Бахшҳо
03 мар 2016 14:16Тоҷикистон / Тема дня

Убайдуллоев дар бораи нафрати мардум ба мансабдорон: Қонуншиканиҳоятонро мебинанд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар ҳузури аъзои парлумон, вазирон ва раисони вилоятҳои кишвар аз нақзи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аз сӯи мансабдорони тоҷик суҳбат кард.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ иттилоъ дод, Убайдуллоев дар хитоб ба ҳозирин гуфт, “99 дарсади онҳое, ки қонуни танзимро вайрон мекунанд, мою шумо, ҳамин ҷо нишастаҳоем”.

Ба таъкиди Убайдуллоев, бештар қонуни танзимро мансабдорони воломақом нақз мекунанд ва мардум инро мебинад: “Вақте мардум мебинанд, ки мансабдорони воломақом қонунро риоя намекунанд, нафраташон меояд”.

Раиси Маҷлиси Миллӣ инчунин аз журналистони кишвар интиқод намуд, ки вақте як-ду одами ба истилоҳ бесоҳибро меёбанд, атрофашон зиёд менависанд, аммо аз ифшои қонуншиканиҳои мансабдорони воломақом метарсанд. Ӯ аз намояндагони ВАО даъват намуд, дар самти ифшои қонуншиканиҳои мансабдорон фаъол бошанду ҳолатҳои риоя нагардидани қонун аз ҷониби мансабдоронро ба мардум расонанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, муборизаро барои ифшои қонуншикании мансабдорон, аз ҷумла риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро пурзӯр намояд.
Мӯҳр
Педагог
Бисёр хуб мешуд,дар шахр тафтишоти мактабу кудакистонхоро ба танзим дароварда мешуд.......маънояшро бояд фахмед.

Бо чашми бечорагон негох кардан даркор на ба чашми мансабдорони калон чи хел мардум азоб кашидааст

Дар тули 23-соли хукумати Э.Рахмонов,шумо хамчун мири шахр хамкадаму хамнафаси онон будед! Наход,ки аз конуншиканихо дар доираи мансабдо рони ниходхои давлати,навакак огох шуда бошед?Ва е болобарии рейтингатон дар чомеъа,ба хотир расида? Лутфан бигуед,ки конуни "танзим",барои як миллати кашшоку камбагал,чун точик,ягон асоси вокеъи ва зарурате дорад? Ин хама,маколи бобогиамонро,ба ед меорад: "Бой ва е сарватманде туйи дабдабанок кард,муборак бошад! Камбагал кард,у аз кучо ефта бошад?Дар бораи озодбаени ва амнияти рузноманигорони точик, кафолати шумоен лозим аст! Сарбаланд бошед!

Амин
Ба ташкилкунандагони маърака ва туйхо
--хохед ки туй орому тенч гузарад дар ресторан вай файи бепул ташкил кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)