Бахшҳо

Судя: Султоншоев аз рӯи ду моддаи ҷиноӣ айбдор мешавад (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парванда алайҳи Асламшо Султоншоев омӯзгори риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасановро, ки дар латукӯби шогирдаш Муҳаммадҷон Сулаймонов муттаҳам мешавад, ба баррасӣ гирифтааст.

Тавре Алиҷон Ҳамдамзода, раисикунандаи мурофиаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ дод, Султоншоев аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ-моддаи 174 -иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ ва моддаи 316 - баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ айбдор мешавад. Ба мурофиаи нахустини Асламшо Султоншоев, ки имрӯз, 10 ноябр баргузор шуд, масъулин ба далели камбуди ҷой журналистонро роҳ надодаанд. Хабарнигори "Озодагон" мегӯяд, шоҳидоне, ки баъди суолуҷавоб аз мурофиа баромаданд, аз Султоншоев тавсиф намуданд, ки хоксор ва омӯзгори таҷрибадор аст.

Додрас мурофиаи навбатиро рӯзи 13-уми ноябр таъин кард.

Моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ, ки Асламшоев аз рӯи он айбдор мешавад, ҷазо аз ҷаримаи камтарин-250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(10 ҳазор сомонӣ) то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст. Моддаи 174 пешбинӣ кардааст, ки иҷро накардани уҳдадорӣ аз сӯи омӯзгор, "агар бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад".

Қазияи латукӯби Муҳаммадҷон Сулаймонов аз сӯи Султоншоев баъди нашри як навори 15 сониягӣ дар интернет вирди забон шуд. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад.



“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад.

Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт, вале худи қазия 17-уми апрели соли равон сурат гирифтааст.

Волидони Муҳаммадҷон Сулаймонов эълон карданд, ки алайҳи устоди фарзандашон даъвое надоранд, зеро баъди “сахтгирӣ”-ҳои Султоншоев рафтори фарзандашон хуб шудааст.

Ҷузъиёти бештар аз қазия дар ин сафҳа нашр хоҳад шуд
Мӯҳр
Ҳикоёти Саъди маро ба ёд меоаяд!!!
Муаллими матаберо дидам дар диёри Мағриб турушрӯй, тaлхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезгoр, ки айши мусулмонон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани Қуръонаш дили мардум сияҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтарони дӯшиза ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор, гаҳ орази симини якеро таппонча задию гоҳ соқи булӯрини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки андаке аз палидҳо нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду бирoнданд ва мактаби ӯро ба накукор доданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва мӯҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуюмиро ахлоқи фариштаги диданду як-як дев шуданд, ба эътимоди нарми ӯ тарки илм доданд. Aксари вақтҳо ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастaндӣ.
Устоду муаллим чу бувад беозор.
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор
Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам. Муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф, биранҷидам ва «лоҳавл» гуфтам. ки дигарбора иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирмарде зарифи ҷаҳондида гуфт:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.

Чарима ба волидайн боя кард

Мирзо
Ин конуну коидахои Точикистон аз кучо гирифта шудааст, ки ду се одамро кушиву бо 240 сомони чарима халос шави ва бо задани як хонандаи бетарбия 10 сол аз озоди махрум. Хайф бар шумо судяхои точик. Рафта як 10 соли дигар дониш омузед.

Хай маълим хам асаб дорад хечгап не...Ба он маоше ки омузгор дар Точикистон кор мекнад бо суд бози мекунанд онхоро. Аз ин хубтар рафта хамон коргарони Вазорати дохиларо судбози кунед ки дар кучаю бозорхои кишварамон мардумозори карда мегарданд.

