Бахшҳо

Бойматов: Мо ҳама дар як киштием

Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих

Ҷаридаи зеҳни мо пок аст ва ин моем, ки бо тасмими хеш сафаҳоти онро олуда месозем. Рӯйдодҳои таърих ҳеч замоне интизори аъмоли инсонҳо набуданд, балки ҳамаи рӯйдодҳо натоиҷи аъмоли инсонҳоанд. Таърихи миллати тоҷик китоби заҷр ва роҳи сарнавишташ аз биёбони бадбахтиҳо мегузарад. Ин миллати ситамкаш фаҷоеъи зиёдеро пушти сар карда ва ҳам акнун ҳеч касе наметавонад пешгӯӣ намояд, чи нокомиҳое дар сари роҳи ин қавми ҷабрдидаи таърих қарор дошта бошад?


Бархе файласуфон бар ин ақидаанд, ки имрӯз ҳеч рабте бар кори нодурусти дирӯз ё пушаймонии фардо надорад. Ин дид аз реша хатост. Дуруст бар ойинаи таърих бингаред ва хоҳед дид, ки бо ин ҳама шукуфоии адабиёти хирадгаро, масъулини ҷомеъа дар амал хирадгаро набудаанд. Ин душманон набуданд, ки миллатро ба шикасти таърихӣ рӯ ба рӯ карда бошанд, балки раҳбарони бехираде буданд, ки аз сафои таърих ҷафои саргузашт сохтанд. Ҳақиқат ин аст, ки бо ин ҳама худситоиҳо, дар гузаштаву имрӯз сабаби сар задани фоҷоеъ ва бабахтиҳои миллатро нашнохтаем.

Ба ҳоли он ҳукуматҳо бояд сӯхт, ки наметавонанд дар ҳалли масоили ҷомеъа тасмими дуруст бигиранд. Онон ҳаргиз ба қадри пандҳо ва дастурҳои арзишманди ниёкон намерасанд ва аз роҳи худхоҳӣ ҷомеъаро ба забунӣ мекашонанд. Сад афсӯс, ки зиндаҳо ҳатоҳои хешро беҳ аз дурустиҳои мурдагон медонанд. Кош медонистем, ки манфиатҷӯиҳои боғараз ошуфтагиҳои зиёдеро ба бор хоҳанд овард.

Интишори огоҳиномаи Вазорати адлияи кишвар ва тасмими он дар ҷиҳати қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷомеъаро зиёда нигарон кардааст. Нигоранда узви ҳеч ягон аз аҳзоб нестам ва набудам. Он чӣ ироа мекунам, фақат ба унвони як шаҳванди кишвари азизам аст ва аз он чӣ ки бар сари миллатам мегузарад, бетафовут нестам.

Табиъати ҳукуматҳо ин аст, ки ба хотири пойдории қудрат мехоҳанд аз ҳошияи амният берун наёянд. Қудратмандони таърих саъй бар он доштанд, то тарзи тафаккури ҷомеъаро тағйир бидиҳанд, вале афсӯс, ки ҳеч як аз онон дар ин андеша набудаанд, ки биниши хешро нисбат ба мардум иваз намоянд. Ба ин хотир аст, миёни давлату мардум фосила бештару бештар мешавад. Ҳукумате, ки ниятҳои хайрхоҳонаи мардумро ночиз медонад, ки тӯле намекашад, ки андӯҳу пушаймониро бо баҳои зиёде харидорӣ хоҳад кард.

Муддатҳост, ки коршиносон ва мушовирони дараҷаи аввал барои ҳалли масоили ҷомеъа китобҳои пур аз дастурамалҳо пеши раҳбарон ва масъулини кишвар мегузоранд, вале бо далоили ошкору ниҳон ҳанӯз ки ҳанӯз роҳи ҳалли дуруст пайдо нест. Мушовирони худхоҳу фурсатталаб, чоплусони умури сиёсӣ барои пирӯз ва комёб шудан тавони ҳалли як масъаларо низ надоранд. Барои мисол, кофӣ аст, ишорае бар роҳи ҳалли мушкилоти ҳамватанони муҳоҷир дар Русия дошта бошем! Кадомин масъалаи муҳоҷират ба наҳви шоиста ҳалл шудааст? Магар дар назди масъулин, ғайр аз риши мардон ва сатри занон «мавзӯъи доғе» нест?

