Бахшҳо

Чаро танҳо худро барои хориҷиҳо меороем?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Шояд ҳамагии мо мушоҳида карда бошем, ки чун замоне аз мо кадом кори ноҷӯре сар бизанад ва ё кадом як амали нангин ё хандадоре содир шавад, ба он мекӯшем, ки аз чашми хориҷиҳо дур бимонад. Мо ҳамеша худ ва хонаи худро пардозу ороиш мекунем то беруниён, хориҷиҳо аз дидани он мутанаффир нашаванд, моро айб нагиранд ва беобрӯй нашавем. Агар ин падида фақат марбути иҷтимоъ мебуда чандон ҷойи нигаронӣ надошт, вале акнун, мо, то ҳатто аз нигоҳи сиёсӣ низ талош мекунем, ки барои хориҷиҳо писанд бошем. Вале талоше намебинем, ки бояд ба худ ҳам писанд бошем, барои худ ҳам ба истилоҳ маъқул бишавем.

Аксари ниҳодҳое, ки Муроҷиатномаи ҲНИТ-ро ба ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон маҳкум карданд як далелашон ин буд, ки ҲНИТ бо ин изҳороташ моро дар сатҳи байналмилалӣ, пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ беобрӯй мекунад.

Збигнев Бжезинский, назарияпардози маъруфи амрикоӣ навиштааст: “Амрико дар муносибат ба шаҳрвандони худ демократитарин кишвари дунёст, вале дар муносибати ба хориҷиҳо бадтарин кишвар мебошад” (гуфтовард мазмунан нақл шудааст). Ва ҳамин тариқ кишварҳои аврупоӣ ва қисми дигаре аз кишварҳои пешрафтаи Осиё ва Амрикои лотин ҳам.

Аз нигоҳи ҳам сиёсат, ҳам иқтисод ва ҳам ҷомеашиносӣ ҳукумат, давлат вазифадор аст, ки дар қадами нахуст барои шаҳрвандони худ шароити лозимро ба андозаи мумкин фароҳам кунад. Давлат масъулият дорад, ки пештар аз хориҷиҳо худро барои шаҳврандони худ писанд кунад, ҳукумат ҳам дар шароите бақои мавҷудияташ таъмин мегардад, ки агар барои шаҳрвандони худ адолат ва истиқлоли фикру амаларо таъмин намояд.

Ин шакли муносибат хоси давлатҳои худкома ва тотолитарист, ки дар баробари шаҳрвандони худ беадолатӣ, нокороии ниҳодҳоро таҳаммул намуда, ҳамеша талош мекунанд, ки дар чашми созмону ниҳодҳои байналмилалӣ “хубу демократик” бошанд. Вале, дар суннати давлатдории мо ҳам собит шудааст, ки то ҳукумат пеши шаҳрвандони худ муҳтарам набошад наметавонад фаротар аз марзҳои худ обрӯй ва имиҷ дошта бошад.

Дар ҳақиқат низомҳои худкома тамоми муносибати нохубро бо шаҳрвандони худ мекунанд ва шароиту рифоҳро барои шаҳрвандони хориҷӣ мусоид мекунанд. Чунин як низом ҳеч вақт низоми коро ва муваффақ намешавад. Аз нигоҳи ҳуқуқию сиёсӣ низ яке аз пояҳои машруъияти ҳама гуна низоми сиёсӣ ва ё ҳукумат ин нигариши мусбати сокинон, гуруҳҳои бузург ва афкори оммавӣ ба институтҳои ҳокимият, эътироф ва машруъияти онҳо бастагӣ дорад. Балзак гуфта буд, ки “ҳукумате, ки мавриди масхарабозӣ қарор мегирад ба марги худ наздик аст”.

Асоситарин унсури он ки ҳукумат дар ғами шаҳрвандони худ бошад ин таъмини адолат дар ҳақ ва ҳуқуқи онҳо мебошад. Дар як давлати мудерну мутамаддин муҳимтарин шарт барои адолат итминон додани мардум аз муҷозот аст.
Ҳоло, акнун интихоб ба ҳукуматдорон аст, ки бештар шаҳрвандон бояд аз онҳо розӣ бошанд ё хориҷиҳо. Ё адолат ба кадом шева таъмин мешавад?
Мӯҳр
Аҷаб замоне фаро расида. Инеки мо забони модарии худро хуб балад нестем, муаллифи мақола гунаҳгор будааст. Каллаи пусидаи мо ки матну, имлои навиштаи Иршодро қудрати қабул кардан надошта бошад, гуноҳи муаллиф аст? Шумо, ки ин қадар босавод ҳастед, чаро ақаллан як мақолаи худро чоп намекунед, ки мо илм ва фахмиши шуморо бо Иршод муқоиса кунем? Ин сафсатагӯие, ки тамоман ба мавзӯи мақола дахл надорад ба кадом хотир бошад? Ман сад дар сад боварӣ дорам, ки кулли шумо ғайбатчиҳо ба ном журналист ҳастед ва бахилии шумо дар бесалоҳяти ва шахсияти пасти шумост.
Иршод бародар, шахсан ман бо ШУМО фахр мекунам!

