Бахшҳо

Вазорат: Ҳар нафаре то охири намоз намеистад, ғайриҳанафӣ аст!

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар сокини кишвар, ки намоз ба поён нарасида, масҷидро тарк мекунад, ҳамчун пайрави равияҳои ғайриҳанафӣ дониста хоҳанд шуд.

Бароталӣ Ҳамитзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.

Ба гуфтаи Ҳамитзода, ҳоло дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.

Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳое алайҳи ришу ҳиҷоб гирифта нашудааст ва иқдомоте, ки роҳандозӣ мешаванд, ба хотири гиромӣ ва нигаҳдошти фарҳангу арзишҳои миллӣ мебошад.
Мӯҳр
Онхое ки тамоман намоз намехонан чи? Барои онхо ягон чазо нест?

Франко- Гарми
Ман пешниход менамоям, ки вкдро ба зертобеи Мукаррамзода диханд. Озоди ташаккур.

Ачиб. Тамоман ачиб!!!

Ё Аллох ма намефахмам барои чи аст ин корхо... Ё Аллох моро ва хокимхоямонро ба рохи рост хидояткунанда бош. ОМИН.

Бо камоли эхтиром аз Баротали Хамитзода ташаккур менамоям ки гами намози мардумро мехуранд. Аммо бояд кайд кард ки дар мазхаби Ханафи на хамаи он чизхоеро муллохои ватанамон ба мазхаб нисбат медиханд мавчуд аст. Масалан дар кучое хондам дар Озоди ё дар Озодагон ки гуё суннатро дар хона хондан нишонаву аломати салафихо бошад. Ёхуд эзори аз бучулак боло. Бо камоли хайрандеши ба намояндагони ВКД ва ба мардуми шарифи Ватан мерасонам ки наинчунин аст. Дар кутуби мазхаби Абуханифа рахматуллохи алайх омадааст: :"Ал аслу фиссунани ваннавофили алманзилу..." яъне асл дар хондани суннату нафлхо манзил аст. Яъне дар хона хондан. Вакте ки дар фатовои оламгирия бахс дар бораи фазилати дар хона хондани суннати бомдод меравад. Дар охирашмегуяд: ва казолика соируссунани. Яъне суннатхои дигар хам хамин хукмро доранд. Дар масъалаи эзори аз бучулак боло бо иттифоки мазохиб аз одоби эзори мард аст. Ва дар китоби Алкабоир и Шамсуддини Захаби рахматуллохи алайх пушидани эзори аз бучулак поён гунохи кабира хисоб мешавад. Албатта чун хар як аз афроди солимфики Ватан тарафдори сулху осоиштагиву амнияти Ватани азизам хастам. Аммо нашавад ки барои як масъалае ки агар тахкик кунем, мувофики мазхабамон аст нисбат ба як намозхоне хукми чазо ё чарима бароварда шавад. Мазхаби Ханафи собиктарин ва бузургтарини мазхабхост! Аммо онро чукур омухтан даркор. Ва инро таъкид мекунам ки на хамаи амалхое ки муллохои мо анчом медиханд мувофики мазхаб аст...

Мардуми шарқ бахусус мардуми мусалмон аҷибанд. Чизеро гуянд кун намекунанд, чизеро гуянд накун мекунанд. Ҳоло мебинем сафи намозгузорон кам мешавад. ВКД агар хоҳи проблемаи РИШу САТРро ҳам ҳал куни онҳоро қонуни кун. Бовар дорам ҳеҷ кас риоя намекунад.

МОШООЛОХ МИЛИСА МУЛЛО ШУДАС wink wink wink wink

Саид
Факат дар намоз ракатхои фарзаш бо чамоат хонда мешавад. Бародарони азиз магар суннат хам бо чамоат хонда мешавад? Ё мазхаби Имоми Аъзамро дигар кардани хастед? Магар дар хамин фасли гармо дар дохили масчид нишастан ва фотихаи умумиро, ки дуоро нисбати хурдтарин шахси мансабдор сар карда то калонтаринаш тул мекашонанд, интизор шудан шарт аст? Фикр мекунам ин як навъ бидъат аст.

собит,
Ба собит! Бехтарин кор кори мазхаб аст ё зидди мазхаб?!!!

Корбар,
сафи намозхонон кам намешавад, балки зиед мешавад, факат як хел банда мумкин дар хонааш бихонад намозашро. на гапи зиеди сапсатаву на кору гапи зиед.

Ҳиҷоб Риш аз кадом мазҳаб¿¿¿¿¿¿¿ belay

Аз Худо битарсед бо Дини Исломбози накунед. Имруз хастед фардо нестед дар пешгохи Аллох чи чавоб мегуед. Вазорати умури дохили хитоб ба шумо шумо агар кароре алайхи ришу хичоб ва дигар арзишхои шариъати Исломи кабул кунед пас бидонед ва огох бошед ,ки Худованди бузург алайхи шумо низ карорхое кабул хохад кард.!!!!

Фарз кардем, ки тахорати одам дар вакти намозаш шикаст. Мачбур аст, ки хеста, барояд. Чӣ, акнун бо тахорат шикастан, одам аз мазхабаш хам баромадаги хисоб мешавад?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)