Бахшҳо

“Шаҳри бехатар”: Қоидавайронкуниҳои Фарзона, Шабнам, Афзалшоҳи Шодӣ ва дигар ситораҳо...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қоидавайронкуниҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар додааст, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз ҷониби ронандаи автомашинаи "Рэнҷ–Ровер" аломати қайди давлатиаш 0007 ВР 01, ки ба Фарзонаи Хуршед тааллуқ дорад, аз 15 ноябри соли 2013 то 23 июни соли 2015, 23 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гардидааст: “Барои 18 ҳолат Фарзонаи Хуршед 4990 сомонӣ ҷаримаро ба буҷаи давлат супорида, ҷарима 5 ҳолати дигар ҳанӯз пардохт нашудааст”.

Ба иттилои манбаъ, бо автомашинаи тамғаи "Порше-Кайэн" аломати қайди давлатиаш 0008 ВВ 01, ки ба Шабнами Сурайё тааллуқ доштааст, аз 01 феврали соли 2014 то 04 августи соли 2015, 8 ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир гардидааст, ки ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.

Ин ниҳод афзуд, Афзалшоҳ Шодиев низ бо автомашинаи тамғаи "Тойота-Лэнд Круйзер" аломати қайди давлатиаш 6262 АС 01 аз санаи 03 ноябри соли 2013 то 07 августи соли 2015, 27 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 12 далели қоидавайронкунӣ 2560 сомонӣ ба буҷаи давлат супорида шуда, ҷарима 15 далели боқимонда ҳанӯз пардохт нашудааст”.

Шаҳроми Абубакр бо автомашинаи "Тойота-Королла" аломати қайди давлатиаш 0010 СО 01 аз 23 октябри соли 2014 то 02 июли соли 2015 дар 15 ҳолат ба қоидавайронкунӣ роҳ додааст: “Барои 4 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, Шаҳроми Абубакр 700 сомонӣ пардохт карда, маблағи 11 далели дигар ҳанӯз ба буҷаи давлат ворид нашудааст”.

Инчунин бо иштироки "Лексус-GX470" аломати қайди давлатиаш 7111 AD 01, ки ба Гулрӯ Табарова тааллуқ дорад, аз 25 январ то 07 июни соли 2015, 3 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудаанд, ки маблағи он ҳанӯз пардохт нагардидааст.

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик низ, ки соҳиби "Тaйотоа-Королла", аломати қайди давлатиаш 6600 АТ 01 мебошад, аз санаи 02-юми ноябри соли 2013 то 01 августи соли 2015, 19 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудааст: “Барои 4 ҳолати қоидавайронкунӣ Меҳрнигори Рустам 840 сомонӣ ҷарима супорида, маблағи 15 далели боқимонда носупорида мондааст”.

Аз Вазорати умури дохилӣ илова карданд, ки бо автомашинаи тамғаи "Мазда-СХ7", аломати қайди давлатиаш 8686 ВА 01, ки ба Сарвиноз Юсуфӣ тааллуқ дорад, аз санаи 01-уми декабри соли 2013 то 22 июли соли 2015 - 8 далели вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир шуда, ҷаримаи он то ҳол пардохт нагардидааст.
Мӯҳр
лахзахои ногувор давом дорад, бху бгард, дигар чои гап нест

хамватан,
хамватан,
Озодагон:Илтимос ягон суратои зебошона монен,як суратоеро нишон метен ки фикр мекуни аз кинохои ужас гирифта бошен.

Афзалшоҳи Шодӣ ҳамеша насиҳатгар асту боз худаш ҳам беодоб
будааст- ку. Ё
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд........................

Назар,
....кори дигар мекунанд!

и иждов довлако мошинои зур доштияну акли кам неки

Хамихел гапои хубу фактхои ошкоро гуфта будам чоп накардед маълум ки аз тарафи шахри бехатар пул туфа меггиред.

Naimjoni Saidali
Ана реклама! Ритми ин сарояндахо паст шудаги зур думать кадиян

матин
конун барои камбагалай беинсофо хамара бо як чашм нигох кунен

БЕХРУЗ
Ба фикри ман бошад ин хофизхо пулашон бисери мекунад борои хамин бисер коидахоро риоя намекунанд...

Диловар
Ин хофизора худи мансабдорон эрка кардагиян дар туйхошон хизмат мекунанд баъд меган бепарво бгард касе гам бта ман хал мекунам ана окибатш

дима
онхоро инхелам чарима кардан даркор сурудои худашон эчод накардагиро месароянд ДУЗДОРО ЧАРИМА КАРДАН ДАРКОР

ман апаи Меҳринигорро чи хел ёбам ман як муқлиси ашадии ӯ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)