Бархе коршиносон ва намояндаҳои мақомот дар нооромиҳои ахири Тоҷикистон дасти хориҷиро мебинанд. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид: КӢ ДАР НООРОМ СОХТАНИ ТОҶИКИСТОН МАНФИАТДОР АСТ?
Саъдӣ ВОРИСОВ, таҳлилгар
Воқеан яке аз фарзияҳое, ки дар нооромиҳои ахири Тоҷикистон гуфта мешавад, ин “омили хориҷист”. Ба бовари ман таҳаввулоти мавсум ба “Баҳори араб” дар шимоли Африқо ва Ховари Миёна ин воқеиятро рўйи об овард, ки ноамниҳову таҳаввулоти калони низомиву сиёсие, ки дар кишварҳои ҷаҳони севвум ба вуқӯъ меайванданд, ҷузъи бозиҳои бузург ва сиёсатҳои манфиаталаби абарқудратҳо мебошанд. Агар воқеан ҳам исбот шавад, ки номаниҳои ахири кишвари мо аз омили хориҷӣ вобастагӣ дорад, пас дар муқоиса бо таҳаввулоти дигар кишварҳо метавон гуфт, ки ин номаниҳо низ ҷузъи бозиҳои сиёсӣ ва тавсеъаталабии абарқудратҳое ҳаст, ки дар Тоҷикистон нуфуз доранд.
Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси масоили минтақавӣ
Ман фикр накунам, ки ин ҷо ягон кишвари хориҷӣ даст дошта бошад; охир рафтори генерал Назарзода ба ягон мантиқ рост намеояд. Исён? На! Кӯшиши табаддулоти давлатӣ? На! Пас чӣ буд? Он чӣ имрӯз равшан аст, ин ФИРОР аст. Агар ин ҷо “дасти хориҷӣ” буд, пас он бояд, ҳадди ақал, ягон мақсади ниҳоӣ медошт, ягон нақша медошт. Ман гумон намекунам, ки сохторҳои амниятии мо то он дараҷа беҳунаранд, ки аз тарҳрезӣ шудани чунин як амалиёт бо кӯмаки “дасти беруна” бехабар монанд. Чизе нагӯем, хадамоти амниятии мо хуб кор мекунанд, ба хусус дар самти муайян кардани фаъолияти эмиссарҳои хориҷӣ. Баъдан, “бозингарони” асосии геополитикӣ дар минтақа (Русия, Амрико, Хитой, Эрон) умуман барои тезутунд кардани вазъи дохилии Тоҷикистон ҳавасманд нестанд. Барои Амрико, ки дар ҷанги Афғонистон “руст шуда мондааст”, бениҳоят муҳим аст, ки дар ҳамсоякишварҳои он оромӣ бошад. Хитой умуман “ҷангу ҷанҷолро” дӯст намедорад: он ҳамаи мақсадҳои стратегии худр бо роҳи иқтисодӣ (додани қарзҳои дарозмуддату камфоиз, инвеститсия...) ба даст меорад. Эрон? На, имрӯз Эрон беш аз ҳама мехоҳад, ки дар чашми Ғарб ҳамчун як кишваре намудор бошад, ки аз дастгирии қувваҳои тундгаро ва ифротӣ даст кашидааст. Русия? Албатта, Русия мехоҳад, ки ба сарҳади Тоҷикистон баргардад. Албатта, барои Русия муҳим аст, ки Тоҷикистон ба Авруосиё ворид шавад, вале, фикр накунам, ки Русия ин ҷо даст дошта бошад, чун сатҳи кордонии хадамоти ҷосусии Русия аз он чӣ мо дидем хеле баландтар аст. Пас кӣ? Ҳеч кас. Ҳар чӣ рух дод, кори дасти худи мо буд. Як рӯз не, як рӯз, пардаи асрор аз рӯи ин ҳодиса бардошта мешавад ва мо хоҳем донист, ки ин кори дасти кӣ буд.
