Бахшҳо
28 апр 2016 16:37Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шаҳноз: Нагузоштанд, ки дар назди Президент баромад кунам

Як ҷавондухтар аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мегӯяд, масъулини ноҳия ба ӯ иҷозаи суханронӣ дар назди раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмонро надодаанд.

Шаҳнози Ниёзбоқӣ мегӯяд, қарор буд 23 марти соли равон дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳраки Бӯстони маркази ноҳия, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар қатори дигар духтарон ӯ ҳам баромад мекард. Шаҳноз имрӯз, 28 апрел дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, “чанд моҳ қабл аз сафари Президент омодагӣ гирифтем. Ба чашми худам дидам, ки дар рӯйхати пешниҳодшуда барои суханронӣ кардан, номи ман ҳаст, лекин баъдан онро аз феҳраст берун кардаанд”.

Ӯ гуфт, вақте барои фаҳмидани сабабҳои ин ҳолат ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кард, барояш гуфтаанд, дар вилоят чунин тасмим гирифтаанд. “Назди раиси вилоят рафтам, гуфтанд, ки шуморо бори аввал мебинем ва рӯйхат аллакай пешниҳод шудааст”.

Шаҳноз афзуд, баъди ин аз ҳукумати ноҳия дархост кард, то сабаби аз рӯйхат гирифтани номашро хаттӣ шарҳ диҳанд: “Дар ҷавоби хаттӣ посух омад, ки барои баромад кардан дар назди Ҷаноби олӣ бояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошта бошед”.

Дар мактуби хаттии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, ки як нусхаи он ба дасти “Озодагон” ҳам расид ва зери он муовини раиси ноҳия Умарзода. З.В. имзо гузоштааст, гуфта мешавад, “дар озмуни баромад дар назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт”.

Шаҳноз Ниёзбоқӣ мегӯяд, баъди дарёфт кардани ҷавоби хаттӣ хоҳиш кард, ҳадди аққал ҳамчун иштирокчии қаторӣ вориди базмгоҳ шавад, аммо муваффақ нашуд. Ӯ иддао дорад, дар ҳукумати ноҳия гумон кардаанд, дар назди Президент аз кадом мушкили худ ҳарф мезанад, аз ин рӯ номашро аз рӯйхат берун карда, ҳатто иҷоза надодаанд, ки ба майдони баргузории чорабинӣ ворид шавад. Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ бар ин аст, ки далели иҷозаи суханронӣ ва вуруд ба базмгоҳ наёфтанаш ин аст, ки соли 1998 ҳангоми исёни Маҳмуд Худойбердиев дар Суғд падари ӯ кушта шуд: "Дар ҳукумати ноҳия фикр кардаанд, ки ман дар назди Эмомалӣ Раҳмон аз марги падарам қисса мекунам. Вақти озмун шунидам, ки як намояндаи ҳукумат гуфтааст, ин духтар рӯзҳои сахтро дидааст, мабодо аз куштори падараш ҳарф назадад? Боз фикр мекардаанд, шояд ман аз Президент хонаи истиқоматӣ талаб мекунам”.

Аммо ин ҷавондухтар мегӯяд, ҳадафаш танҳо изҳори сипос ба Президент буду бас: “Соли 2007 вақте Ҷаноби олӣ ба ноҳияи мо омада буданд, аз он кас хоҳиш намудам, ки барои ман квотаи президентӣ ҷудо намоянд, то дар донишгоҳ таҳсил кунам. Хушбахтона ин хоҳиши маро дастгирӣ намуданд ва соли 2012 донишгоҳро хатм кардам. Мақсади ман аз суханронӣ ин навбат танҳо миннатдорӣ баён кардан буд”.

Нусхаи мактуби ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ

Шаҳноз: Нагузоштанд, ки дар назди Президент баромад кунам

Мӯҳр
Инчо айб дар сиёсати кухистонибадбинонаи хукуматдорони Хучанд меравад, ки мардуми водии Зарафшон ва алалхусус Мастчохро чашми дидан надоранд. Ана ёбеду гиред. Зарафшони ориёи набудаасту Хучанди ориёи будааст. Хандаи хар меояд.

ориёиии
Хохарчон, аз раиси вилоятатон напурсидед, ки хамин баъзе рохбарони вилоят- шахру нохияхои Сугд симои ориёи доран????? Худованд Шуморо муваффак ва сихатманд нигох дорад.

