи фиребу найранг аз содагиву ноогоҳии баъзе шаҳрвандон истифода бурда, онҳоро ба ҳизби худ шомил месохтанд: “Вақтҳои охир ба таври оммавӣ аз ҲНИТ ихтиёран хориҷ гардидани бештари аъзоёни он исботи ин гуфтаҳост. Воқеъан мардуми кишвари мо имрӯзҳо дарк кардааст, ки роҳи ягонаи расидан ба ваҳдати комил, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафт нигоҳ доштани давлати озоди демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Аммо мавҷудияти ҲНИТ бо он фаъолияте, ки ҳам замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам баъди истиқрори сулҳ дар амал нишон додааст, барои расидан ба ҳадафҳои мазкури кишварамон мухолифат дорад”.

Инчунин Маркази оянданигарии Академияи улум таъкид намудааст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ пойбанди кишварҳои хориҷӣ мебошад: “Яъне ҲНИТ мисли дигар ҳизбҳои кишвар сирф тоҷикистонӣ набуда, аз аввали пайдоши худ як неруи аз берун идорашаванда аст. Ин ҳизб дар давоми мавҷудияташ ҳамеша аз ҷониби ниҳодҳо ва доираҳои муайяни сиёсию мазҳабии кишварҳои хориҷӣ дастгирии моддию маънавӣ ёфта, манфиатҳои онҳоро амалӣ мекард. Аз ин рӯ, ҳангоми пеш омадани ҳар мушкилие ҲНИТ ба шаҳрвандони Тоҷикистон такя накарда, балки ба созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекунад”.

Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки ҳоло ҲНИТ дар натиҷаи пешрафти кишвар ва огоҳтар шудани мардум таъсири худро дар ҷомеа пурра аз даст дода, тарс аз он дорад, ки комилан аз байн меравад ва дар ин маврид ҳам боз аз неруҳои хориҷӣ мадад хостааст: “Вале ҳамагон, аз ҷумла ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки ҲНИТ муроҷиат кардааст, аз вазъияти воқеии Тоҷикистон ва дурустии роҳи барои рушд интихобкардаи он огоҳанд. Таҷрибаи талхи дастгирии баъзе неруҳои динӣ, ки вазъияти минтақаро солҳои охир ниҳоят хароб кардааст, низ ба онҳо маълум мебошад. Аз ин хотир, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки дар раванди ба даст омадани сулҳи тоҷикон ширкат доштанд, бояд вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақаро ба назар гирифта, иғвоангезона ва беасос будани муроҷиатномаи роҳбарияти ҲНИТ-ро дарк намоянд”.

Дар ниҳояти изҳороти Маркази оянданигарӣ зикр шудааст, ки мардуми Тоҷикистон то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонанд: “Фаҳмидаанд, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна неруҳои динӣ – сиёсии бегонапараст (мисли ҲНИТ) ва ақидаҳои мазҳабии мутаасибонаю хурофотӣ ба даст меояд”.

Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз он нашр шуд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.
Мӯҳр
Тоҷик аз политех
Ҳамон гапе ки АИТ гуфтааст ҳамаш 100 фоиз дуруст аст. ҲНИТ ба рости ки то ҳамин вақт ягон корро барои пешрафти Тоҷикистон анҷом надодааст. ҲНИТ шарм доред ки дини худро дини ислом меҳисобед. Фақат давлатро ноором месозед.

Рустам,
Ту додарам бедор шав аввал баъд сухан гӯ. Ту чашматро кушда бин аввал ки имрӯзҳо то чи андоза илми тоҷик пеш рафтааст. Чи қадар навигариҳо шуда истодааст.

Озодагон илитмос шарҳи ҳамаро чоп кунед.

Мухочир,
То дониш медоштӣ дар дагир давлатҳо муҳоҷири накарда, дар давлати худ умр ба сар мебурдӣ, меҳнат мекардӣ. Гурехта берун аз давлат мегардӣ ба фикру ақидаи дуруст надорӣ

уффф
Академия - хама садай? Ту кори худта кун! Кори ту ихтироот карданай. Кори ту чияй ки ХНИТ ба ки мурочиат кардааст? ХНИТ то ба суди оли мактуби 89 сахифаги навист, ягон кас ба додаш расид? Не! Бехтарин кора кардаст ХНИТ. Бояд СММ Точикистона барои озодихои дини мачбур кунад. Хукумат дар дасти ХХДТ аст на ХНИТ. Чи пешниходхое ки аз чониби ХНИТ ба парлумон мешуд дастгири намеефт, лекин баьди як сол айнан хамон пешниход(копия) аз чониби ХХДТ пешниход ва бе ягон эьтироз кабул мешавад. Ин конунхои хубеки парлумон баровардааст, хамаш аз чониби ХНИТ пешнод ва рад , ва аз чониби ХХДТ пешниход ва кабул шудаан--- боз мегуед ки ХНИТ чи пешниходеро барои пешравии кишвар кардааст.

саид
Э точики политех ту зийода аз 1, 5 милион точика тахкир мекуни ки бесаводан дар мухочиратан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)