Бахшҳо
01 окт 2015 09:21Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Мардум: “Лимит” оғоз шудааст... “Барқи тоҷик”: Не...

“Барқи тоҷик” хабарҳо дар мавриди вуҷуд доштани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ дар бархе аз навоҳии кишварро такзиб кард.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, дар шарҳи иттилои сокинони навоҳӣ аз барқкушӣ дар рӯзҳои охир ба “Озодагон” изҳор дошт, ки расман “лимит” ё худ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ нашудааст. Дар мавриди санаи расмии роҳандозии “лимит” дар Тоҷикистон Ёдгорӣ афзуд, ки ин ба обу ҳаво бастагӣ дорад.

“Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии кишварро дар ҳоле рад мекунад, ки сокинони ноҳияи Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Тоҷикободу Тавилдара дар суҳбат бо “Озодагон” аз камбуди барқ шикоят карданд.

Назрулло Раҳмонов, сокини маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд “аз соати 11-и шаби гузашта то соати 5-и субҳ қувваи барқро хомӯш мекунанд. Вақте ба идораи барқи ноҳия занг задем ҷавоб доданд, ки аллакай дар ноҳияи мо лимит ҷорӣ шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” аз 1 октябр қисман “лимит” ҷорӣ карда, ин иқдомашро чунин шарҳ дода буд, “қисман маҳдуд намудани интиқоли нерӯи барқ ба он вобаста мебошад, ки ҳар қадар, ки имрӯз сатҳи обанбор дар нуқтаи баланд нигоҳ дошта шавад, таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон хубтар ҷараён хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, аз 1 октябр сар карда, дар қаламрави кишвар интиқоли нерӯи барқ қисман маҳдуд карда мешавад”.
Мӯҳр
ХОВАЛИНГ. САБР
ЭЙ ВОЙ ЛИМИТ БОЗ ОБИ НОРАК.
КИСМАТХОИ ЗИЁДИ ТОҶИКИСТОН АЗ ХАМЛАИ ОБИ ДАР ХАВФАНДУ ОБАНБОРИИ НОРАК АЗ ОБ ХОЛИ ТО КАЙ ЧУНИН БОШАД?????????????????
ЁЁЁЁЁЁЁЁЁЁЁ БАРҚРО ИМСОЛ АЗ САБАБИ ҚИСМАТИ АВҒОНИСТОНРО ЗЕРИ ТАССАРРУФ ГИРИФТАНИ ТОЛИБҲО БА ҚИРҒИЗИСТОН МЕФУРУШЕМ.

САБАБИ АСОСИАШ ИМСОЛ БОШАД КРИЗИС АСТ ЗИҚ НАШАВЕД МО "ОМУХТА КУ" ДУДИ КАҲ КУҲНА АСТ.

ҲАМДАРДАМ БАРОДАРОН

дар нохияи гончии сугд дар минтакаи каленинобод аз рузи 29 сентябр лимит аллакай чорист. Хар рузу хар шаб акнун светро мекушанд.

Манучеҳр
Шарм надошта дурӯғ мегуяд! Шарм бод бар шумо дуруғгуҳои дуруя!

Дар нохияи Спитамен бизнес тичорати барк сар шуд. Касе пулдору мансабдор, дузу муттахам, тагадор барк шабу руз 24 соат доранд. Агар бовар накунен Барки точик биёен бинед. Хамин лимити барк барои кадом сатхи мардум аст факат камбизоат, муаллим, нафакахур таълук дораду халос, барои он ки инхо пули истифодаи баркро дар вакташ пардохт мекунанд. Барки точик дар назди хама карздор барои ба пулдору мансабдорон, дузу муттахам ха 24 соат барк додагишба...... Ана хаёту зиндаги дар Точикитони азизи мо.

Айни ҳол дар ноҳияи Турсунзода ва Шаҳринав низ барқ кам додашуда истодааст дар як шабонарӯзи ҳамаги шаш соат барқ медиҳанду соати фурӯзонии он ҳам аниқ нест гоҳе аз соати нуҳи шаб гоҳе аз соати шаш е ҳафт. Мардуми ноҳияҳои номбурда танқисӣ мекашанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)