Дар ҳақиқат, масъуле, ки тавони интихоби дурустро аз маҷмӯъаи дастурамалҳои мушовирону коршиносонаш надорад ва ё ба наҳве хешро дур аз масоил мегирад, насибаш бурд нест.

Ҳукумат имрӯз мехоҳад фаъолияти ҳизберо қатъ намояд, ки дирӯз ҳарифаш буд. Мамнӯъ фақат як мафҳуми сиёсӣ нест, балки мафҳуми ахлоқиву отифиву дарунӣ низ аст. Қатъи фаъолияти ҲНИТ-ро ҳазорон пайравони ҳизб ба маънии манъи озодиашон талаққӣ хоҳанд кард.
Мушовирони умури сиёсӣ ва иҷтимоъӣ бояд бидонанд, ки натиҷаи судури ҳукми қатъи фаъолияти ҲНИТ оғози вуруди фитнаҳои ҷадид хоҳад шуд. Давлатмадорон бо бастани фаъолиятҳои гурӯҳҳо ва ҳизбҳои мардумӣ саҳнаро барои фаъолиятҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳро бар ҷараёни нирӯҳои тахрибгар боз мекунанд. Огоҳ бояд шуд, онҳое, ки бар хилофи иззати халқ мераванд, донаҳои нафратро дар киштзори қалбҳои офаринандагон мекоранд.

Борҳо шудааст, ки ба хотири манфиати кӯчаки хеш, манофеъи бузурги миллатро бар хатар гузоштаем. Кош мефаҳмидем, ки озодие, ки дар ҷомеъа аст, саҳлу осон ба даст наомадааст. Он чӣ ҳам акнун дар паҳнои рӯзгор дорем, натоиҷи обёрии хоку бум аз хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳ аст.

Ҳар тасмимотеро, ки дар сиёсат мебинед, дорои бурду бохт аст ва агар ҳамин лаҳза барои мардум аксуламал эҷод накунад, дар оянда асбоби дарди саре мешавад, ки пешгӯиаш ғайри мумкин. Фақат манофеъ вуҷуд дорад, ки наметавонад ояндаро пешбинӣ кунад.

Афсӯс, ки сӯзандагони фазоил зиёду ҷӯяндагони хирад андаканд. Аз он ҷо, ки фаҷоеъ китоби саргузашти миллат аст, сафаҳоти таърихаш низ моломол аз пушаймониҳост. Чи касе аз муаррихин, андозаи пушаймониҳои миллатро баррасӣ кардааст, то битвонад бигӯяд, ки дар анбори хотирааш чи чизҳое ниҳон аз ин бахши таърихаш аст? Аммо бовар бар он дорам, ки анбори афсӯси таърихи миллати мо васеътар аз махзани адабаш аст. Нигоҳе бар авроқи таърихи миллат андозед, ҳукуматҳои вақт ағлаб тасмимотеро мегифтанд, ки боиси пушаймонии наслҳо мешуд… Ҳатто аз таърихи начандон дури хеш дарс наомӯхтаем!

Подошҳо ва афсӯсҳои ояндаро низ касе намедонад. Аммо агар тадобири сиёсат ин аст, тахориби давлат дар камин аст. Бояд дар назар дошта бошем, ки мо ҳама дар як киштием, осеби ворида хоси ниҳоди миллат шомили яке аз гурӯҳҳо наметавонад бошад, балки шиддати гулхане хохад шуд, ки навдаҳои тару хушк ба ҳам месӯзанд. Чи касоне посухгӯи гирифториҳо хоҳанд шуд?

