Бахшҳо

Шеърҳои нави Раҳнамо баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим: Шукрона маҷбурӣ нест...

Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар хабаргузории давлатии “Ховар” изҳор доштааст, ки ҳодисаҳои мудҳиши аввали моҳи сентябр бори дигар зеҳну вуҷуди ҳар як фарди ватандорро такон дод: “Ҳамаи мо дар як лаҳза дарёфтем, ки арзишҳои асливу ҳаётии мо, яъне ватани мо, давлати мо, суботу амнияти мо ва зиндагии осудаи ҳар яки мо дар маърази хатари бузурге қарор доштааст. Фақат лутфи Худованд, ваҳдату ҳамкории мардум ва родмардии ниҳодҳои қудратӣ тавонистанд балои бузургро аз сари ин кишвар ва аз болои ин мардум дур кунанд ва мо дубора нафаси осуда кашем”.

Ба навиштаи Раҳнамо дар пайи ошӯби Абдуҳалим Назарзода-Ҳоҷӣ Ҳалим дар аввали моҳи сентябр сайругашт ва хурсандии сокинон дар Душанбе кам шуда буд: “Тамоми тобистон ҳар бегоҳ аз канори фаввораҳои назди Театри опера ва балет мегузаштам. Атрофи фаввораҳо ҳамеша пур аз мардуме буд, ки бо кӯдакони худ села-села барои тамошову тафреҳ баромада, дар ҳавои мусиқию рангинкамони фаввора саргарми ҳаёти осоиштаи худ буданд. Аммо бегоҳии 5-уми сентябр, вақте ки овозаи он ҳодисаҳо дар шаҳр печида буд, дидам, ки мусиқии фаввораҳо чун пешина садо медод, аммо атрофи он холӣ буд: на модарон, на падарон, на тифлакон, на ҳаёҳую шодмонӣ, на пуфакфурӯшу на барқакфурӯшу на чархакбоз…”.

Бо зикри ин ҳолат Раҳнамо таъкид намудааст, ки ҳамин хиёбонҳои пур аз мардуми осуда ва ҳамин ҳаёҳӯи шодии тифлон дар атрофи фаввораҳои шаҳр худ як набзи зиндагӣ, як меъёри зиндаи суботу амнияти ҷомеа будааст...

Ин сиёсатшиноси маъруфи тоҷик чанд шеърашро нашр карда, ҳадафи онҳоро ёдоварии ҳамин муқаддасоти аслӣ, Ватан, Давлат, Ваҳдат, Субот, Амният ва Осудагӣ арзёбӣ кардааст.

Ҷойгоҳи Ватан

Қасам ба ишқи бузурге, ки нест поёнаш,
Қасам ба гардиши тақдири гирдгардонаш.
Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист,
Қасам ба вусъати таъриху кӯҳи имонаш.
Қасам ба ҷилди китобе, ки дар Бухоро сӯхт,
Қасам ба дастхати чармпӯши девонаш.
Қасам ба ҳурмати чӯби сафеди гаҳвора,
Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.
Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерӯяд,
Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.
Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,
Қиём мекунад аз синаи зимистонаш…
Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,
Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.
Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,
Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…
Муқаддас аст замине, ки модари таърих,
Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

Шукрона

Шукрона як амри маҷбур нест,
Муҳтоҷи фармону дастур нест.
Шукрона як рукни имони мост,
Фарҳанги халқи мусулмони мост.
З-ин рӯ ман аз решаву мағзи ҷон,
Шукрона дорам ба вирди забон.
Шукронаи обу хоки Ватан,
Шукронаи номи поки Ватан.
Шукронаи сарзамини баланд,
Шукронаи мардуми арҷманд.
Шукронаи гарму сарди ҳаёт,
Шукронаи бозгашти субот.
Шукронаи пойҳои равон,
Шукронаи наслҳои ҷавон…
Шукрона як амри маҷбур нест,
Мӯҳтоҷи фармону дастур нест.
Шукрона таълими дини ман аст,
Таълими дини мубини ман аст...

Ватанро мафурӯш

Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш,
Ғами имрӯз шавад пор, ватанро мафурӯш.
Пеши таърих мабодо, ки хиҷолат монӣ,
Рӯҳи аҷдод мададгор, ватанро мафурӯш.
Хати марзи ватан имрӯз хати номус аст,
Эй баномус ватандор, ватанро мафурӯш.
Сари болои ту Албурзи баланди нанг аст,
Ба дами теғу сари дор ватанро мафурӯш.
Ғарб то Шарқ ҳама манфиати худ ҷӯяд,
Ба фиреби ду ҷаҳонхор ватанро мафурӯш.
Нест шайхи арабу пири аҷам маҳрами ту,
На ба турку на ба тотор ватанро мафурӯш.
Сухани қудсии «ҳубби ватан аз имон аст»,
Шунав аз Сарвари Солор, ватанро мафурӯш.
Нанги савдои ватан то ба абад мемонад,
Марг бар ҷон хару зинҳор ватанро мафурӯш.
Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш…

Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,
Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик,
Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,
Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Хандаҳои кӯдакони пахтасебаш нур дорад,
Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,
Дар ҷабини мӯсафедони базебаш нур дорад,
Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,
Хиттаи нангаш бузургу марзи номусаш баланд аст,
Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,
Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Пораи ноне агар рӯи замин бинад, бичинад,
Аз тараҳҳум об гардад гар ғариберо бубинад,
Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,
Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик.
Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.
Мӯҳр
Ин маддох то хатто бо гули лолаву санги касри сарвараш ва бахору зимистон касам хурд. Эй рахгумгашта бо ин ду тини пучак дунёта мафуруш!

Сомончон
Дар Точикистони мо энергетик, усто, духтур хама шеърхон шидай. Дигар кор надорен. Дар Душанбе зиндаги дори, як ба нохияхо бро мардум бе свет шиштай.

сафари абдулло
щоирон мурданду ту шоир шуди...

вой дод...

Салом
То ин дарҷа дарбои ва лагандбардоро надида будам. Аз дасти ҷосусҳои Эрон ҳамин намуд дилбастаҳо меруяд. Роҳнамо медонад ки Зайд дар зиндон астуҲоҷи Ҳалим зери хок ва Кабири берун аз ватан...ҳайф

дилшод
Шери Ватанро ба хитойхо нафуруш бехтарин буд!!!!

Сохибдил
Рахнамо,Абдулои Хаким,солхои донишчуии мо шоири умедбахше буд.Шеърхои тоза менавишт,босавод буд.
Алайхи хукумат худро бо чанд донишчу занчирбанд хам карда буд.
Баъд..акидааш дигар шуд магар,уву шеъраш чанд сол сокит буданд.
Ха,ин бечора истеъдодро хайф карда будааст.
Ху тачалли,ху тачалли инкилобам матлаб аст,
Боракалло,боракалло,ин хадисам дар лаб аст.
Э муганни ,э муганни,нагмаи дилчу,чаро?
Бонги бедори бизан,олам саропо машхар аст..

Odil.Dushanbe
То дирӯз китобҳоятонро мехондам ва бо худ мегуфтам оқилу фарзонаед, вале афсӯс имрӯз дарёфтам,ки ба хотири пашизеву аз тарс аз ақидаатон рӯ тофтаед Ҳанӯз ҳам бовар надорам, ки шумо барин донишманд дар як он фахрфурӯшу маддоҳ шуда монад.Худо ҳидоятатон кунад,ки дар ақидаатон мардона устувор бошед

михан
мо ки камобеш осори шуморо мехонем фикр намекардем ки дар чоплуси хам устод хастед китобе ки дар сол 2011 навиштиро бояд аз сари нав бинависи чи нам дорад дин ва амнияти милли дар точикистон. монша кун амният ва ноамни дин ва миллат дар точикистон

Салом озодагон Агар он навиштагии Рахнаморо пурра чоп мекардед мувофики одоби журналисти мешуд. Аммо камтар камтар гирфита чоп каардед ва гавго шуд. Ба хамин комментнависо як мурочиат дорам ки илтимос чоп кунед Дар кучои хамин шеърхо ягон васфу маддохи дида шудааст. Агар касе Точикистонро васф кунад обашро зулолу равон гуяд хамин маддохи аст? Оё Шумо ба сулху амнияту оромии мавлакат зидд хастед Ин бечораро ин кадар куфта истодаед. Афсус ки тарафдорони сулху субот хапанд ва мухолифонашон бо дах ном (номардона номашонро бачо карда) навишта истодаанд. Илтимос чоп кунед Б аназари ман шеърхои хуб аст Ё озодагон факат комментхои мухолифро чоп мекунед? Кани баробари

...Rahnamoro boz yak bori digar ba komandirovkai darozmuddat ba chorija ravon kuned,az gamu anduh az durii Vatan eru duston chunon she'rhoe navisad,ki Millati TOJIKro-nomashro to surayo baland mebardorad.chahaha.Ho bale mo TOJIKEM,TOJIKEMU dilkushodu mehrubon,bahri inson bahri mehmon bahri ODAM gamgusor ,lek,lek moned,moned moro bo on chi dorem az AZAL bo amri chudo KAROR!!!

Огои Рохнамо то ба кай ин миллатро бо ин сафсасатахо фиреб медихед?

Барои хамин мардак як савол... Барои шоир... Ты барои шеърхои навистаат ба курсии нав нишасти?

Эй бродари мухочир, Наход максад аз навиштани шеърхо дар васфи ватану миллат ба курсии нав нишастан бошад. Эй вой ба ин хел тафаккур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)