Бахшҳо

Саидзода: Нишони Шӯравиро аз Душанбе меканем (ВИДЕО)

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро дар маркази Душанбе ҳамчун ёдгории меъмории замони шӯравӣ нигоҳ доштаанд.

Масъулини ин Кумита 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва нишони замони шӯравӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст: “Ин герб хусусияти хоси меъмории замони шӯравиро дорад ва як гӯшаи таърихӣ аст”.

Нуралӣ Саидзода, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ин робита илова намуд, ки нигоҳдории нишони шӯравӣ муваққатӣ аст: “Вақту соаташ расад, мо онро аз миён мебардорем”.

Нуқтае, ки дар он сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси Тоҷикистон Шӯравӣ насб шудааст, маркази шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
Рачабак
Агар акаи калони Путин фахмад ки Герби союзира меканен хафа мешава Барои хамин эхтиет кунен .

чошда я дарахтаки зардолу шиноне хубтару фойдаш бисьертарак мешава ягун иностраниц мегзара кисахакоша пр мекнаву ба ватанш мерававу таьриф мекна мора мора ба мешносан да чахон ай руи хами зардолувакмон ба мо давлати бойи пешрафта мешем насиб

Шарҳҳоро мехонаму ангушти ҳайрат мегазам. Ин чӣ тафаккури ғуломона аст дар халқи тоҷик? Ҳамаи ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ думболи мустаҳакам намудани истиқлолияти хешанд. Дар Ӯзбакистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон ин гуна иқдоми шаҳрдорӣ ҳатто муҳокима намешавад. Ҳама саргарми сохтани давлати миллианд. Фақат тоҷикон дар ҳасрати Шӯравӣ мондаанд ва дар ишқи он оҳу воҳ мекунанд. Магар вақти он нарасидааст, ки ба гузашта салавот хонда аз паси беҳбудии зиндагӣ гардем. Агар он давлат чунон абарқудрат мебуд, аз байн намерафт! Ин рост аст, ки Душанберо шӯравиён сохтаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки чанд шаҳри қадимаи моро насиби дигарон кард Шӯравӣ. Мебоист, ки Самарқанд пойтахти тоҷикон мешуд, вале нашуд. Чаро? Зеро бо ин русҳо ғурури тоҷиконро шикастанд. Моро ба ҳеч баробар карданд. Барои мо пойтахти нав сохтанд, лекин дар он худашон зиндагӣ мекарданд. 90% аҳолии пойтахт рус буд. Шаҳр месохтанд ва дар он худашон соҳибхона мешуданд. Шӯравӣ ба мо бисёр чиз дод, вале аз он бештар гирифта буд. Аслан ин айби ҳукумати имрӯза аст, ки то ҳол баъзеҳо барои Шӯравӣ меноланд. Зеро ин ҳукумат ба мардум чизи беҳтареро фароҳам оварда натавонист. Ба тоҷикон пешвое мисли Мӯсо (А) даркор асту 40 сол дарбадарй! Алъон фақат 23 сол гузашт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)