Чехраи ориёи? Ин табъизи руирост, дискриминатсия нисбати инсон аст.

камон
агар мо кадри раиси вилоятро надонем кур мешавем барои як гарази шахси обруи мастчохиёнро паст назан ин кадар ободи шуд дар нохия

Хайфи ту бонуи зебо барои гарази шахсиат номи мардуми мастчохро бад карди расми караскаолудата бароварда реклама карди пои рохбаронеки барои мардуми мастчох хизмато кардан кардаистодаанд мекапи айба дон

Шавкат
Кори хукумат кати бози накунед чунки шумо шав ба хузур хобкардает намедонед ки шабонгох дар гранитсахо чи гап хаст чи хел хукумат инро фикр мекунад. Якум ин ки чаноби оли барои иди навруз ва 60 солагии дашти делварзин омада буд на ин ки барои проблемаҳои мастчоҳ ягон нафар дар бораи проблемаҳо ва минатдори дар назди ҷаноб баромад накард.. Барои проблемата ҳал кардан мери душанбе наздаш гапата мегуи. Гунги тутала.,

Точики оддии мухочир
Мардуми масчох, мардуми богурур аст, аммо афсус, чи хеле, ки мегуянд чангал бе ъаргушу рубох намешавад, холо чанд нафар пайдо шуданду ин хохарро танкид доранд.

Ман Умарзода Зайнура Васлӣ – муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошам. Зани озод ва ватандусти миллат. Мо мардуми Мастчоҳ ифтихорманд ҳастем, ки Пешвои Миллат Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафар намуда, ба мардуми меҳнатқарини он илҳому нерӯ ва қуввату мароми нав бахшиданд. Ободкориҳои зиёдро дар ноҳия агар касе дида натавонад, ӯ курдил аст.
Номаи навиштаи Шаҳноза маро ба ҳайрат овард. Ин духтар шогирди ман буд. Вале ҳайронам, ки бо дасисаҳои иддае, ки мани зани оддӣ ва соҳибмаърифатро дар ин мансаб дидан намехоҳанд, ба ғаразҳои онҳо дода шуда, беасос ҳангома хезонидааст. Аввал ин ки ҳеҷ як баромади сокинон дар нақша набуд. Ҷаноби Олӣ аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ карданду чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. Ягон нафар ҳам сухан накардааст, магар ки Шаҳноза.
Агар мақсади Шаҳноза сухан гуфтан мебуд, ба мулоқоти озоди Сарвари давлат ҳангоми ифтитоҳи мактаби деҳаи Андарвашт мерафт ва озодона фикрашро баён мекард, чун нафароне, ки озодона онҷо сухан гуфтанд.
Нисбати мактуб гуфтаниям, ки ба дасисаи афроди ғаразманд нисбати вазифаи ман даромада, бланкаи мақомотро аз касе ёфта, мактуби ҷавобии маро ба дигар мазмун гардонида, имзои қалбаки гузошта ба сомонаҳо равона кардааст. Доир ба масъалаи симои ориёӣ доштан, қоматбаланд будан дар озмуни интихоби раққосаҳо эътибор дода шуда буд, на дар ягон озмуни дигаре, ки Шаҳноза ҳамаро ба гумроҳи бурдааст. Озмуни раққосаҳоро озмуни баромадкунандагон арзёби кардан ин аз иштибоҳи бузурги Шаҳноза аст.
Асли мактубро ба почтаи электронии сомона пешниҳод мекунам.
Доир ба ин амали барқасдона ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва албатта ҳақро ба ҳақ мерасонам.
Мо мардуми Мастчоҳ аз ташрифи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, аммо ҳайфи нафароне, ки дар дил ғаразу кина ва адоват доранду шаъну эътибори мардуми Мастчоҳро бо истифода аз ин ҳолатҳои нозук паст мезананд. Боқи қазоват аз ту хонандаи азиз!

масчои
садкат бишам ба ин раису вазирои навбаромада!

Шери нари масчох
Озодагон ба фикрам хести ки хоби барои чи навиштахои маро чоп намекуни? е турам ба мисли шахноз ба ин казия яктарафа бахо медихи?