Хама философу тарбиятгару насихатгар шидаст дар шароити имрузаи точикистон холо он ки агар каме чукуртар хамон одамони насхатгарро тагаша коби гапаш ба фарзанду кудаки худаш намегузарад. И малими лаънатиро бояд аз сохаи маориф даф кард. Ва дар ин кор на танхо малим балки Директор ва завчи мактаб гунахгоранд. Болои онхохам чора андешида шавад!!!!!!!!!!
Бад бародаро легко обсуждать и осуждать ну не каждому есть сила воля быть честным и откровенным тут все ............ думаю что поняли

падар
Ба волидайни Султонов М. бо чунин эълонхояш дар хайратам "баъди ин сахтгирихо рафтори фарзандамон хуб шудааст". Бо чунин акидахои волидайн чи гуна фарзандон ба воя мерасида бошанд? ??? "ГУЛОМ"

kishvar
Асадулло,
Az hamin tarzi navishtat MAALUM ast ki chuguna shugird budi yo hasti!!!
Ablah Ustod ba foidai hamon badzod guft ki to u yak chi z omuzad!!! na baroi foidai khud!!!

Assalom khonandagoni muhtaram, man az kase tarafdori namekunam ba ghair az qonun. Agar mo dar Tojikiston ba qonun ehtirom meguzoshtem va guzorem kishvaramon ba chunin nokomiho ru ba ru nameshavad. Avval, qahri muallim dar chist? Charo u ghazab kard? Chunki qonunshikani az tarafi khonanda sar shud. ba Dars der kard. boyad ehtirom ba vaqtro az kudaki ba hamagon talim dod. Dar jomeai mo vaqt nochiz azt, ehtirom ba vaqti khudamon in ehtiromi digaron hast. Ammo, muallim niz ehtiromro na ba vositai zur balki rohhoi digar vujud dorand. Zurovari dar jomeai mo chizi mamuli hast boyad hama tarbiyat girand na in ki ba khotiri yak video muallimro tuurma kunem. Agar chunin khohed pas tuurmaho pur az muallimu volidain meshavand!

шаҳрванд
Латукуб кардани шогирд ин усули самарабахши тарбия нест. Ва аслан ки кори муаллим таълиму дониш додан аст. Тарбиятдида будан ё набудани шахс аз фаросати волидону оила сарчашма мегирад...

Карими
Хами сахтгирихои устодон буд ки Шумо баъзетон коментарияву навистану хондана ёд гирифтед. Ачиб конун кору бор шахсе бо мошин се касро кушта буд модараша 120 сомон чарима кардан як каси дигар кариб ним милион долар ришва гирифт озод шуд муалимеки гуши кадом авбоша кашидааст уро 10 сол хукм интизор аст. Бехтараш аламома тоза накунам ки мабодо хоини миллат гуфта хукм набароран ...тавба

Яу афсали рус бо 3 нафар хамрохаш дар пойгохи 201 Россия Шоира ном духтарро тачовуз карда куштанд, касе сахт нагирифт. Иванро ба Русия барои "муолича" фиристонданд. Султошоеви бечора (Имруз бечорахо омузгори мекунанд, тагодорхо да таможенный, налог, коррупция, прокуратура.... кор мекунанд) як гушмол до, ана делои осонакак ва шояд даромад хам дошта бошад. Шарми кас меояд аз ин муносибат ба омузгорон, максимум бояд дар мачлиси муаллимон мухокима мешуд. Дар холе, ки волидон хам даъвое надоранд.

Муаллими бечораро хатман озод кардан лозим....Охир хамон бача айб надошта бошад шатта намехурд,як бор ба чои муаллим дар дарс иштирок кунед.Асабатон ду рузба хароб мешавад....ман як толиба муаллимаро ба руяш шапоти задаашро шунидаам(ин кор дар ш.ХУЧАНД шудааст) дар ин холат бечора МУАЛЛИМА даъво накард..........ин чо толибаро ба чавобгари кашидан даркор буд?

Муаллими бечораро хатман озод кардан лозим....Охир хамон бача айб надошта бошад шатта намехурд,як бор ба чои муаллим дар дарс иштирок кунед.Асабатон ду рузба хароб мешавад....ман як толиба муаллимаро ба руяш шапоти задаашро шунидаам(ин кор дар ш.ХУЧАНД шудааст) дар ин холат бечора МУАЛЛИМА даъво накард..........ин чо толибаро ба чавобгари кашидан даркор буд?
Фарзанд ширин-одобаш аз вай ширинтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)