Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мирзо: Домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид!

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик роҳи ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва таҳдидҳои зиддимазҳабиро дар баргардонидани домуллоҳои саршиноси кишвар ба минбар унвон кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо гуфтааст, тайи даҳ рӯз дар масҷиди мавзеи Куҳдомани шаҳри Кӯлоб, ки замоне масъулияти хатибии онро бар душ дошт, бо мардум гуфтугуҳо анҷом дод ва онҳоро аз хатарҳои Салафияву Ваҳҳобия ва гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳушдор дод. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ ба ҳафтаномаи СССР таъкид намудааст, ҳарчанд ҳадафи онҳо аз чунин мулоқотҳо пешгирӣ намудан аз пайвастан ба ҷараёнҳои зиддидавлатӣ аст, аммо бо вуҷуд аз оростани ин гуна суҳбатҳо тарс доранд: “Тарси мо аз ин аст, ки мабодо мақомот фикр накунанд, ки 1 нафар домуллои бе мансаб, яъне банда бо мардум вазъ мегӯяд. Мабодо ба сохторҳо суҳбатҳои моро дигар хел бурда расонанд. Ҳарчанд ҳадафи мо пешгирӣ аз тавтеъаи ҷараёнҳои зиддидавлатист. Мо талош мекунем мазҳаби падарии хешро ҳифз кунем, ҷавононро ба ин мазҳаб дилгарм созем”.

Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар идома изҳор доштааст, зиндонӣ кардани узви гуруҳҳои ифротӣ маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад: “Имрӯз мешунавем, ки саф-саф ҷавонони кӯлобиро ҳабс ва аз ину он ноҳия боздошт мекунанд, вале бояд дарк кард, ки мардумро зиндон кардан, маънии пешгирӣ аз ин равандҳоро надорад, сафи зиндониёнро набояд зиёд кард. Инҳо ба зиндон, ки рафтанд усулан аз ин раванд намебароянд, зеро зиндон ҳатто розиёнро норозӣ месозад, ки ҳақиқатро бояд дарк кард! Ба пиндори сирф фардии мо, роҳи раҳоӣ аз вартаи пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ҳаст ва он роҳи зӯрӣ набояд бошад”.

Ҳоҷӣ Мирзо роҳи муваффақ шуданро дар набарди психологии мазҳабу равияҳои дигари ҷангхоҳ - шинохти бештари Абӯ Ҳанифа ва мазҳби Имоми Аъзам дониста, таъкид намудааст, Абӯ Ҳанифаро бояд тарзе муаррифӣ намуд, ки бо шунидани номи ӯ пайравонаш раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаву ҷонашонро фидояш созанд, мисле, ки ҷавонони ҷангҷӯ барои кадом пешвои имрӯзаашон мекунад. Ба бовари вай, баъзе аз ин афрод ҳатто саводи кофии динӣ надорранд: “Мисол онҳо мегӯянд, бинед, дар кишвар масҷидҳоро хона мекунанд (дар назар доранд масҷидҳои хурд-хурдеро, ки дар маҳалҳо ҳастанд), сатрҳои занҳои моро мегиранд, масҷидҳоро мебанданд, минбарҳо микрофон надоранд... Мо набояд равғанрезӣ таблиғу ташвиқашон гардем. 4 даҳан гапи сахт мегӯянд, ҷавонон онҳоро устод гуфта, аз пасашон мераванд, дар асл саводе ин устодону шогирдон надоранд”.

Ҳоҷӣ Мирзо дар ин суҳбат бо ҳафтаномаи СССР аз афзоиши таҳдидҳои зиддимазҳабӣ ҳушдор дода, гуфтааст, воқеан имрӯз мазҳаби мо дар хатар аст. Ба таъкиди ӯ набояд ба “заҳролуд” шудани ҷавонон роҳ дода шавад: “Минҷумла, домуллоҳои бузургро ба минбар бояд баргардонид! Ҳар рӯз дар Кӯлоб ва дигар навоҳӣ мешунавем, 5-10 нафарро доштаву ҳабс мекунанд. Сабаб чист? Сабаб манъи суҳбати мазҳабӣ аз ҷониби домуллоҳои мазҳабии мост”.