Галати, Ғалатӣ агар мард мебудӣ ақалан номатро менавиштӣ. Як зарра ҷуръати мардонагӣ ва дониши Иршодро надориву аз матну имлову маъни ҳарф мезанӣ. "Эй касоне, ки ба Худо ва рӯзи охират имон доред ё сухани накӯ бигӯед ё хамӯш истед" ин ҳадис бароят агар мусалмон астӣ. Агар чизе ба сар дорӣ мардонавор ба баҳс даро то бубинем то куҷо мепарӣ.

самар
ин Иршод хамин кадар худро пиар кардестай. сабабаш дар чи бошад, охир ин маколахои ту тамоман мантик надоранд ку

Яъне ХНИТ худро барои ООН оростааст???

амри
Иршод СУЛАЙМОН бахшиш лекин ту ёши барои чунин маколохоро навистан чун, ки чахонбиниат камаст.

Матн галат, имло галат, иншо галат ва билохира маъни галат. Ин Иршод СУЛАЙМОНӢ кай макола навистанро ёд мегирифта бошад. Кадом максадро хози пайргири карда истоааст ба хонанда маълум нест. О кай ба забони дарии точики Шумо навистанро????? ёд мегиред ???

Ин ба истилоҳ навиштаи мураккаб танҳо аз як ҷумлаи фардест, ки бо густохиву бешармии мубтазал (банальный) Иршодро ба бесаводӣ муттаҳам мекунад. Хиҷолат бикаш, бо ин навиштаву иддаъояи саропо тиҳият. Инсоф ҳам чизе хуб аст. Навиштаат комилан ба худат сидқ дорад то ба матлаби Иршод! Кӯри худу бинои дигаро ҳастӣ. Ту бо ин ҷумлаи мамлу аз иштибоҳоти имлоиву наҳвӣ, ки ироа додаи, яқинан сатҳи бесаводии забонии хешро ба намоиш гузоштаи на чизе дигарро! Хоҳиш мекунам бо ин “ дурахшиш” –е забониат дам аз забони дариву тоҷикӣ назан, ки ифтизоҳе дигарерро бор меоварӣ! Бо ҳама костиҳои ҷузъии мавҷуд дар навиштаҳои хабарнигороне чун Иршод, боз ҳам афроде амсоли ту ба хоки

Саид
Бародарони азиз, чаро хама якбора ба мухтарам Галати дарафтодед, охир магар як фард хакки фикри худро баён кардан надорад. Ман аз он мутахаййирам, ки дар хама чо гуиё фабрикаи чавоб хамоно ба кор медарояд, дархол тарафкашиву сангандози. ман Иршодро мешиносам, хуб менависад, аммо нуктахои зиёде дорад, ки мавриди интикод аст ва зарурати ислоху такмил доранд. Бародарон дониш доштан як чиз, аммо забони нобро донистан як хунари дигар аст. барои хамин назари Галати каме шадидоханг аст, аммо мавриди андаша аст. Хадиси паёмбари ислом хаст, ки бехтарин суханварихо ба мисоли чодуст. Агар аз нигохи кавоиди забони меъёрии чи форси ва чи точики матнхои на факат Иршод, балки тамоми мухбиронро тахлил кунем, иштибохоти дагалтарин ва истикрохоту номураттабихоро лак андар лак метавон дарёфт. Бубинед Иршод чи ибораеро истифода мекунад: "...таъмини адолат дар ҳақ ва ҳуқуқи онҳо..."? Адолат худ зарфияти маънавиест, ки хак ва хукукхоро фаро мегирад, пас чи даркор аст жожу мож?
Чи матлаб метавон дарёфтан аз ин сухан чоно,
Само дар зери пову арз мечархад ба гардунхо?
Аз кавоиди сарфу нахв ва услубиёти забон адабии ноби точикиву форси бояд бохабар бошанд, харчанд он кадар забоншиносони сутуда ва баргузида зиёд надорем, аммо метавон аз касоне маслихати тахриру тасхех бипурсид:
Аклхоро аклхо ёри дихад,
Машварат идроку хушёри дихад.

asozoda
тарафдор,
tu agar zaboni huda nadoni ba in Irshod gunahgor nest!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)