Бахшҳо

Таҷаммӯъи тоҷикон дар Душанбею Олмон: Ба ҷонибдорӣ ва зидди ҳукумат

Дар пайи гирдиҳамоии гуруҳе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 16 феврал назди бинои Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон, имрӯз, 17 феврал як гуруҳ ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ шудаанд.

Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз тазоҳургарон дар Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки аз Аврупо талаб доранд, то ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ кунад. Ба гуфтаи Давлатов, наздики 50 нафар назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷамъ омада, истирдоди мухолифини ҳукумат - Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷони Атовулло, Шарофидин Гадоев ва Абдумалик Абдуллоҷоновро талаб карданд. Ин гуруҳи ҷавонон иддао доранд, афроди номбаршуда ҷинояткор ва террорист буда, бояд назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб диҳанд.

Ба гуфтаи Аҳмадхуҷа Давлатов, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба ҷавонон посух додаанд, ки феълан раҳбари намояндагӣ дар Аврупост ва баъди бозгашт ба дархости ин ҷавонон посух хоҳанд дод.

Тазоҳуроти гуруҳи ҷавонони тоҷик алайҳи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 16 феврал дар рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, гуруҳе аз ҷавонони тоҷики муқими Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон даст ба тазоҳурот задаанд. Ин гуруҳи мухолифи ҳукумат аз Иттиҳоди Аврупо талаб намуданд, амали ҳукумати Тоҷикистонро дар самти нақзи ҳуқуқу озодиҳо ва саркӯб намудани дигарандешон маҳкум кунад.
Мӯҳр
Фарух,
90%балки тарафторанд ва хастем. Худ Дар ватан 90% ахоли нест. Дар мухочиратанд

Рост кайд кардед. Хамин гурухи 24 ранги занакхои кади куча чамъ мешаванд факат дар назди хархел сафоратхонахо лак лак мекунанд. Худашон харгиз намедонанд чи хостанашонро. Айбаст ба мардуми точик дар дигар давлатхо паст задани давлати худ. Худатонро точик мегириду ягон хисси милли надоред!!

Чавонхо да гап нест, бисёр кори хуб шуд на ай ХНИТ на ай 24 ай ягонташ фоидаша надидем, хаммаш хоинан,

Аркон
Имруз мо чавонон ба давлатхои Аврупо баён дорем, ки чунин экстремистонро аз чомеаи худ бароранд чун онхо кучое бошанд ноороми ончост дуруст бифахмед.

мухочир
Ин Ахмадхуҷа ранги танген шудай яке яке пайдо мешава дар назди Сафоратҳо))) ИншаАллоҳ хак пируз мешавад ва ботил аз байн меравад

Мо бо ХНИТ ба ягон максаде нарасидем. Пас мо мардуми ин сарзамини сохибистиклол аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки аз ин афроди барои чомеаи имрузи мо хатарнок даст бикашем то ободии бадастовардаи худро аз даст надихем барои сулхи худ мубориза мебарем.

Фармон аз боло аз поен гуфта посух менависед. Шумо да худ як савол гузоред: Чи кор кадаед шахсан барои халки Точик, ватану миллат? Андеша кунед? Ин чавонон фикру акидаи худро баён кардаанд бахри тинчию ободии Ватанамон Точикистончон.....Юрист,

Хохиш аз он чавононе, ки тазохурот намуданд, бипурсед кадомашон
2 ё 3 сол мардикори русхо шуда кор кард ва барои таъмини болонишастагони точик ба тарики бонк хар мох пул равон кард.
Имруз агар мардикорони Руссия, ки азияти гарибиву хориву зориро кашида тазохурот кунанд, ки мо аз шароити Точикистон розием ва хамеша ба хидмати Ватан омодаем, тамоми мардуми точик аз тазохуроти чавонон дастгири мекунанд. Он 50 нафар чавононеанд, ки чи будани истиклолият ва миллатро то хол нафахмидаанд ва тафаккури сиёсии хеле пойин доранд. Онхо аз рохи тарси мабодо ба сафи тазохуркунандагон мепайванданд. 50 нафар аз номи 8 миллион ахоли наметавонад сухан бигуяд. Бехуда миллатро шарманда накунед. Хеч кас хунрезиро намехохад. Точикистон кишвари хар яки мо чавонон, на кишвари Носир Салимов ректори донишгохи омузгори ва на кишвари Имомов ректори Донишгохи милли ва дигару дигар. Худатон, ки лагандбардор шудед чавононро ба ин рох мачбур накунед, бигзор чавонон аз рохи хакикат ва инсондусти ба хадафашон бирасанд.

Бисёр хуб кардед чавонони ватандуст нест бод мухолифони беватан

шахрванд
Дар Точикистон гирдихамои маън нест магар?Охир раво бошад чи хел дар ним руз мактуб карда чавобашро аз шахрдор гирифта чавонон чам шудаянд?Э КАНДОТА ЗАН МИЛАТАМ!

ОФАРИН ЧАВОНОНИ ТАЙЁРКАРДАШУДА ХА ХА ХАМАИ ДАВЛАТХО БОЯД ОППОЗИЦИЯ ДОШТА БОШАД ИН ХЕЛЕ МУХИМ БАРОИ КАМБУДИХОРО ИСЛОХ КАРДАН ВАГАРНА ИНХО ХАМАРО ЧАЗИР МЕНАН


Хами Ахмадхуча замоне барои ХНИТ хизмат мекарду авлодаш хама нахзати буд....

Шуи калушшаппак.
Э дар кучо чамь шудиянд?Чува ману янгата хабар накарде?Янгатун ба калушшош даршуна мешапид,ман ба музахоям.Э бехабар мондем,да е!Э агар пула созтар диханд,Кати янгатону дугонахояш,Райта дар хаму Бонгай е Бонай ,калушшапиву туфлишаппак мекунем..Усу бесте....е,хабар накарде..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)