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Тавре мебинем, дар ташкил кардани чунин нооромиҳо то ҳол ягон далели мушаххасе надорем, ки омили хориҷӣ аст ё дохилӣ, лекин дигар гурӯҳҳо метавонанд дар нооромсозии кишвар манфиат дошта бошанд. Ҳамсоякишварҳо, гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла “ДОИШ” аз чунин нооромиҳо метавонанд истифода баранд.
Иззат АМОН, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия
Худи нафароне, ки дар чунин нооромиҳо даст доранд, дасти хорҷиянд. Худи афроде, ки ин мушкил ба фоидаи онҳост, дастони хориҷиянд. Ҳеч тоҷику тоҷикистонӣ хостори марги бародару хоҳараш буда наметавонад.
Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ
Шояд бархе коршиносон гўянд, лекин ин дафъа ба гардани хориҷиҳо партофтани ягон гуноҳро мо салоҳ намебинем. Бо сабаби он ки гурӯҳе, ки чунин фаъолиятро анҷом дод, пештар тайёрӣ дида буданд. Ва аз рўи ҷамъовардани яроқ ва доштани гурӯҳи худ, ки онҳоро бо маводи ғизоӣ ва пул таъмин мекарданд, пас аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ин айби хориҷиҳо нест, балки ҳамин гурӯҳ бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода нақшае доштаанд.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Кишвари мо бо сабабҳои мухталиф дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ҳар яке аз ин давлатҳо мехоҳанд, ки дар ин ҷо нуфузи бештар дошта бошанд. Марҳилае фаро расидааст, ки ҳар кадоме аз онҳо орзуманди онаст, ки ҳарчи зудтару ҳарчи бештар мавқеи ҳарифи худро дар ин ҷо тангтар бисозад. Рақобати байни онҳо ба марҳилаи барои кишвари мо хатарнок расида истодааст. Албатта онҳо ҳанӯз ба ҳадде нарасидаанд, ки барои Тоҷикистон байни худ ба даргириҳои бевосита бипардозанд. Вале ба дасти тоҷикистониён кардани ин кор барои онҳо мушкиле надорад. Ҷангро оташ задан кори чандон душворе нест. Мардуми Тоҷикистонро ба ҳам зид мегардонанд ва баъдан ҳар кадом ба ҷонибҳои даргири Тоҷикистон кумакҳои худро ироа мекунанд. Сенарияе, ки мутаассифона, барои мо ҳама шинос аст. Чанде пештар дар сатҳи болотарин сиёсатмадорон эътироф мекардем, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буд ва сиёсатмадорони вақт натавонистанд ва ё нахостанд пеши роҳи онро бигиранд. Агар бо чашми хирад ба атрофи худ назар афканем маълум аст кадом кишвар ва ё кишварҳо аз нооромиҳо дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд. Имрӯз, хушбахтона, ҳанӯз вақт ҳаст ва мардум ҳам мардуми эҳсосии солҳои навадум нестанд. Сиёсатмадорон ҳам аз ҳамкасбони бетаҷрибаи солҳои навадуми асри гузаштаи худ бояд сабақ гирифта бошанд.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос
Мақомот бояд аниқ бигўяд, ки кадом кишвари мушаххас ё созмони хориҷиро дар назар дорад. Дар акси ҳол бидуни далел ва мушаххас номбар накардани омили хориҷӣ боиси сару садои зиёд гашта, имконият медиҳад, ин изҳороти мақомотро дигарон ба таври худ тафсир бидиҳанд. Сабаби нооромиҳоро дар дохили кишвар бояд ҷуст ва баъд робитаи онро бо омилҳои хориҷӣ таҳлилу таҳқиқ ва муқаррар намуд. Кушиш бояд кард, ки омилҳои сар задани нооромиро пешгирӣ намуд ва на баъди халалдор гардидани зиндагии осоиштаи мардум шарту шароити ба вуҷудойии онро баррасӣ намоянд.
Мӯҳр