Отмазкара бинед !!!!
Ба хонандагони азизи шабакаи иҷтимоии Фейсбук
Ман Умарзода Зайнура Васлӣ – муовини Раиси ноҳияи Мастчоҳ мебошам. Зани оддӣ, озод ва ватандусти миллат, маълумотам олист. Мо мардуми Мастчоҳ ифтихорманд ҳастем, ки Пешвои Миллат Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сафар намуда, ба мардуми меҳнатқарини он илҳому нерӯ ва қуввату мароми нав бахшиданд. Ободкориҳои зиёдро дар ноҳия агар касе дида натавонад, ӯ курдил аст.
Номаи навиштаи Шаҳноза маро ба ҳайрат овард. Ин духтар шогирди ман буд. Вале ҳайронам, ки бо дасисаҳои иддае, ки мани зани оддӣ ва соҳибмаърифатро дар ин мансаб дидан намехоҳанд, ба ғаразҳои онҳо дода шуда, беасос ҳангома хезонидааст. Аввал ин ки ҳеҷ як баромади сокинон дар нақша набуд. Ҷаноби Олӣ аз ҳайкали Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ карданду чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. Ягон нафар ҳам сухан накардааст, магар ки Шаҳноза.
Агар мақсади Шаҳноза сухан гуфтан мебуд, ба мулоқоти озоди Сарвари давлат ҳангоми ифтитоҳи мактаби деҳаи Андарвашт мерафт ва озодона фикрашро баён мекард, чун нафароне, ки озодона онҷо сухан гуфтанд.
Нисбати мактуб гуфтаниям, ки ба дасисаи афроди ғаразманд нисбати вазифаи ман даромада, бланкаи мақомотро аз касе ёфта, мактуби ҷавобии маро ба дигар мазмун гардонида, имзои қалбаки гузошта ба сомонаҳо равона кардааст. Доир ба масъалаи симои ориёӣ доштан, қоматбаланд будан дар озмуни интихоби раққосаҳо эътибор дода шуда буд, на дар ягон озмуни дигаре, ки Шаҳноза ҳамаро ба гумроҳи бурдааст. Озмуни раққосаҳоро озмуни баромадкунандагон арзёби кардан ин аз иштибоҳи бузурги Шаҳноза аст.
Асли мактубро ба почтаи электронии сомона пешниҳод мекунам. Доир ба ин амали барқасдона ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардам ва албатта ҳақро ба ҳақ мерасонам.
Мо мардуми Мастчоҳ аз ташрифи Ҷаноби Олӣ сипосгузорем, зеро бо дастгирии Пешвои миллат ноҳияи мо ободу зебо гардид ва имруз симои худро куллан дигар кардааст. Аммо ҳайфи нафароне, ки дар дил ғаразу кина ва адоват доранду шаъну эътибори мардуми Мастчоҳро бо истифода аз ин ҳолатҳои нозук паст мезананд. Боқи қазоват аз ту хонандаи азиз!

Фаррухи Рустам
Шахноза бахшиш вале он чизе ки Шумо аз вай хангоми калон сохтани хастед хамаги як чизи оддиест. Агар Шумо вокеан дарди дил доред пас чаро онро ифшокорона дар сомонаи Президент чой намедихад. Бовар кунед хеч як мактуби шумо бечавоб намемонад. Аз комментарияи дигархо мефахмаам, ки мехоханд Пешвои миллатро танкид кунанд ва ахли мардуми Мастчохзаминро. Шумо чи тавр ба ин рози хастед, дар холе ки соли 2007 махз Президент ба Шумо квота доду, вале Шумо то ба хол ба кавли руси "кидат" карда дна дар мактаб балки дар бонк ба хотири гирифтани пули калон кор мекунед.

Хайфи мансаби муовинни раиси нохия ки ба Умарзода насиб гаштааст

рохгузар
Рости ман шармам меояд аз он мансабдорон то хол кучо буди акнун зинда шуди чонишини раиси нохия хести ки хоби... Хохари Азиз аз ин корхо дилшикаста машав зеро ки поёни шаби сиёх сафед АСТ.

донишҷӯ
умарзода з.в. аз ту хоҳиш менамоем, ки яке аз расмҳоятро ба Озодагон равон кун то бубинем симоят ориëи бошад. Бо суханҳоят нисбати Шаҳноз навиштаи бояд туро ба суди Гаага додан даркор ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)