Руҳонии тоҷик инчунин савол гузошта, душмане, ки на силоҳ дорад, на дониш ва на Қуръонро тафсир карда метавонад, чаро ҷавононро ба ҳалқаи доми тазвир мегираду афсун мекунад? Ва дар ҷавоби ин саволаш гуфтааст: “Зеро халои мазҳабиро кашф кардаанд, инҳо бештар психологанд, ки олими фиқҳу тақво бошанд. Онҳо аз камбуди сиёсиву идеологии мо сӯистифода мекунанд ва ба сарҳои ҷӯши ҷавонон нохун мезананд”.

Ба қавли Ҳоҷи Мирзо дар кишвар домуллоҳои донишманди қавӣ ҳастанд, вале минбар надоранд, то аллайҳи гуруҳҳои ифротгаро сухан бигӯянд: “Домуллоҳои мо дар дониш, илм, фиқҳ, тафсири Қуръону ҳадис аз онҳо ба карат болотару донотару қавитаранд. Зеро аксарияти кулли онҳе, ки ба дом уфтодаанд, саводи казоӣ надоранд. Вале онҳо дигар чиз доранд - минбари пинҳонӣ, интернету телефону ваъзҳои барангезанда. Мо на минбар дорем, на микрофон, на суҳбат карда метавонем. Бигузор суҳбатҳои мо сабт шаванд, пахш шаванд, ку бинем, мо зидди мазҳабем ё пуштибони мазҳабу давлату миллат?”
Мӯҳр
шогирд,
Мо Алхамдулиллох пайрави имоми Аъзам хастем ва ин мазхам ягон вакт ифроти набуд ва нест.Домуло суханхои рост гуфтан факат масочид ва амри маъруф метавонад аз рохи ифроти боз дора на зиндони кардан!!!

АБДУЛЛОҲ
Бародарҳое ки комент менависед вақтеки сухан мегуед бо ҳикмат сухан гуед!Бовар кунед коментҳоро мехони на ҳикмат на мантиқ на маъни на тарбия!Албатта ҳамаро дар назар надорам.Хато бошад бахшиш!АЛЛОҲ ҳамаи моро ҳидоят кунад.Озодагон зинда бошед!

Насиҳат
Боби эшон аз фикри мансабдоро чӣ метарсед? Аз Худо тарсед, ҳақиқатро новобаста аз мансабу мақоми касе бояд гуед. Фардо барои ин ки мабодо мансабдоро фикр накунанд ки шумои бемансаб чи мегуед, Худо аз Шумо мепурсад.

саид
БА ШОГИРД пастарин сахоба аз авлиеи замон бехтар аст. Илтимос вакте ки аз ислом илм надоред бахс накунед. Дар ТОЧИКИСТОН як МАДРАСА аст лекин ДОНИШГОХО хисоб надорад. Ин донишчуен баъди хатм ЧАРО ИХТИРО намекунанд е ин ки айби АБУСУФИЕН МУОВИЯ.

