Бахшҳо

ВИДЕО: Вазорат омӯзгори "муштзан"-ро меҷӯяд...

Вазорати маорифи Тоҷикистон ба сохторҳои тобеаш дастур додааст, шахсияти омӯзгореро, ки шогирдашро латту кӯб кардааст, муайян намоянд. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорат имрӯз, 12 октябр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дастури вазорат ба тамоми сохторҳои ин ниҳод равона шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Дастури вазорат дар ҳолест, ки навори 15 сониягии латту кӯби талабаи синфҳои болоии яке аз мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгор охири ҳафтаи гузашта дар шабакаи интернет баҳси шадид барангехт. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба бо тамоми қувва ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад. Сипас аз гӯшаш дошта, “падарлаънат ту ку аз отаат метарсӣ” гӯён зарбаи дигар аз пушти сари шогирд мезанад.

“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. “Накун сарам дард мекунад”-идома дод шогирд, аммо устод боз ӯро гӯшмол карда, як зарбаи дигар мезанад.

Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад. Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт ва феълан дақиқ нест, ки он дар кадоме аз макотиби Тоҷикистон сабт шудааст.


Мӯҳр
Тахлилгар
ин холатро дар хама сохторхои ин хукумат дида мешавад. Находится одам по зиндан саломат бурда дар ШКД ё УБОБ кушанд

Сафар
Ин муаллим худаш фарзанд дошта бошад..

Мусофир - Ьародари азиз гапи хато назан Хукумати Чумхурии Точикистон хукукхои шахрвандонро хамеша дастгири мекунад, давра солхои 92-94 гузашт. Шахрвандони баро ёфтани ин мактаб ва ин муаллим кумак кунед ба раками телефони боварии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон занг занед 221 46 05

сари трбша ранги трб бтрошен и маьлими трбсара

Аз ин хел муаллими дагал чи Ибрат мегири!? Фикр мекунанд ки факат рохи халли ин масъала танхо бо зуровари хал мешавад. Ин аз доираи инсонгари берун аст. Бояд бо талаба муомилаи хуб кар то суоле дар фикри донишчу пайдо шуд, тавонад аз муалимаш озодона пурсид. Ма бовари дорам ки 80-90% и ин донишчуён (талабагон) Дарси ин чохилро тайор намекунанд. Ин муалима як най харида чупони равон кардан даркор найнавози карда гардад, зеби чуппони дора.Мусофир,

Баха
Ин писараки латукуб шуда талабаи хуб будааст ки дашном накарду хатто зуроварихам нишон надод

Фикр мекунам агар ин дар дигар мактаб ин ходиса рух медод бо ин муаллим рафторашонро дигар мекарданд, ана баъд капат месухт

салом Ба хама.
Демократи нашуд бало шуд Ба рости.чавонхои асри 21 хама эркаанд. Ба акидаи хдшон хукукдонанд.

Ман мегуям ин муаллим бегунох АСТ. талабаи ахмак ки аз хад гузаштааст охир.да устахони муаллим наш ки зад дигар худро дошта натавонистааст да.
макомонто хуб тафтиш кунед. вазиятро яктарафа хал накунед.ки хуб намешавад.

хонандаи мактаб
Дар сурате ки омузгор ба чекчин ва муштзани табдил меёбад пас дар хусуси тарбияи насли солими оянда чи гуна метавон сухан ронд. Он чизи аз хама мукадас ки вичдон аст онро омузгор аз даст дихад пас аз у чи намунаи ибрат ба чамъият ва хонанда мемонад. Хайфи он мактабхои зебои бархаво ки чунин омузгорони бесифатро хам дорад.

ффф
вакте ки мо мактаби миёна мехондем муаллим моро аз ин хам сахтар мезад аммо мо аз тарси он ки падар нафахмад муаллим моро зад намегуфтем,зеро бар ивази ин боз падар хам мезад ки чаро муаллим шуморо лату куб кард. Хулосса боз устодон чуръат карда худашон ба волидонамон мегуфтанд,ки писаратро задам.. мо имруз аз он заданхо сад дар сад минатдор хастем. хулас муаллим имруз бечора метарсад ,ки сахтар гап занад боз аз руяш шикоят мекунанд. барои хамин аксарият беахамияти намуда на ба дарс мераванд , на мехонанд бад фарзанд бемаълумот монд дар охир боз муаллимро падару модар гунахгор мехисобанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)