Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: Боздошти ҷавони тоҷик, ки бо як зарба раиси “фанат”-ҳоро беҳуш кард

Мақомоти умури дохилии вилояти Челябинск аз боздошти Комил Ҷамилов, зодаи 22-солаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад, хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷамилов шаби 11 ба 12-уми август дар пайи амалиёти муштарак бо кормандони хадамоти федералии амният - “ФСБ” боздошт шуда, дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хокейи “Трактор”-и Челябинск айбдор мешавад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, қазия соати 4-и субҳи 4-уми август дар пеши майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.

Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов дар Челябинск истиқомат дошта, муҳорибаҳои будину қоидаро машқ мекардааст.

Мақомоти умури дохилии Челябинск мегӯянд, тафтиши парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.


ВИДЕОИ МУНОҚИША:



АКСУ ВИДЕО: Боздошти ҷавони тоҷик, ки бо як зарба раиси “фанат”-ҳоро беҳуш кард

АКСУ ВИДЕО: Боздошти ҷавони тоҷик, ки бо як зарба раиси “фанат”-ҳоро беҳуш кард

АКСУ ВИДЕО: Боздошти ҷавони тоҷик, ки бо як зарба раиси “фанат”-ҳоро беҳуш кард
Мӯҳр
ормон
Кучо шер аст, ки соати 4 сахар инаш хам аз майхона баромадааст?

Бародар
Ин масъаларо сахт дидан даркор ки чи хел дида мебароянд дар кулоб чи кор шуд аз тарафи русхо мардум бетарафиро нагиред ин марди майдонро бояд дастгири кард охир хозир факат конунхои нонавишта бисёр дар русия амал мекунанд мо дар Душанбе хаки русро ту гуфтан надорем ку

Бародар,
Аз оне ки "мо дар Душанбе русҳоро "ту" гуфта наметавонем, ин аввал айби ҳукумати Тоҷикистон, баъд айби худи халқи тоҷик аст. Мо русҳоро болои сар бардошта, аз онҳо эркатултутиё сохтем. Ҳамин аст, ки то ҳол онҳо дар Тоҷикистон худро аз тоҷикон баланд меҳисобанд, дар кӯю кӯча ва бозорҳо бо тоҷикон ҳануз ҳам русӣ ҳарф мезананд. Забони давлатиро эҳтиром намекунанд. Мардум бошанд, ба ҷойи онки ба онҳо тоҷикй ҷавоб диҳанд, росту дурӯғ канда-канда русӣ гап мезананд.

дуст
Зур дар майдонб шумо хар хел гувурих реклама накунед. Зур дар майдони баромада номи точик мебардорад. На инки як лапух мезана худша кахрамон мегира. Аз дасти ана хамин гувурих точикхоро хама шум мебина. Боз падхалимхо рекламаш мекунанд.

Zarbai be ogohi,zarbai nomardist!!!!

Zarbai noguvor,nomardist!!!!

Мухочир
Офарин!!!Хубш кади.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)