Бахшҳо

Миллат ва номус

Азизи НАҚИБЗОД

Он гоҳ, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, замони фаношавиаш оғоз мегардад.

-Мулло ришро тарошидед ё тарошиданд? Ин суоли беҷоро ба фурӯшандаи ошноям, ки дар бозори Корвон тиҷорат мекунад, додам.
-Тарошиданд! Бо сари хам ҷавоб медиҳад.
Аз суоли ноҷои додаам пушаймон шудам. Чун ман ин ошноямро ҳич гоҳ сархам надида будам. Ӯ як марди пурғурур ва сарафрозе буд. Чун ҳалол кор мекард ва ҳалол мехӯрд баҳонае барои сарафканда шудану сархам будан надошт. Аммо ин бор, ки ришашро бидуни хоҳишаш ҷабран тарошидаанд ва дар дуроҳаи интихоб ночор монда, ки ришро ихтиёр намояд ё ризқи фарзандонашро, ғуруршикаста менамуд.
Чун нахостам, ки беш аз ин хиҷолат кашад, роҳамро давом додам.

-Аппа “имиҷро дигар” кардаед? Ин пурсишро як ҷавон ба фурӯшандазане дод, ки ҳамеша руймоли калон мебаст. -Чи илоҷ, додар бо рӯймоли калон намегузоранд, кор кунем. Зани бечораро эҳсоси шарму ҳаё пахш карда кушиш мекард бо гӯшаи руймоли пуштисарбастааш ҷойҳои урёни танашро пӯшонад.

Намедонам мақомот аз роҳандозии ин маърака чӣ мехоҳад ва аз ин амал чӣ натиҷае ба даст оварданист. Ё аслан ин кор чӣ маънӣ дорад?
Мақомот ин иқдомашро мубориза бо фарҳанги бегона (фарҳанги афғониву арабӣ) тавҷеҳ медиҳад. Аммо онҳое, ки дар кӯчаву бозор ба рӯймоли хоҳарон ва риши бародарони ҳамватану ҳаммилатамон дахолат мекунанд оё аз фарҳанги миллат бӯе бурдаанд? Оё аҷдодони мо риш намегузоштанд ва модарони мо ва бибиҳоямон рӯймоли калон намебастанд? Ин ки риштароширо ба кишвари мо русҳо оварданд ва то кишвари моро забт кардани русҳо ҳеч тоҷике риш наметарошид ва ҳеч зани тоҷик сарлуч намегашт, ҳақиқати маҳз аст ва ҷои баҳс надорад! Пас чаро бедалел мегӯем, ки ин амалҳо фарҳанги арабу афғон аст?

Беш аз ин дар фарҳанги тоҷик ҳаққи дахолат ба либоси як занро танҳову танҳо падару бародар ва шавҳараш доранд. Дар фарҳанги миллати ман дахолат ба либоси зани бегона дахолат ба марзи нангу номуси хонаводааш ба ҳисоб меравад. Пас иқдоми рӯймолкашии мақомот чи фарҳангест? Ба кадом фарҳанг хос аст? Дақиқан фарҳанги тоҷикӣ нест. Намедонам, онҳое, ки пушти ин “амалиёт” менишинанд чӣ шинохте аз фарҳанги миллати мо доранд, вале ба назари ман бидуни ихтиёр ва ҷабран рӯймоли як занро кашидан фарҳанги барбарист!

Таърихан ҳич гоҳ миллати ман чунин корро накардааст. Ҳатто русҳо ки беш аз ним аср дар кишвари мо ҳукмронӣ мекарданд ва барои аз байн бурдани фарҳанги миллати мо мубориза менамуданд, ҳеч гоҳ руймоли зани тоҷикро иҷборан накашида буданд ё риши тоҷикеро маҷбурӣ натарошидаанд.
Аз ин амалиёт ҳеч суде нест. Натиҷааш ба ҷуз шикастани ғурури миллат ва тарсуву беғайрат сохтани он наметавонад бошад. Дахолат ба либоси зан дахолат ба ҳарими хусусии шахс, дахолат ба нангу номус ва ҳайсияти инсон мебошад. Худ тасаввур кунед, вақте дар маҳзари ом корманди мақомот рӯймоли ҳамсар ё хоҳари шуморо аз сараш бигирад, чи эҳсосе ба суроғатон хоҳад омад? Магар ифтихор мекунед? Дар фарҳанги миллати ман дар ин ҳол кас худро шарманда ва таҳқиршуда меҳисобад.

Замоне, ки миллат ғурурашро аз даст медиҳад, вақти фаношавиаш оғоз мегардад. Вақти ҷанги дохилӣ то ҷое ғурури миллатамон осеб хӯрд. Натиҷааш ин шуд, ки чеҳраи тоҷик ба “Равшану Ҷамшуд” мубаддал гардид. Дар хотир бояд дошт, ки шахси беғурур на аз худ на аз хонавода ва на аз Ватанаш ҳимоят накардаву намекунад. Аз ин рӯ набояд бо ғурур ва номусу ҳайсияти мардум бозӣ кард! Мақомот боястӣ марзбони нангу номуси миллат бошад, на марзшикани ҳайсияту ғурури миллат.
Мӯҳр
Ояндабин,
Ояндабин
ояндабин! Хуб беандеша будаи! Ту чаро як бор намегуи ки румолу сатру риш ба пешрафти илму прогресс чи зарар дораду миниюбкаю ни мбарахнаги чи фоида. Агар ту медонисти ки максад аз офариниши махлукот чист, харгиз акидаат инчунин намешуд. Афсус ки мисли ту баринхо бисёранд!