Онҳое, ки дар мароҳили «авҷи хеш» аз манофеъи хеш пайравӣ мекунанд ва онон, ки аз роҳи худбинӣ хираду виҷдонро канор мегузоранд, ғолибан, аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Вале нек бояд донист, ки таассуф ҷуброни ҷароим намекунад ва аз қазо ҳам кӯчактарин тағйирот бар амри гузашта ворид намесозад. Афсӯс дардро ҳаргиз аз байн намебарад.

Гурӯҳе аз масъулини давлату ҷомеъа бо иқдомоти хеш ҳам акнун бар ин ақидаанд, ки кори ҳизбҳои мухолифро муҳор хоҳанд кард, вале бехабар из ин ки тасмимоташон кори давлат ва ояндаи ҷомеъаро муҳор кардаанд. Огоҳиномае, ки пиромуни қатъи фаъолияти ҲНИТ эълом шудааст, бар он дорад, ки тасмимҳо ва пешбиниҳои ҳукумат дар корҳои ҳозиру оянда равшану возеҳ нестанд. Ин як иштибоҳи кӯчаки ҳукумат нест, балки фотеҳаи ростини гурӯҳеанд, заволи орзуҳои мардумро ба бор меоварад ва дар кӯтоҳтарин замон нумоди Озодиро аз зеҳни тозаи миилат пок месозад.

Иллати аслии фаҷоеъ миллат на зулми душманонаш, балки ногоҳӣ ва бетафовутии худаш аст. Нек бояд донем, ки агар имрӯз бо як иштибоҳи кӯчак аз комёбии худ шод бошем, фардо бадтарин фаҷоеъро бо надомат пазиро хоҳем шуд. Ҷомеъаро дарде фаро хоҳад гирифт, ки сангинтар аз ҳама ва он таассуф аст.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи кирдорҳои неки дирӯз ба мо ба некиҳои имрӯз расонида. Ба ҳамин сабаб корҳое, ки ҳам акнун анҷом медиҳем, бояд сабаби шодмонии мову наслҳои оянда гардад. Бояд иззати мардумро ба ҷо овард.

Биёед, бомаслаҳат бошем. Ба ниятҳо ва ҳарфҳои якдигар гӯш фаро андозем. Мо ҳама шоху барги як дарахтем. Мо ҳама фарзандони як хоку бум ҳастем. Биёед дар афкору андешаамон таъаммули бештаре дошта бошем! Тафаккур бар иштибоҳоти хеш кунем, чун қазоват дар бораи кор ва ислоҳи хатоҳои худ амали ҷавонмардонаест. Беҳтар он бувад, ки ба ҷои он афсӯс хӯрдан, ҷомеъаро аз даргириҳои хонумонсӯз раҳоӣ бахшем!

Бештарин талошро бояд кард, ки то ба пушаймонӣ нарасем!

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”, №35 (391) 16 сентябри 2015
Мӯҳр
Хокистар
Ташаккур барои озодандешиву хакикатнигори!
Чоплусон барои манфиати худ аз арзишхову манофеъи милли гузашт мекунанд, хатто баъзан Худоро фаромуш мекунанд. Намедонанд, ки фардо ба назди У (Худо) ба мехмони хоханд рафт ва ........

Хабиб
Бар падарат хазор рахмат марди дилсузи миллати чафокашида.

Назарнавис
Офарин оқои Бойматов. Аммо мутаассифона дар давлати имрӯза касе маънии ин суханони шуморо дарк карда наметавонад.
Мушовирону вазирони моро чашмонашон равғани қудрат гирифтагӣ, мағзҳояшон сементу пиндорашон шах шудагӣ. Гумон мекунанд монанди давраи СССР бо ҳисоботҳои дуруғину чоплусиҳои беҳамто давлату мардумро идора карда истодаанд. Дар асл зери пои худ чоҳ канда истодаанд ва дар сояи мардум нишаста мардумро мисли кӯҳ канда истодаанд, бехабар аз он, ки ин канданҳо рӯзе кӯҳро ба сарашон чапа хоҳад кард.

