Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

Ҷавононе, ки назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омадаанд, мегӯянд, аз масъулин ваъдаи дарёфти посухи номаашонро гирифтанд.

Яке аз ин ҷавонон Амрикоро давлати демократӣ, сулҳхоҳу ободихоҳ ва ҳамеша дар канори Тоҷикистон номида гуфт, мехоҳанд, ки ба мактубашон посух бигиранд: “Касоне, ки ба Тоҷикистон ноамнӣ меоранд, онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад”.

Ин ҷавонон дар суҳбат ба хабарнигори "Озодагон" гуфтанд, масъулини сафорат шумораи телефон ва суроғаи онҳоро гирифта, ваъда додаанд, дар кутоҳтарин фурсат ҷавоби номаашонро мегардонанд: “Агар ҷавоби мактубро нафиристанд, ин навбат ҳамон 500-600 нафареро, ки зери он имзо гузоштаанд, гирифта назди сафорат ҷамъ мешавем”.

Ҷавони дигар гуфт, “таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ягон кишвари бузурги хориҷӣ барои мо тоҷикон давлат намесозад. Ҳама вақт тақдири ояндаи худамонро худамон ҳал мекунем”.

Ин ҷавонон далели навиштани муроҷиатномаро дар он шарҳ доданд, ки “Амрико ба нафароне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон ноамнӣ биёранд, дар кишвари худ минбар медиҳад ва онҳо аз минбарҳои Амрико ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд”.

Ин гуруҳи ҷавонон, ки ба гуфтаи хабарнигори “Озодагон” ҳудуди 15 нафаранд, соатҳои тақрибан 10:10-и имрӯз, 24 декабр назди Сафорати ИМА дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Онҳо гуфтанд барои ҷавоби номаашон дар мавриди боздошт ва истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ омадаанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди дарёфти ҷавоби сафорат назди дафтари САҲА дар Тоҷикистон хоҳанд рафт.



Гирдиҳамоии ин афрод дар ҳолест, ки 15 апрели соли равон як гуруҳи иборат аз 10-20 нафар назди Сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори мулоқот бо сафир шуда буданд. Аммо кормандони пулис се тан аз ин эътирозгаронро боздошт карданд. Он вақт Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфта буд, “гирдомадагон бисёр эҳсосотӣ ва бадхашмона рафтор намуда, худашон намедонистанд, чӣ мехоҳанд. Аз додзаниҳояшон маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ё зидди чӣ баромад мекарданд. Сафири Олмон Холгер Грен изҳори омодагӣ кард, ки ду намояндаи эътирозгаронро қабул кунад, аммо ин натиҷае надод, чун онҳо бисёр эҳсосӣ буданд ва сафорат ба далоили амниятӣ дарҳояшро накушод”.

27 октябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бо баргузории як ҷамъомад дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор”–ро карда буданд. Ин ҷавонон гуфтанд, ба сафоратҳои Амрикову Олмон дар Тоҷикистон нома навишта, дархости боздошт ва истирдоди ин се нафарро кардаанд. 19 ноябри соли равон гуруҳе аз ҷавонон бори дигар назди сафорати Олмон ҷамъ омаданд.Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонҳо ба “Озодагон” гуфта буд, масъулини сафорати Олмон назди ҷавонони ҷамъомада баромада, изҳор доштаанд, ки сафир феълан дар Олмон аст ва посухи расмӣ аввали моҳи декабр дар ҳузури хабарнигорон ба ин гуруҳ ироа хоҳад шуд.


(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...

(АКСУ ВИДЕО) Гирдиҳамомадаҳо: Агар Сафорат посух надиҳад...
Мӯҳр
99
Шумо як тӯда роҳгумзадагон аз номи тамоми ҷавонони Тоҷикистон ҳақ надоред, гап занед!
Монед, мардуми мо аз ин ҳам шармандатар нагардад. Нагӯед, "ғараз надорем". Шумо ғараз доред ва худ писарони одамони курсидору серу пур ҳастед ва аксариятатон кормандони амниятед, на ҷавонони қаторӣ!!!

Ман
Чавонони азиз шумо барои мардум талош надоред барои як ида одам талош дорен ки 24 сол меша лачоми шумо дар дастшон аст КАБИРИ ро харфашро давлат хои пешрафта созмонхои байнанлмиллали мегиранд ва барош минбар медиханд чун Босавод аст

Хамаи ШУмо хак хастен !!!!! Ин фикри шахсии хар яки мост !!!!! Локин конун чи тур аст ва конундонхо хама хапанд !? Чунки ТАКОЗОИ ЗАМОНа инро такозо дорен~ да !!!!!

Inho darsi amali guzaronida istodaand.

Хамаи ШУмо хак хастен !!!!! Ин фикри шахсии хар яки мост !!!!! Локин конун чи тур аст ва конундонхо хама хапанд !? Чунки ТАКОЗОИ ЗАМОНа инро такозо дорен~ да !!!!!

Носир
Ин гусфондхо худро донишчу муаррифи мекунанд. Аз дониш инхо тамоман дуранд.

чамшед
Ватандусто. Ука ватандустен бесаводои робото ай уда брен даъво кнен, ки бобохои мо падарои дар хунуки свет надоран бародаромон чои кор надоран. Света бтен. Ай и кортон ягон чи фойда нест хамаш аз боигарии хдшон метарсан. Як зарра парвои шмо дошта бошан ма номард бошм. Ду зданира диден ба хиёлтон пешравияй.

мухлис
Хамин фармати роликтона ранги озоди кунен медонен ки ютуб махкам аст. Ман тамошо карда наметавонам Каблан сипос

Муаллим
Эй ҷавонҳо! Шумо як ҷумларо пурра ва дуруст гуфта наметавонед.
Ин шуури шумо аз куҷо омада бошад. Барои ду зачету экзамен шуда худатонро дар назди халқ шарманда накунед.
Ин чархи фалак дар гардиш аст, имрӯз ин тараф мечархад фардо он тараф бор хоҳад гирифт. Коре накунед, ки ҳангоми дигар шудани гардиши чархи фадак зер он бимонед ё ҳатто ҳаёту змндагии худро зери хатар монед.
Як чизро ҳам дониста бошед, ки барои давлат шумо як бозича ҳастед, инстарумент нестед.
Худованд шуморо нигаҳбонатон бошад.

Дар хакикат шумо хамаатон робот хастен. Барои чи чамъ шуден мумкин мохияташа худатон надонед. Агар ин кора аз боло ташкил намекардан оё шумо дилёб мешудед гирдихамои кунед.

Ба фикри ман кори хуб мекнен. И демократияй ку. Талаб кунед. Сафорати Амрикои демократи ба милиса хабар дода чамомадагонро боздошт мекунан. Демократияи амрикоихо хаминаст магар?

Офарин! Кишвари мо хам демократи шудаистодааст. Кани шербачахо ба пеш!ами сафорати амрико акалан виза намедиханд барои мардуми мо. Инхел сафорат лозим нест барои мо!

хех хандаовар!! зури калоно нарасид зури шумо мерасад?

карим
ин бачохо аз кучо бошанд

tojik
шумо сиёсата чи медонед ҳозир агар номи мактабтона пурсанд намедонед.
чи ваъда додантона? қабул шудан дар имтиҳонҳо???
бечораҳо!!!!!!!!!!!!!!

Эй вой бар аҳволатон! Шумо аввал гапзаниро ед гиред...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)