Бахшҳо

“Кортеж”-и тӯёнаи бародари Шаҳроми Абубакр бо 21 мошин

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар идомаи силсилаиттилоияҳои худ дар мавриди қоидавайрокунии сарояндаҳои тоҷик аз “кортеж”-и тӯёнаи хонаводаи овозхонҳои шинохта - Азизовҳо хабар додааст, ки 21 мошини гаронарзишро дар бар мегирад.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи масъулини Вазорати умури дохилиии кишвар, қатори мошинҳо дар тӯй набояд зиёда аз 4 адад бошад, дар “кортеж”-и тӯйи домодии Баҳром Азизов - бародари Шаҳроми Абубакр, сарояндаи тоҷик 21 мошин ҳаракат мекарданд, ки боиси эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва роҳбандиҳо гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, тӯйи домодии Баҳром Азизов рӯзи 6 августи соли равон баргузор шуда, дар қатори мошинҳои тӯёнаи ӯ тамғаи "Range Rover" рақами қайди давлатиаш 60-07 ВА, тамғаи "Галингваген" рақами қайди давлатиаш AH 00-10 РТ 01, "Лексус-Ҷип" рақами қайди давлатиаш 60-14 ВМ 01, "Порше" рақами қайди давлатиаш 74-74 AM 01, "Галинваген" О1-01 СХ 01, "РАВ-4" 11-00 ВК 01, "Тойота-королла" 56-85 АВ 01, "Range Rover" 21-00 АХ 01, "Тойота-Лендкрузер" ХК 963 01, "Тойота-королла" 80-40 DD 01, "Лексус" 00-93 АК 01, "Тойота-кэмри-4" 45-54 АО 01, "Порше" 66-66 ВН 01, "Мерседес классик" 00-10 АМ 01, "Ҷип мерседес" 00-83 АР 07, тамғаи "Тойота-кэмри" 48-38 ВС 01, тамғаи "Мерседес МL" рақами қайди давлатиаш 00-08 АР 07, тамғаи "Мерседес МL" рақами қайди давлатиаш 00-07 ВК 01, тамғаи "Галинваген" 61-61 АМ 01, ду автомашинаи дигари тамғаи хориҷӣ рақамҳои 19-09 СВ 01 ва 06-85 ЕВ 01 ҳаракат доштанд.

Масъулини Вазорати умури дохилии кишвар гуфтаанд, ҳоло алайҳи соҳиби ин тӯй ба иттиҳоми нақзи талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маводҳо таҳия ва ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳод бо иттилоияҳои ҷудогона аз қоидавайронкуни ситораҳои эстрадаи тоҷик -- Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Афзалшоҳ Шодиев, Меҳрнигори Рустам, Шаҳроми Абубакр, Гулрӯ Табарова, Манижа Давлатова, Низияи Кароматулло, Зулайхо Маҳмадшоева ва Сарвиноз Юсуфӣ хабар дод, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ба қайд гирифта шудаанд.
Мӯҳр
Хуррамшах,р
Озодагон барои хач,агони хорич,и хизмат карда х,арчанд набошад аз х,авои Точ,икистони азиз нафас мегиред. Номи ТОЧ,ИКИСТОНРО ДУРУСТ НАВИСЕД!!!!!!! Аз Кай боз ТОЧ,ИКИСТОНИ АЗИЗИ МО ТОЧ,ИКИСГОН шудааст.

Ба ман маълум аст, ки дар яке аз тӯйҳои муқаррарӣ дар ноҳияи Ваҳдат намояндагони "танзим" дастархонҳои сари дасти занҳои меҳмонро ҳангоми баромадани онҳо аз тӯйхона як-як кушода тафтиш кардаанд. Барои чанд пора матое (материал), ки ёфтаанд, соҳибхонаро ҷарима кардаанд. Дар ҳамон ноҳия дар як тӯй барои таҳияи хӯрок дар ду дег соҳиби тӯй 1500 сомонӣ ҷарима гардидааст. Бояд гӯфта шавад, ки ҷосусони "танзим" қатори меҳмонони нохонда оҳистаакак ба тӯйхонаҳо медароянд ва маълумот мечинанд. Аксар вақт соҳибони тӯйи ашхоси миёнаҳол ва камбизоат бо кӯчактарин камбудӣ муҷозот мешаванд. Ин дар ҳоле ки вузарою кубаро ва ситорагони дар мақола зикргардида ҳамоно тӯй ва маъракаҳои пурдабдаба баро 300 кас ва аз он ҳам зиёд доир мекунанд. Аз ин бармеояд, ки қонун на барои ҳама, балки танҳо баро мардуми одии камбағал нависта мешавад. Ин дар гузашта ҳамин тавр буд, ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Сад афсус!

и иждов довлако мошинои зур доштияну акли кам неки иждов довла иждов дов тамом хамика медунан не бо тррраст меларзунан хаму чохошона

Хечгапне ман Худохохад 100 мошин карданиям!!!

Хечгапне ман Худохохад 100 мошин карданиям!!!

Ozod
Ozodagon Tamgahoi moshinora durust navisen

БЕХРУЗ АЙНИ
Ман ба фикри ин бародархо розиам бигзор чарима кунанд инхел инсонхоро...ш Душанбе,

Кандша зана мо да ML Бдем ) wink smile

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)