Бахшҳо

Умар Бобоҷонов барои ришаш латту кӯб шудааст?

Наздикони Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки маъмурони пулис ӯро барои ришаш латту кӯб кардаанд.

Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои ришаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Табибон вазъи ӯро вахим гуфтаанд.

Умар Бобоҷонов донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст, ки дар таътили тобистона ба зодгоҳаш омадааст. Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, ба «Озодӣ» гуфтааст, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."

Манбаъ мегӯяд, ҳудуди 100 нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии ин шаҳр ҷамъ омада ва аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ доранд. Кормандони пулис нагузоштаанд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар назди беморхонаанд, бо сокинон суҳбат кунанд.


Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
Аксбардор
Падару бобоёни хамон милисахое, ки ин бародарро барои ришаш латукуб карданд, пайдо карда, ришашонро коко-кок тарошидан даркор. Модоме ришмони "чиноят" бошад, пас онхо низ чинояткоранд. Давлат аз ухдаи таъмини хамачонибаи мардум бо кору маош баромада наметавонад, фикри халкро бо ин амалхо ба дигар тараф мекашад. Шармандаги! Демократия? Хахахахахаха

БАБАЙ
Мана бародарон шукрона кунем ки чунин давлат дорем.

ИН АФТИ РИША БИНЕД МАБОДО БАЧОИ РИШ ЛАНКА МОНДАГИ НАБОШАД Ё ЯГОН ДУМБАИ ГУСФАНДА КАНДА ЧАСПОНДАЙ РИША МОНДАН ПАС КАМТАР БОТАРТИБ МЕМОНДИ ЯГОН ГАП НАМЕШУД....

Точик
Бечора мардуми точик дар ватани худ аз пушти риш лату куб мешад дар ватани рус аз сабаби точик будан лату куб мешад ин чи беадолатиТочики,
Точики,
Точики,

Ватан
Рафикон кормандони пулис ана мешудаст ку??? Як чахон ташаккур!!!

Исмоили Халилзод
Бародарони мусалмон акнун метавонед дар хакаш дуои магфират кунед у холо дар бистари маргаст ва иншоаллох шахид аст

Бародарони исломи метавонед дар хаки ин шахид низ дуои магфират кунед

салом бародаро вокеан дарди бисёр бузург аст, ки барои риш точикро дар ватани худаш лату куб кунанд. бовар кунен базе аз мушовирони чаноб маслихатхои хирсона додаистодаанд.
гуё гурухе хаст ки президентро дар чашми мардум бад нишондодаистодааст.

Ман дар катори Щумо аз озоди хондам.Аммо наход, ки щахси бегунохро касе занад. Кормандои милиса щмо чи меген.
ба фикри ма ва бародар Лидущи Хабиб ГБАО "Мада намефора кудак калон гап зана, ё беномусу беор бощад ва муйсафед берищ"

дилноза
ман аз полисони ш вахдат сахт норозийем чавои бегунохро куштан барои ришаш ки риш сунати пайгамбарай мо нисбати полисон нафрат дорем

diplomat
БОЗ ИГВО САР ШУД ХАЙ РИША ТАРОШ ШАБУШКХО ГУМ ШАВАД

просто андеша
Э мардуми чохил касе риш суннати Пайгамбар нест гуфта шак наовардааст аз пашша фил насозед Худ бинед муи сар ва рише ки дар руи хамин чавон хаст аз гусфанди кроркули фарк надорад. Эмон дори аз рищу сала нест Ба кавли хоча хофиз таккарохам ришаст аммо шир намедихад Холисона аз хамин чавон пурсед,ки оё чор оятро бе хатто кироат ё тафсир карда метавонад. Диндор бошад нимашаб дар кучахои вахдат гу.. мекобад. Хамин риш гуфтеду махалгарои кардем ,ки як маротиба чангзда гаштем Эй он худобехабароне ки мукобили сулханду игво меандозед ХУДО НАКУНАД агар ин дафъа чанг шавад аввал Шумо дума ходда мекунед Шукрона карда нимтаи нон рохати чон гуед

Шумо ба чои ришу сатр хаму одамои се чор занара рах гирен. Имруз чомеа ба дарачае ифлос шудааст, ки баъзеи мардони беномус се чор зана аблах мекунан ва сари вазифа кор доранд фарзандони онхо имруз саргардону овораанд касе онхоро ба чавобгари намекашад.

салом алейкум.ба андеша гуфтаниям агар туда сунати паёмбар(с.а.в) ахмият ё эътибор надорад пас чони солими ин чавон чи наход тува чони одамихам мухим набошад якбор ба чои вай худата мон.бо кадом руй ва вичдон ту ин суханхоро гуфта истодаи авалан гуфтаи ту ин суханони Хофиз нест балки Сохиби Табрезист.илм надори гап назан.боз бпзеи дигар мегуяд рахмат ба милиции оэй хамватан наход ин суханхоро гуи хеч кас хак надорад касеро озор дихад дар назди конун хама баробаранд.Озодагон озоди баён дорем илтимос чоп кун

саид
Э бародаро и у маъноира надора ки касе риш монд хатман бояд саводи дини дошта боша.ИН СУНАТИ ПАЕМБАР АСТ.касе ки масхара кунад ин куфр аст. Риш мондан маънои олимиро дошта бошад. Пас тарошидан маънои чиро дорад? Ин риш нишонаи мардист бародарон.

диловар
давлати хукук бунеди точикистон демократия буданашро нишон додестай магар хаминаст демократия мо дар ватани мардум Федерацияи Россия шахри Челябинске таии 6 сол астки зиндаги мекунам ва бо риши худ ифтихор дорам дарин тули 6 сол боре сухани бад нашунидам аз барои ришам!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)