Точики ориёпур
Давлати Точикистони азиз бояд аваллин коре ки мекунад садои натанхо ин мулло балки мисли инхоро мамнуъ эълон кунад инхо зарбахое ки тули хазору чорсад сол ба мардуми точик ва чахон заданд зуд фаромуш кардаанд. бо шамшери ислом ва муслимин то соли 2007 и милоди 270 миллион инсон ба катл расидааст маълумоти аник ва сахехаш вучуд дорад( байни ин 270 миллион бештаринаш зану кудак ва пироу кампиронанд) шояд то имруз куштахо якчанд миллиони дигар зиёд шуда бошад. Тасаввур кунед ки дар аввали ислом дар тамоми чахон 235 миллион одам дар сайёра зиндаги мекард. Ин муллоро як ду сухбаташро гуш кардам буи бади мазхаб ва афсонахои мазхаби ки хеч хакикаташон пайдо набуду нест хама чоро гирифта аз хамон -чавонони кулоби гуфтанаш маълум ки буи бади махалгароиаш хам бар чор тарафи минтака пароканда мешавад. Ин мазхаб мутаасифона хеч чояш дар мавзуи ишк ва кор сухан намегуяд хеч чояш нест ки бигуяд имруз дар чахон наздик ба 300 миллион одам зиндаги мекунад ва ин ракам вакте 8-10 миллиард бишавад бояд чи кор карду чи гуна бояд зист факат дуо кун, намоз хон хамаш мешава Аллох бузург аст тамом!! Чингиз омад пуст канд- дуо кун, Шайбони сар бурид Темир катли ом карда Сталин омад нест кард дуо кун шабушку дигар хашаротхо хама чоро фаро гирифт -Аллох кумак мекунад, муъчиза мешавад хеч чиз нашуд то замоне ки уруси кабир ёри карду халос хурдем набошад мисли афгонистон ва Сомали буд сарзаминхои мо. Чаро чун ба аминхо минбар додем ба хаминхо риши сафеду рухоният гуфта эхтиром гузоштем арч гузоштем. Ази дасти хаминхо буд ки дар сразаминзои ишголшудаи аз тарафи арабхои мусулмон суфизм шакл гирифт риёзаткаши пайдо шуд дунёгурези гушаву узлатнишинихо ва аз хама ачиб ин ки дар сарзамини вахй худаш як ориф ва ё суфи ва ё донишманди тавоноеро надидем ки надидем .. ба хамин сабаб буд ки Розиву Синову Хайёму Фирдавсихо пушти по заданд ба ин шайху шуюх. фильми инхо дар чахони муосир тамом шудааст худашон хабар надоранд солхои оянда инсоният ба сайёрахои дигар куч хохад баст ва инхо мунтазири киёмат бо дахани боз хоханд монд.

Банда чанде аз шарххоро хондам ва бовар кунен аз бесаводияшон огах гардидам. Дуруст аст ки имруз чомеаи мо ба чандин мушкилотхои мураккаб рубару шудааст аз ин ру садорату хукумати кишвар бояд бо чомеа дар тамос бошад. Вокеан хам суханхои устод дуруст,зеро Точикистони моро аксаран мусулмонхо ташкил медиханд(Алхамдулиллоh) аз инру бояд бештар ба мардум воизону домуллохо кор баранд, то хар шахс "чиход"-ро аз "терракт" фарк намуда тавонад. Инчунин пеши рохи ин мушкилиро бо ба зиндон андохтани шахсони ришдору муллохо гирифта ин танхо нафрат ва хашми мардумро боло бурда назархои радикалиро ба миен меорад, зеро дар мавридхо хукухои "конститутсионии" онхо поймол мегардад.
"Шогирд" барои ба харгуна хараакатхо павастани ту барин ашхосе ки умуман саводи дини надоанд Эшони Хочи Мирзо сабабдор нестанд. Ва ислом ягон вакт илму фанро аз назар нагузоштааст ва бисере аз олимони бузург донандаи Курьон буданд.
Ва онгуна инкишофе ки Аврупоиене ба мисли кавми Лут доранд ба мо лозим нест.
Точики орие ва умуман ашхосе ки дар инчо суханони устодро рад кардаанд инро дониста бошед Ислом бе шумо низ буд ва бе шумо низ хаст ва хохад буд аммо мову шумо бе ислом маглуб нест хохем шуд.
Озодогон нашр созед илтимос

Оянданигари
Номаъкул карди Махмуд. Европа бе ислом Хитой Япония Хиндустон ё худ 6 у ним миллиард одами сайёра бе ислом зиндаги доранд, пеш аз ислом хам инсон зинда буд хеле тамаддунхои бузург хам дошт ислмом бисёр чизи хуб хамон вакт хаст ки дар масчид ва дили худат бошад вакте ба минбар ва ё сиёсат расид бадтарин чизест ё рохест ки инсон то имруз дида. ихтироъоте ки инсонхо карданд 00000000000000000000000000,1 фойизаш хам ба ислом ва мусулмон таалук надорад ин шармандагист

Баъди оне, ки муҳокимаи тоҷики ориёипурро хондам. Аз таҳқирҳои нисбати дин ва таърих кардааш хеле озурда гаштам ва барои таҳқиқи дурустии андешаҳояш тоҷики ориёпурро ба мубоҳиса даъват мекунам.

