Бахшҳо

Тураҷонзода дар бораи қулфовезии ошиқон ва навхонадорон

Эшони Маҳмуд, руҳонии шинохтаи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо амали бархе аз ҷавонону навхонадоронро, ки ба хотири пойдории ишқу муҳаббати худ ба якдигар қулферо муҳкам карда, калиди онро дур меандозанд, ғарбгароӣ ва хуруфот хондааст.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли Акбар, корбари торнамои хонаводагии Тураҷонзодаҳо - Turajon.org, гуфтааст, “ин амал як навъ хурофот мебошад, ки ҳеч асоси шаръӣ надорад ва тақлид ба олами Ғарб аст, ки мутаассифона ҷавонони миллати мо кур-курона пайравӣ аз дигар миллат мекунанд”.

Эшони Маҳмуд аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки вақтҳои ахир баъзе аз нафарон пайравӣ аз паёмбару Худои худро канор гузошта, ба миллати ғайримусулмон пайравӣ мекунанд: “Ба зоҳири онҳо дода шуда онҳоро пешво ва қудваи худ қарор додаанд. Ҳарчиро онҳо писанданд, меписандад ва ҳарчиро бад гӯянд, бад мегӯянд”.

Ба гуфтаи ӯ, мусулмон бояд ба ҷои пайравӣ аз фисқу хуруфот ба илми мардуми Ғарб таваҷҷқҳ намояд: “Мусалмонҳо бояд бидонанд, ки илм марзу бум надорад ва асри тақаддуми технологӣ ба дин, урф ва анъанаҳои онҳо иртиботе надорад. Имрӯз, ки онҳо байрақбардори илм ҳастанд, пас аз онҳо илм бигиред, на фисқу фасоду хурофоташонро. Худо нигаҳбонатон бошад”.

Ин посухи Тураҷонзода дар ҳолест, ки ҳоло дар маркази шаҳри Душанбе барои овехтани қулфҳо сутуне қад афрохтаву ошиқон ва навхонадорон «барои як умр гарм мондани хонаи ишқу муҳаббати хеш» қулферо дар он овезон карда, калидашро дур мегузоранд.
Мӯҳр
Озодагон, чаро шумо шархи маро дар ин сомона чой надодед ? Пас шумо Озодагон нестед, Ноозодед. Хайфи вакти сарфкардаам !

анти-фанат,
Бародари азиз Аллох хидоятат кунад. Оё ту медони ки ширк чист? Ширк яъне ба Худо шарик овардан. Ягона гунохе ки дар Куръон Худованд намебахшам гуфтааст, ширк аст. Ана хамин куфландози ширк аст. Яъне хушбахти, саодат, мухаббат, ... хама чиз дар дасти Аллох аст. Чавононро дар рузи бунёди оилаашон мушрик карда истодаанд. Пас уламои дин сукутро ихтиёр кунанд? Аз номат маълум ки ту зиддидин хасти ё зидди уламои дин. Ту баринхо агар дар чомеа бисёр шаванд, никохи мард бо мард зан бо зан ичозат мешавад. Пеши Аллох тавба кун!

ХОКИМ,
Хокимчон ба ту дилам месузад ширкро хуб гуфта истодаи. Яъне бату саодатро аз куфл медонию аз калид. Афсус. Дар бораи ширк мутолеъа кун Хокимчон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)