Юсуф
Ватан,
Барои хамин номатро пинхон карда аз номи ВАТАН гап мезани, ТАРСУ?

яАли
Ояндабин ту мехохи ронхои пои занатро дигарон тамошо кунанду гуянд кош дар багали ман мебуд .АНА НОМУСИ ТУ

Ояндабин
Ба оқсақол ва вай барин бесаводҳо! Бародарон агар мусулмониро мову шумо фақат дар ришу либос бинем вой бар ҳоли мусулмонии мо, вой бар ҳоли донишу фарҳангу маърифати мо. Ин ҳамааш чизи зоҳирӣ аст. Мусулмони ҳақиқӣ бояд ботинан тоза бошад. Дилу диёнатамон пок нигоҳ дорем, шумо барин зоҳирпарастӣ накунем, ана ин аст мусулмони ҳақиқӣ.

Дарёдил
Шархи сода, мардуми ва намакин аст!

Мушовир
Ояндабин ШУМОБАРИН ОЯНДАБИНХО ТОЧИКИСТОНА ХАРОБ КАРДЕД АГАР ВАЪЗ ХАМИН ХЕЛ ДАВОМ КУНАД ТОЧИКИСТОН РО ЧАНГ ИНТИЗОР АСТ .

Абдуллох
Ба ояндабин. Шумо дар симои худ тамоми мардумро набинед. Суханро санчида баëн кунед то сабаби хандахалич шуданатон нагардад. Шахсан барои ман руймоли оилаам номуси ман аст. Масъалан хамон либоси тахпуши оилаи шумо бароятон номус аст , аммо барои мо хамон руймол номус аст. . Чигуна ки касе ба тахпуши оилаи шумо дахолат кунад кахратон меояд ,мо низ барои дахолати руймоли занхоямон газабнок мегардем.
Дар охир як мисра : ... Марди бегайрат чи донад киммати номусро.
Озодагон модомки харфхои подархавои Ояндабинро нашр кари аз маро низ нашр кун.

Нозия
Бародарони азиз, Шумо ин қа Ояндабин ба начаспед, зеро ки гапҳошон ба пуррагӣ дурустанд. Агар Худоинохоста одобу ахлоқу маърифати занҳотон коста боша, ягон сатр, фаранҷӣ ва ё либоси сияҳ ёрдамшон намена, Худо худи занакҳо да инсоф битиҳа, ага не ин сияҳпушонии шумоҳон онҳора фоида намена. Аз тарафи дига занак чи қа басавод боша ҳамонуш хубай. Занакҳои бемаънӣ дар ҳамаи ҳолатҳо коршон мекунан, ё аз янгаҳо дилҳотон пур не мӣ я Али?

Абдуллох
Ташаккур ба муаллиф ! Дарди дили миллатро навиштед.
Журналистони мухтарам ва касоне ки каламбадаст хастед , навиштахои боло намунаи ибиат аст.

Зинда бод Азизи азиз!
Аз дидао асаби мешаваму аз навиштахои шумо рухбланд мегардам. "Замоне миллат гурурашро аз даст медихад,ки махалгарои авлордгарои авч мегирад.

Хукумат бояд шиори ин маъракаро дигар кунад: на "бозгашт ба либоси милли", балки чораи МУВАККАТИ бо максади пешгирии экстремизм, ки зери никоби ислом пахн мешавад. Катъи бошанд, аммо хатман бо узрхохи. Он гох дар мачлисхо хам он гурухи 45 аз максадхои маърака назди мардум дифоъ карда метавонаду дар бахсхо дар ду дакика мот намешавад.

асалому алайкум бародарон ман намефахмам наход ришу сатр мониъи пешрафту таракиёт бошанд агар бесатриву бе хичоби маънои таракиёт бошанд пас хайвонхо аз зеле таракиёт кардаанд зеро хеч либосе надоранд

Ин ояндабин ва а соли у ояти 59 -и сураи Ахзоб Куръони каримро инкор мекунанд, ё худ аз амрхои Куръон бехабаранд. Агар Куръони бо ташаббуси Чаноби Оли тарчумашударо бинед, баъд хохед фахмид ки сатри занхо фарз будааст. ХУДОВАНД чумла бандахои муъминро хидоят кунад! Омин.

ростгу
Ин кадар вохима накун Азиз! Хама медонанд, ки ригмониву сатрпушии имруза чи натичахое дорад. Икдоми макомот на барои аз байн бурдани фарханги милли, балки барои пешгири аз равандхои террористиву чинояткори аст.

ояндаи ояндабин
дар кадом фарханги миллии точик зани точи сатр дошт хеч гох дар фарханги мо точикон сатр набуд ва ва зани точик бояд либоси милли худро пушад наин ки аз Арабу Хинду дигарро имруз сатрро 80% фохишагон мепушанд бокимонда зани пок доман ин ба точикзан намезебад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)