Бахшҳо

Тасдиқи марги Назарзода ва Ҷунайдуллоҳ: Аз талаби халъи силоҳ то худкушии генерали фирорӣ

Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдуллоҳ Умаровро дар Ромит тасдиқ карданд. Тавре манбаи муътамади “Озодагон” иттилоъ дод, наздикони Назарзода низ дар раванди шиносоии ҷасади генерали фирорь иштирок кардаанд.

Тасдиқи марги Назарзода ё "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар ҳолест, ки дар бораи шеваи маҳви ӯ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. “Риа Новости” аз қавли як низомии гуруҳи “Алфа”, ки гӯиё дар безараргардонии "Ҳоҷӣ Ҳалим" иштирок доштааст, навишт: “Низомиёни “Алфа” шоми 15 сентябр ба гуруҳҳо тақсим шуда, ҷойи эҳтимолии Ҳоҷӣ Ҳалимро аз назар мегузаронданд. Ман бо шарикам ногаҳон ду нафар бо либоси низомиро дидем, ки бо таппончаи Макаров мусаллаҳ буданд ва талаб карданд, ки силоҳро гузорем. Аммо мо тавонистем аз автомат сӯяшон тирҳоямонро холӣ кунем, ки дар натиҷа ҳар дуяшон аз по афтиданд. Вақте наздик шудем ҳар дуяшонро мурда дарёфтем. Онҳоро шинохтем, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва Ҷунайдуллоҳ Умаров буданд”.

Аммо “ТоҷНюз” аз қавли сокинони маҳаллӣ хабар дод, ки "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо гуруҳаш дар наздикии рустои Гускефи дараи Ромит дар муҳосира монда, худро парондаст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нашри як гузориш гуфтанд, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани талоши мақомот барои таслимшавӣ, "зимни оташи ҷавобӣ, саркардагони гурӯҳи террористӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, Эшони Ҷунайд Умаров ва 10 нафар ҳаммаслакони онҳо нест карда шуданд. Теъдоди зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид".


Инчунин гуфта мешавад, дар амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" рӯзҳои 15 ва 16 сентябр 4 корманди мақомоти низомӣ, аз ҷумла полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гуруҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ кушта шудааст.
Мӯҳр
Хамдарди ба хонаводаи курбонгудагон! Часуриву далерии Шумо дар назди миллат арзиши амик надорад. Мо шахрвандони ЧТ изхори сипос мекунем, низомиёни гироми.

Т О Ч И К
ХУДОВАНДИ МЕХРУБОН РУСТАМ ВА ХАМЯРОКОНИ ШАХИДШУДАРО МАГФИРАТ ВА ШОИСТАИ ЧАННАТ ГАРДОНИ!!!!!!

Бигзор он лавозимоти ҷангии ғаниматшударо (ба даст афтидаро) экспертиза кунанд, ку, аз қайди кадом қи ми низомӣ мегузаранд. Тамоми яроқу аслиҳаро - аз туфангча сар карда то автомату тирдонҳо. Шояд маълум шавад, ки онҳо аз куҷо он силоҳро ба даст оварданд.Экспертҳо бояд кор кунанд.

Аҳсант ба ҳомиёни Ватан! Ин генерали фирори танҳоҷазояш марг буд. Зеро хуни ноҳақро худаш рехт ва чанд оиларо бесаробон мононд. Имрӯз шукрона Ҷумҳурии Тоҷикистон метаовнад худро муҳофизат кунад ва мили солҳои 90-ум дигар намегузорад, ки чунин ашхос ба мисли "Ҳоҷи Ҳалим" давлтро ноором сохта мардуми бечорарор азоб диҳад! Нест террориту экстремист!

Камол
Хочи Халим фикр кард макомотхои хифзи хукуки Точикистон мисли солхои гузашт ва дар охир фахмид, ки чунин афсарони бо нангу номуси ватандуст дорад, ки барои оромии миллат чони худро фидо карданд...

мучохид
Бори кач ба максад намерасад ин хоинон бояд барвакт кушта мешуданд.
Хечгох ва хеч вакт номи он кормандонеки дар ин чанг кушта шудан аз ёди мо нахоханд рафт чоятон чанат хонаи охирататон обод бошад омин

Алишер
Рустам был светлым, добрым, могучим, талантливым человеком. Примером для всех нас. Будем помнить всегда!

Кахрамонихо хеч гох фаромуш нашуда кахрамонон хеч гох намемиранд. Онхо то абад дар дилу дидаи мардуманд.

Фарход
Кахрамонони Ватан рухатон шод бод-фарзандони фарзонаи миллати точик. Хоинони миллати точик хеч вакт ба максад намерасанд.


Холик
Офарин шербачахои точик хоинонро саркуб карден касе аз ин ватан ношукри мекунад ба мисли ин хоинон сагбарин кушта мешавад

Вали
Хоини миллат. Шукр намекуни ки чунин Ватани обод дори. Беномус, боз ту кассам хурдаи ки то нафаси охирин ватанатро хифз мекуни! Касамзада…..Садкаи рутбаи генерали шави

Асадулло
Рухат шод чоят чанат бод. Аз даргохи Худованд ба хешон ва наздиконаш сабри чамил хохонам!

Сад дарего, ки барои 10-20 нохалаф бехтарин фарзандони миллат, ки дар ободию осоиштагии мардум сахм доштанд аз миёни мо рафтанд. Рухатон шод боду манзилатон обод бод.

Фирдавс
Хуб шуд, ки Назарзодаро нобуд карданд. Бо ин хиёнаткорон факат хамин тавр кардан лозим аст. Хамаи онхоро нобуд кардан лозим, то ватани моро ноором насрзанд.

Шох Искандар
Ёкуб, Гафор седой Халим такдирашон як хел. Навбати боз кадом генерал бошад, Худо медонад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)