Бахшҳо
26 янв 2016 08:55Тоҷикистон / Сиёсат

Роҳи ҳал: кӣ бояд онро пешниҳод кунад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Ҳама гуна мушкил роҳҳал дорад. Мушкилии асосӣ дар пайдо кардани ҳамин роҳи ҳал мебошад (яке аз нависандаҳои фаронсавӣ, ки ҳар қадар фикр кардам номаш ба хотирам наомад).


Ҳар замон, ки камина ягон матлаби интиқодӣ нашр кунам дар зери матлабҳо як қисм шарҳнависон гилоя мекунанд, ки ҳамеша насиҳат мекунам, интиқод менамоям, вале роҳи ҳалро пешниҳод намекунам. Ҳамчунин ин нуктаҳоро аз ҷониби инчуниниҳо дар баробари дигар мунтақидон ҳам мешунавам. Дар воқеъ роҳи ҳалро кӣ бояд пешниҳод кунад, дақиқтараш кӣ бояд пайдо кунад?! Пеш аз он ки ба пайдо кардани посухи ин суол бипардозам, як ҳодисаеро аз ИМА қисса мекунам.


Замоне дар ИМА яке аз омӯзгорон дар бораи яке аз масъалаҳои меҳварии маориф назарашро навишта ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад. Баъди чанд рӯз ин омӯзгор як мактуб мегирад, ки дар он навишта шудааст: “Шуморо дар санаи ... барои суҳбат бо президенти ИМА ... даъват мекунем”. Раисиҷумҳур дар суҳбат бо ӯ мегӯяд, барои он ки аз вуҷуди чунин як мушкил огоҳам кардаӣ ташаккури зиёд, вале ба он хотир наздам хондамат, ки роҳи ҳалли ин мушкилро низ бигӯйӣ. Омӯзгор дар посух мегӯяд, барои роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо кардан шумо касеро бо номи вазири маориф мансаб додаед, маоши баланд таъин намудаед, мошини хидматӣ, хонаи иқомат, бӯстонсаро ва дигар имтиёзоти давлатӣ додаед...

Воқеият ҳамин аст, ки тамоми мушкилоти мо суроға доранд. Ба ҳар як мушкили мо шахсе масъул мебошад; мудир аст, раис аст, садр аст, вазир аст ва президент. Яъне, ҳар касе, ки соҳаеро ба роҳбарӣ гирифтааст масъулияти давлатӣ дорад, ки мушкилоти он соҳаро низ ҳал кунад. Вале онҳое, ки аз журналистон роҳҳи ҳали мушкилро талаб мекунанд, ҳатман иштибоҳ кардаанд. Ҳадди ақал рисолати касби журналистиро нашинохтаанд. Баъзан шахсиятҳои бисёр огоҳро низ мебинам, ки ҳамин як гилояро мекунанд. Инҷо зарур медонам, ки дар мавриди ин ки оё рӯзноманигорон муваззафанд роҳи ҳалро низ нишон бидиҳанд чанд нуқтаназарро изҳор кунам.

Аввалан. Аз нигоҳи назарӣ вазифаи рӯзноманигор огоҳ кардани ҷомеа аз ҳодиса, навгонӣ, мушкил ва ё муваффақият мебошад. Ин рисолати касбии рӯзноманигор аст. Барои иҷро кардани ҳамин рисолат барои рӯзноманигор давлат муваззаф аст, ки шароит фароҳам кунад. Бисёре аз муҳаққиқони журналистика бар ин назаранд, ки журналист вазифадор нест, ки дар баробари инъикоси мушкил роҳи ҳалли онро низ нишон бидиҳад. Ин чиз бармегардад ба он ки журналист мутахассиси ҳама соҳа нест, ки дар ҳар замина соҳибназар бошад ва аз ин рӯ олимони соҳа пешниҳоди роҳҳалҳои мушкилро аз ҷониби ӯ муҳим нашумурдаанд. Барои мисол, журналист дар мавриди хатари пасмондаҳои ураниюм матлаб менависад. Ӯ ба унвони каси дар мактаб кимиёхонда медонад, ки ураниюм як унсури кимиёвии муъзир аст, вале ӯ мутаххасис нест, ки роҳи безарар гардондани пасмондаҳои ураниюмро пешниҳод кунад. Барои ин кор касони дигаре ҳастанд, ки мутахассисанд ва аз буҷаи давлат маош мегиранд. Аз ин рӯ журналистон бештар нақши огоҳ кардан, рисолати бедор кардани ҷомеаро доранд.

