Бахшҳо

Тасмими гирдиҳамоӣ назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, зуҳри имрӯз назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафорати Туркия дар Душанбе гирди ҳам хоҳанд омад.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, яке аз ин ҷавонҳо имрӯз, 22 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 200 нафар иштирок мекунад. Ҳадафи таҷаммӯъро назди намояндагӣ талаби истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва дар назди Сафорати Туркия монеъ шудан ба гирдиҳамоии мухолифони ҳукумат дар Туркия гуфт.

Ахиран, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон эълон карданд, дар Туркия як гирдиҳамоии густурдае роҳандозӣ мекунанд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, аз Сафорати Туркия дар Душанбе хоҳанд хост, то барои ин эътироз иҷоза надиҳад. Ӯ афзуд, “Туркия дар ин масъала бетаваҷҷуҳӣ карда истодааст. Туркия як давлати ба Тоҷикистон наздик аст, аммо намедонам чаро ин террористон он ҷо ҳастанд. Тасмим дорем, ки аз 150 то 200 нафар ҷамъ шуда, аз Туркия дархост кунем, ки террористонро нагузоранд тазоҳурот кунанд. Ба онҳо иҷозат дода нашавад, балки онҳоро ба Тоҷикистон истирдод кунанд”.

Ин бори аввал нест, ки гуруҳе аз ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо гирди ҳам меоянд. Охирон маротиба онҳо ду рӯз қабл онҷо таҷаммӯъ карда буданд. Аҳмадхӯҷа Давлатов мегӯяд, 20 феврал наздики 70 нафар аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе ҷавоби номаи қаблан фиристодаашонро карданд: “Аммо касе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба назди мо набаромад”.

17 феврал низ ин ҷавонон назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омаданд. Даъвои онҳо ин буд, ки Аврупо ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ ва мухолифонро истирдод кунад.

Дар гузашта ин гуруҳ назди Сафоратҳои Амрикову Олмон дар Душанбе низ таҷаммӯъ карда, хостори истирдоди Додоҷони Атовулло, Абдумалик Абдуллоҷонов ва Муҳиддин Кабирӣ шуда буданд.


Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Касе, ки инхоро рохнамои мекунад, хато мекунад

эрач
рахмат ба инхел чавонон,ки дарк мекунанд дар точикистони мо нофахмихои бисер хастанд инхел чаононро бояд дастгири кардан даркор

Salom avvalan, shahsi bo nomi Ahmadhuja yakbor voridi Turkiya shavad va bo chashmi hud binad ki to chi andoza ba kavli u Teroristhoi tojik dar Turkiya mavjud ast, Oyo in kori Saforati Tojikiston dar Turkiya nest magar. Agar yak du terörist mavjud boshad pas Saforati Tojikiston chi kor dorad dar Jumhurii Turkiya.

Масум
Аллох худуш хидоят кунад хамаи точикора..

Митинг модда шудааст. Шояд халли мушкилии мо низ дар митинг бошад. Биёед хама барои халли мушкили митинг кунем. Митинге ки хукумат ба чавонон ёд дода истодааст))))))))))))))))))

Туркнажод
Туркия барои он Кабириро намедиҳад, чунки давлати демократӣ аст. Ба кабирӣ паноҳандаи сиёсӣ додагиш.
Дигар сабабашро ҳукумати Душанбе хубтар медонад. Хитой шаҳрвандҳои Туркияро дар территорияи Тоҷикистон арест карда бурда дар Хитой ба дор овехт. Ҳукумати Тоҷикистон ягон коре накард, ки пеши роҳи хитоиҳоро гирад.
Шумо Кабирӣ террорист гуфта гардед.
Озодагон чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)