Бахшҳо

Сардори амнияти Бадахшон: Ифротгароӣ натиҷаи нуфузи “нимчамуллоҳост”

Нусратулло Мирзоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сабаби пайдоиш ва афзоиши ифротгароию амалҳои номатлубро ба боло рафтани нақши “нимчамулоҳо” дар ҷомеа марбут донист.

Мирзоев рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки “агар 20 соли пеш мардум барои маслиҳатгирӣ пеши омӯзгор мерафт, ҳоло пеши нимчамулоҳо ё руҳониёне мераванд, ки дар кишварҳои арабӣ таҳсил карда, дониши хуби динӣ ҳам надоранд”.

Ӯ дар ин конфронс аз поин рафтани нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароию амалҳои номатлуб бояд дубора нақши омӯзгорро ба ҷояш баргардонд: “Имрӯз қариб дигар сухани омӯзгор қадр надораду насиҳати падару модар ва пиронсолон беарзиш гаштааст”.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон вазъи озодии баён ва пайравӣ аз динро дар кишвар озод хонда, ба сифати далел фаъолияти беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар Тоҷикистонро мисол овардааст. Ӯ афзудааст, ки агар аз соли 1943 то соли 1988, дар зарфи 45 сол дар Тоҷиистон ҳамаги 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиду 15 калисо фаъолият мекард, имрӯз шумори иттиҳодияҳои динию масҷидҳои кишвар ба 4 ҳазору 12 адад расидааст, ки нисбат ба теъдоди мактабҳои миёна дар қаламрави ҷумҳурӣ 176 адад зиёд аст: “Албатта, худи ин нишондод аз озодии виҷдону пайравии дин дарак медиҳад”.

Мирзоев дар идома ба гаравиши ҷавонони тоҷик ба саффи гуруҳҳои ифротӣ дахл карда, таъкид кардааст, ки то ҳол ҳеч нафаре аз ин минтақа ба ҷангҳои Сурияву Ироқ нарафтааст.
Мӯҳр
Салом ба хамагон. Ман дар шахри Венаи давлати Австрия зиндаги мекунам ва дар кучае, ки ман зиндаги мекунам дар радиуси 300 метр 3 масчид чойгир хаст. Ва ин масчидхо ба сатхи тарбияи мардум ягон камбуде ворид накардаанд ва нахоханд кард. Масчиду мулло ин бахси сохтаи сирф точикист. Дар ягон мамлакати дунё чунин бахси аблахона вучуд надорад. Масалан, дар хар кучаву дехахои Аврупо садхо Калисои масехи аст ва такрибан хамаи онхо 6 руз дар як хафта дархояшон баста аст ва танхо рузи якшанбе якчанд пиронсолон он чо чамъ мешаванду халос. Ва касе то хол пешниход накардааст, ки ин калисохоро бандед ё чои ин калисохо маркази фарханги ташкил кунед. Ин акида камоли беаклист. Чунки дину диндори хам нишона аз фарханги як кавму мардум мекунад. Хулоса казоват ба шумо.

афанди
Дарег АСТ бо сифла гуфтан улум,
Ки зоеь шавад тухм дар шурабум.
Холо хам нафахмидед,ки айб дар ош аст ё дар мош!

Назрулло
Бародари азиз Исмоил, нисбати зикри иштирок доштан ё надоштани чавонони Бадахшон дар сафи Давлати исломии Ироку Шом, ба хусус Сурия иштибохи махз аст. Ман худ дар чорабинї иштирок доштам. Дар баромади сардори амнияти Бадахшон чунин нуктахо чой надоштанд. Дар конфронси гузашта оиди иштироки чавонони Вилояти мухтори кухистони Бадахшон дар чангхои Сурияву Ирок чанд нафар ва чи микдор иштирок доранд ном ба ном гуфта шуда буд. Ман хамчун як муштарии сомона гохо аз хабархои галати сомона норохат мешавам. Агар бароятон зарур бошад ман онхоро ба шумо номбар мекунам. Албатта, ин чо на иштибохи Шумо,балки иштибохи чиддии масъулини сомонаи "Озодагон" мебошад.Ман ин сомонаро бисёр вакт мутолиа мекунам.вале бисёр вактхо ба хатогихои чидди рох дода, дар нашри хабару гузоришхо хонандагонро гумрох мекунад. Аз ин чихат аз бародар Исмоил хохиш мекардам, ки хангоми хондани матолиби сайти мазкур бодиккат бошанд. Аз масъулини сомона мехостам, ки бори дигар гузориши худро омузиш ва санчида,барои хонандагон шакли дурусташро пешниход кунанд. Охир дуруг хам хадду канор доштагист-ку. Э шарм доред-е.

Назарзода
Шарху тафсирњои хаводорони сомонаро хондам,фикрхо гуногун. Вале на ба хамаи онхо рози шуда метавонам. Ба хусус дар мавриди чалб ва иштирок накардани чавонон дар гурухи Давлати исломии Ироку Шом, минчумла Сурия. Дар хар як чорабинии марбут ба ифротгароиву экстремизму терроризм, ки дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор мешавад, шахсан иштирок кардаам. Лекин аз забони ягон иштирокчии конфронс то хануз нашунидаам,ки иштироки чавонони вилоятро дар гуруххои хунхору террористии ДИИШ-ро инкор карда бошанд. Чи расад, ба масъули амнияти, ки борњо дар хусуси иштироки дакики онхо аз хисоби чавонони вилоят дар суханорнихои каблиаш бонги изтироб задаву волидон ва ахли чамоатчигиро ба хушёриву эхтиёткори даъват карда буд, гуфтахои каблиашро инкор кунад. Бахусус ахли конфронс, шахсан худи ман суханронихои сардори амннияти Бадахшон Мирзоев Нусратуллоро бо диќќат гуш додем.
Номбурда дар ягон чой оиди иштирок надоштани чавонони ВМКБ дар чангу хунрезихои кишвархои бегона хатто ишрае хам накарда буд. Баръакс амалхои ифротгарои, бегонапарстии чавонон, экстремизму терроризм ва дигар кирдорхои зишти эшонро махкум намуд. Зеро «офтобро бо доман пушонида намешавад»- мегуянд мардум. Бе мо хам хамагон медонанд, ки кихо дар он чанги бемаъни иштирок мекунанд. Чалби чавонон ба ДИИШ имруз чун бемории саратон дунёро фаро гирифтааст, ки мутаассифона теъдоде аз чавонони вилояти мо низ аз он эмин нестанд. Агар шумораи мушаххаси фирефташудагони дар сафи гурухои терроистиву хунхори ДИИШ ширкатдошта, бароятн зарур бошад, шахсан ман метавонам бароятон пешкаш кунам…

Илхоми ширин
Эй бародархо мо гуруснаем аввал нон дихед.Баъд ин гу на масъалахоро барраси кунед......Гушна ба шер задааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)