Сониян. Дар ростои рисолат ва масъулияти касбӣ журналистон рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти миллӣ доранд. Онҳо дар баробари ҳар шаҳрванди дигар масъулият доранд, ки барои пешрафти ҷомеа, ободии кишвар, рушди давлат саҳми худро аз тариқи ироа кардани нуқтаназарҳо бигузоранд. Албатта агар журналист дар баробари баёни мушкил битавонад роҳи ҳалли дурусту мантиқии масъаларо низ пешниҳод кунад, кори баде нест. Вале агар натавонад ва донишаш намерасад, хуб аст, ки аз пешниҳоди фикрҳо бадарднахӯр ва оммиёнаву камкайфият худдорӣ варзад. Вале дар ҷомеаҳои мисли мо бисёр кам иттифоқ меуфтад, ки назари журналист ба унвони як рисолати касбӣ ва масъулияти миллӣ пазируфта шавад ва аз он дар ҳалли ҳамон мушкил истифода шавад. Ё худи рӯзноманигор барои машварат ба ин ё он ниҳод даъват шавад. Ин чиз бастагӣ дорад ба иродаи ҳоким дар ҷомеа, ки чӣ шинохте аз расонаҳо ва рӯзноманигорон дорад.

Бо ишора ба ин ки кӣ бештар посухгӯй аст барои пайдо кардани роҳҳалҳои мушкилот, мо ҳамеша назароти гуногун дорем. Албатта ҳама шаҳрвандони кишвар як навъ масъулияти миллӣ доранд, ки барои пешрафту ободии кишвар, Тоҷикистони азиз фикру назар ироа кунанд ва саҳми физикиву маънавӣ бигузоранд. Вале пеш аз ҳама ҳар мушкиле масъули худро дорад. Барои ҳалли мушкили барқ ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси он масъуланд, барои ҳалли муаммои нақлиёт дар пойтахт ва набудани гармиву оби гарм дар хонаҳои Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев муваззаф мебошад, барои таъмини адолат сохторҳои қудратӣ ва мақомоти марбути соҳа: Кумитаи амният, Вазорати дохила, Додгоҳи олӣ, Додситони кулл посухгӯянд ва дар маҷмӯъ барои кулли мушкилоти ҷомеа ҳукумат уҳдадор аст. Инҳо пеш аз ҳама муваззафанд, ки барои пешниҳод кардани роҳҳалҳо тадбир кунанд ва чора биандешанд. Агар онҳо барои иҷро кардани рисолат ва масъулиятҳое, ки қонун бар онҳо бор кардааст напардозанд, пас рӯзноманигорон вориди амал мешаванд ва ин гуна мансабдоронро огоҳ мекунанд, ки “кӯш то халқро ба кор ойӣ”. Дигар кори зиёде намекунанд. Барои ин бисёр муҳим нест, ки рӯзноманигорон мавриди сарзаниш қарор бигиранд, зеро бо фарқ аз дигарон онҳо рисолати касбӣ ва масъулияти миллияшонро дурустар иҷро кардаанд. Журналистон ҳангоми бархӯрд ба мушкил сари ин гуна интихоб қарор мегиранд. Кадоме муҳимтар аст: инъикоси мушкилот ва ё пайдо кардани роҳи ҳалли онҳо. Вале ин мантиқ ҳеч гоҳ ба ин маъно нест, ки мо замоне роҳи ҳалли мушкилотро намедонем аз инъикос кардани он даст бикашем. Ҳатман ҷомеа касонеро дорад, ки роҳи ҳалли ин мушкиларо медонад ва шояд талош кунанд, ки он мунҳал гардад.

Хулоса. Шарт нест, ки пеши якдигар девори Чин бигузорем. Балки муҳим ин аст, ки барои рисолату масъулияти якдигарро шинохтан талош кунем. Барои он ки ҳар кас дар ҷомеаи вазифаашро дурустар иҷро кунад бояд ҳамдигарро ташвиқ кунем, савқ бахшем. Дар ғайри сурат фикр намекунам, ки кори дурусте мекарда бошем.
Мӯҳр
ФТ.
Санги бекимат гар косайи зарин шиканад,кимати санг наафзояду зар кам нашавад.Чун гуфтаанд дуне дар талаби марди кобил хаст.Хамайи гуфтахойи шумо мавриди писанд хастанд Иршоди арч,манд.ба шумо барории коро орзумандем.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)