Бахшҳо

Дурӯғ ва “Барқи тоҷик”

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дурӯғ гуфтану сурх нашуданро бояд аз бархе масъулини ширкати “Барқи тоҷик” омӯхт. Дар ҳоле ки сокинони аксар манотиқ рӯзҳост таъми лимитро мечашанд, ин масъулин лоф мезананд, реҷабандии барқ ҷорӣ нашудааст...

Сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар мегӯянд, наздики як ҳафта аст, барқ дар манзилҳояшон барои чандин соат қатъ мешавад. Бо ин ҳол, масъулини ширкати “Барқи тоҷик” иддао доранд, ки ҳанӯз лимит оғоз нашудааст.Вақте мустақил будани додгоҳҳо зери суол аст, боварнокарданист, ки шабакаҳои барқи минтақаҳо аз пеши худ ва бидуни огаҳии “Барқи тоҷик”якдилона барқро барои сокинон қатъ кунанд.

Ё Шумо мардумро ба қавли ҳарфҳои кӯчабозорӣ “донаи тарбуз” мепиндоред? Ин ки миллати хубу босабрем, маънии онро дорад, ки болои сарамон чормағз бишканед? Хомӯшӣ ҳам ба ин маънӣ нест, ки вақте барфро сиёҳ гӯянд, бовар карда бошем.

Аз сӯи дигар, як масъул “Барқи тоҷик” гуфта, барои омодагӣ ба зимистон хатҳои баландшидати барқро таъмиру тармим мекунанд ва ин боиси қатъи муваққатии нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо шудааст. Қатъи муваққатӣ, яъне чӣ? Як ҳафта шабона ва рӯзона барои чанд соат қатъ шудани барқ – қатъи муваққатӣ ном дорад? Чандин сол аст, ки онро лимит мегуфтанд, имсол қатъи муваққатӣ шуд?Гузашта аз ин, кадом кӯдак бовар мекунад, ки кормандони шабакаҳои барқ баъди соати 22 ё 23 ба таъмиру тармими хатҳои баландшиддат машғул мешаванд?

Ин ки мардум бебарқиро таҷриба мекунаду масъулин мегӯянд, лимит ҷорӣ нашудааст, ҳарчанд шоҳдурӯғ нест ва ба номинатсияи “Дурӯғи сол-2015” зӯраш намерасад, аммо бешак дар панҷгонаи дурӯғҳо мақом мегирад. Ҳар касе ҳам дар ин сатҳ дурӯғ гуфта наметавонад...

Мардум ба ваъдаи се сол баъд барқ фаровон мешавад, кайҳост бовар надоранд. Чун чандин чунин сесолаҳоро бо лимит сипарӣ карданд. Пас, ошкоро эълон кунед, ки реҷабандии барқ оғоз шудааст. Ин ки даъво мекунед, лимит нест, аммо ҳаст, обрӯятонро беш намекунад. Бояд ҳарчиро бо номи худаш гуфтанро ёд бигирем. Ё не?
Мӯҳр
BAHODUR
Будан ва набудани лимитро аз операторони ширкатҳои мобилӣ пурсед онҳо аз ҳама хубтар медонанд.....аз 1-уми октябр инҷониб азоби лимитро кашида истодаем....

нодир
Дар кадом давлат дар як шабонаруз мардумаш 2 бор ғамгин ва 2 маротиба хурсанд мешаванд. Ин ТОҷикистон аст ҳангоми барқ хомуш шудан ғамгин мешаванд ва бар акс барқ гирон шуд хурсанд мешаванд. Ин танҳо барои табақаи поёнис. Каме бошд кормандони Барқи Тоҷик ғами мардуми деҳоӣроҳам хуред. Ин шарманадагиист.

ХНИТ-ГУНАХКОР НАБОШАД ЯК ЧУСТУЧУ КАРДА БАРОЕД КАНИ ЁИНКИ БУЗУРГМЕХ ЁРОВ АГАРАМ НАБОШАНД БОЗ ЯК ПАРВАНДАИ ХУБ БАРОИ 5 СОЛИ ЗИЁДАТИ ДИГАР МЕШАВАД. ПЕШИНОД БУПУЛ.

Afandi
ДА ИЧА БАРКИ ТОЧИК ГУНОХ НАДОРА ИЧА Я ИСТОРИЯАЙ КИ ШУМО НАМЕДОНИСТЕН:
ДАР ДАВРАХОИ КАДИМ ГАЗУ СВЕТ ХАМДИГАРША ДУСТ МЕДОРАН, БАД ВАЙХО
ХАМДИГАРШОНА МЕГИРАН ПАС АЗ ЧАНД СОЛ ИНХО СОХИБИ ФАРЗАНДИ ДУГОНИК
МЕШАВАНД, НОМИ ЯГТАША ГАЗБАЛОН АЙ ДИГАРША ДВИЖОК МЕМОНА, БАЪД БА ЧИ
САБАБЕ ГАЗУ СВЕТ АЙ ХАМДИГАР ЧУДО МЕШАН,ГАЗ КАР МЕКНА УЗБЕКИСТОН МЕРАВА СВЕТ
БОША АФГОНИСТОН,ДАР ТОЧИКИСТОН ГАЗБАЛОН КАТИ ДВИЖОК САГЕРА МЕМОНА...

Ман донишкадаро соли 1997 хатм кардам, аз хамон сол лимит хаст. За это время мои сверстники создали семью, дети родились внуки, до сих пор лимит на свет. И так будет до самой старости моей??? 18 лет ,задумайтесь.

ХАРКИ БО ДУШМАНИИ ХАЛК РАВОН АСТ ЧУ БАХР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХУРАД.

Ки гуфт ки сурх намешаванд? Сурхмешаванд, зеро хонахои онхо хеле гарманд. Калонхо 25 соат свет доранд.

umeda
Офарин, хакро гуфтед ман хам ин дуругро шунида будам аз худи кормандони барки точик. ДУРУГИ СОЛ -2015 меарзад...,
Дигар бовари хам нест.

Behtarin bobo. Voqean dardnok va ablahi ast. Vaqte meguyand, ki limit holo jori nashudaast...

Бародархо хох бовар кунед хох не лекин дар шахри Исфара холо лимит чори нашудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)