Бахшҳо

Академик Масов бо беш аз ним миллион пули шахсияш мактаб месозад

Академик Раҳим Масов, собиқ директори Пажуҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи қалами осор ва мукофотҳои дар озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардааш дар зодгоҳаш деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.

Муборакшо Холинов, яке аз наздикони академик Масов дар суҳбат ба “Озодагон” таъйид кард, ки Раҳим Масов зимни сафари ахири худ ба зодгоҳаш, бо раиси ҳукумати ноҳия ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи мактаби деҳаи Мдехарв мактаби муосири таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.

Ба гуфтаи манбаъ академик Масов изҳор доштааст, ки дар марҳилаи аввал барои сохтани ин мактаб ним миллион сомонӣ ихтисос медиҳад ва баъдан низ барои сохтмони пурраи мактаб сармоягузорӣ хоҳад кард.

Дар ҳукумати ноҳия Ванҷ ҳам ба “Озодагон” гуфтанд, ки бунёди мактаби муосирро худи академик Раҳим Масов тирамоҳи соли 2015,зимни сафараш ба ноҳия пешниҳод кард ва айни замон корҳои тарҳрезиву лоиҳакашии бинои мактаб идома дорад: “Бо итмоми ин корҳо сохтмони мактаб оғоз мешавад”.

Академик Раҳим Масов яке аз чеҳраҳои маъруфи илмӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон буда, аз умраи олимони варзидаи таърих ва таърихнигории кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Осори академик Масов ҳамеша дар доираҳои илмӣ ва сиёсӣ мавриди баҳсу баррасиҳои доманадор қарор гирифта, ки китоби “Таърихи табартақсим”-и эшон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта аз ҳамин қабил мебошад. Раҳим Масов соли 1939 дар ноҳия Ванҷ зода шуда, аз соли 1988 то соли 2015 директори Пажуҳишгоҳи тарих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон буд. Академик Масов дар баробари шахсият ва ҳайсияти маъруфи илмӣ доштанаш дар Тоҷикистон бо мавқеи устувори ҷамъиятияш низ эътироф шудааст ва ҳоло мудири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Академик Масов- таърихнигори хакикатнавис ва олими ватандуст. Вакте "Таърихи табартаксим"-и уро хонда будам гирья кардам ба такдири талхи точик.Дар хакикат у точиктарин точик аст. Навиштахояш мушти обдор ба дахони дуздони таъриху фарханг ва молу мулки точик. Академик Масов-олими бузург ва хамчунин инсони бузург.Зинда бошед устоди азиз!

Ба бародар Муслим. Хай баъд чи дар н. Ванч месозад дар дигар чой месод, мухим он, ки ин шахсияти бузург икдоме хуберо ба даст гирифтааст. Шумо низ то гайбати мардума кардана дар хамон зодгохи худ ягон коре хайре мекардед бехад хуб мешуд.

Худованд хайроти кардаи Шуморо ба даргохаш кабул кунад, сафи Шумо барин шахсиятхо дар чомеа зиёда бигардад

Шайх.
Икдоми бехтарин аз тарафи точики озод шахсияти хакгу ва якруву якгу мухтарам Устоди бузургвор Рахим Масов содир гаштааст,Хар касе,ки дар равобитайи хамин икдоми нек ва хайри устод мисли занакойи сари куча гайбат мекунад е бахил хастанд ва е арусмичоз,е хар душ.nosiri,

Орзу,
Муслим аввалин ки ҳар шахс мехоҳад дар зодгоҳи худ хотирае монад. Дуюминки чи тавре ки дусти азиҳ дар поён қайд кардан Тоҷикистон-да факат шаҳри Душанбе нест дигар шаҳру виоятҳо ноҳияҳо ҳам ҳастанд ҳар шахсе ки дар Ватани худ чизе созад ин ҳам фахр аст,ки мо чунин шахсони маъруф дорем ва бояд фахр кунем . Дар охир гуфтани ҳастам ба устод умри дароз тани сиҳат ва сари баландро орзу дорас

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)