озод
Акои Лукмон, бехтарин!. Шумо баринхо бояд дар вазифахои сарвазирию президенти бошанд.

Човид
"Ин миллати ситамкаш фаҷоеъи зиёдеро пушти сар карда ва ҳам акнун ҳеч касе наметавонад пешгӯӣ намояд, чи нокомиҳое дар сари роҳи ин қавми ҷабрдидаи таърих қарор дошта бошад?" Ачиб... Чаноби Лукмон барои чи аз нокомихо харф мезанад??? яъне у пешгуии нокомихо мекунад??? у интизори нокомихост???? дар кучост ин нафар??? дар Амрико??? магар нокомихоро аз Амрико пешгуи менамоянд??? Чаноби Лукмон! ман низ узви ягон хизбу харакате нестам, тарафдори хукмат низ нестам. лекин агар ХНИТ ро бубанданд хеч як пушаймоние намеорад, баръакс пешрави меорад. бигзор хама намозу рузаашонро гиранд бигзор намози чумъа раванд бигзор муъминию мусуслмони бошанд дузди гум шавад ва г. ва х. лекин ХНИТ набошад ин маънои онро надорад ки киштие ки мо хама саворем ба яхпоора бархурда садама шавад!!! тачриба нишон медихад ки исломи азиз аз сиёсат хар чи кадар дур бошад хамон кадар ба наъфи миллату давлат аст... Шумо манфиати як гурухаки хурдро дар назар дошта аз манфиати миллат дидан намекунед... Шумо оптимист шавед чаноби Лукмон!!! дарси амрикоихоро гирифта худро ватандусту дар асл тахрибкунандаи Ватан мабошед...

Офарин, бародар, Лукмон. Дардмандтарин мавзуъ ва бехтарин тахлил.

тоҷик
офарин, устод дар ҳақиқат Луқмони Ҳакимед, таасутоти хуб гирифтам.

Акрам
аз номи ҳама нагӯй. Агар ту ғамгини аз огоҳии ҲНИТ, мо хурсандем. Махсусан баъд аз ҳодисаҳои Сурияю Эроқю
Гуреза будан намехоҳем.
киҳоянд дар ҳамин ҳизб "хирадмандон"? ҷоҳилу қӯрсавод, ба ғайр аз намозхонӣ ба ҳеҷ чиз ҳавас надоранд.

ДОНИШЧУ
МО ЯКЧАНД ДОНИШЧУ КОМЕНАРИЯ НАВИСТЕМ ШУМО ЧОП НАКАРДЕД ФАКАТ КОМЕНТАРИЯХОИ БА ХУДАТОН МАЪКУЛРО ЧОП МЕКУНЕД МО ХАМА ДОНИШЧУЁН БА ХУЛОСАЕ ОМАДЕМ КИ БА ВАЗОРАТИ АЛОКА МАКТУБ НАВИСТА ШУМОРО АЗ ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТИИ ВАТАНАМО КАТЪ НАМОЯНД

Ин кадар суханпардозию арабгуфтори лозим набуд. Бовар кунед, хамин кадар миллати насихатзада шудаем, ки аз хона баромадан пас дар вучудамон тарсу харос аст. Бо чунин тарбияву тарбиятгари ба кучо мерафта бошем, маълум нест.

подавон
ай кафот бели дома монда одамора метасони мо ай хичи наметарсем

Bilol
Дуруд ба шумо бародар Лукмон. Алхамдулиллох Чомеаи Точикистон хазорхо чунин рушанфикрон ро дорад. вале мутаассифона аз дасти он ки эхсоси озодии баён намекунанд мухр задан бар лабу истеъдодхои худ ро авло медонанд. Афсус - Хамсадо гар набошад хамсадохо хомушанд !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)