Точик
Фузайл китоб хон. ба гайри китоб ва андешахои уламо донишмандони чахон зиёданд. чахона ба чашми хирад нигар бародар мо дар бахсхо пир шудем. бо ту бахс кардан фоида надорад чунки ман мавзухои аклиро гуям ту наклиро мегуи ман гуям чаро ин хел, ту мегуи ки Абухурайра ё дигараш ин хел нагуфтаст. як нафар хирад ва мантикгаро наметавонад бо як нафар муътикиду динбовари шадид бахс кунад натича намегирад. ба гуфти як донишманди Европа ки аз вай савол карданд ки: чаро як нафар мазхаби аз рохаш намегардад, сабабаш чист? Гуфт: мазхаби харос аз туфлихояш дорад чунки намехохад ин кадар рохе ки паймудааст хато бошад!!!

бозор
фузайл,
Точики Ориопур дурусти дуруст мегуяд. магар ба 270 млн кушташуда бо номи ислом ва бо шамшери ислом шак дори? аз ин шояд зиёдтар бошад. Фузайл магар намебини, ки хар руз бародарони мусалмонат,ки боз мучохиди рохи хакашон мепиндоред, метарконанду мекушанду кала мебуранд? инхо танхо боз мусалмон мекушанд, мусалмон метарконанд, мусалмон кала мезананд. дар Афгонистон хам мусалмонмекушанд, дар сурия хам ва дар хар кишвари исломи. барои чи бахс кардан мехохи? барои он, ки 270 млн кушташударо хунашонро халол хукм куни? барои он давом додани куштанро бо номи ислом бихишти бигуи?

шогирд
саид,
ба Саид. барои он донишчуи имруз наметавонад ихтироъ кунад, ки шумо дар худуди беш аз хазор сол зербино ва решаи илми дакикро дар шарки исломи нобуд сохтед, куштед, сузондед, ба дор кашидед хамрох бо муовияву-абусуфиёнихо. шумо зери сахехтарин хадиси паёмбар "зи гахвора то гур дониш бичу", амал накардед. шумо зери хадисхои сохтаи абусуфиён, "ганимат бурдан, моли мардумро ба худ халол хисобидан, кофир хисобидани мардум, куштан, дор задан ва гаййра...." амал кардед. олимхои илми дакик барои рахо ёфтан аз теги шамшери шумо мачбур мешуданд чомаи шоири ба тан кунанд ва якчанд шеъри дигар хам дар васфатон бисароянд ва кори илмии худро дар пушти шеъри тасавуфи ё дини пинхон кунанд. равшантарин мисолаш Сино ва Хаём хастанд, ки шумо то хол кофирашон мепиндоред. дар масъалаи дониши дини доштанат, маълум аст, ки боз хама омухтагият дар доираи китобхои музахрафотие хаст, ки дар васфи абусуфиёну муовия бофтаву ривояту таъриф шудаанд.

muslim
Эй касоне ки дар хаки Бобои Хочи гапхои носазо гуфтед худатон чи хизмате ба ин миллиту давлат ва бар дин кардаед?
Аввал гиребони буйноки худатона буй кунед баъд ба корхои дигаро бахо дихед.
Офаринатон бод бобои Хочи Мирзо!!!

Баъди таҳқири ислом ба таҳқири ман даст задед, хуб! Аввалан ин рақамҳои доғи иншонамудаатонро исбот намуданатон лозим аст. Дар ин ҷо навиштану интизор шудан ба ман мушкил аст, агар тавонед рақами телефонӣ ва ё ки номи саҳифаҳои интернетиатонро чоп кунед, то бо шумо дар ин бора сӯҳбат намоям. Ва ё ки хоҳед дар ин бора баҳси илмӣ (наҳаросед ба мисли радикалони динӣ баҳси динӣ наменамоям) мекунем. 270-миллион шояд кам бошад, ин шумораро ба миллиард мерасондед шояд ба андешаи шумо дурусттар мешуд!!!

Точики ориёпур,
Ту ва ту баринхо факат руспарастед аз Аллох минатдор шав ё ин ки туро Ауъзубиллох туро урус халк кардаст хаминхо буданд ки мо халки точик 100-солахо акиб мондем ва монда истодаем.Ту хамин хел интизор фардо дар махшаргох мебини бо уруси кабират ба кучо мерави

фарзон
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)