Бахшҳо

Нашри навори латукӯб ва дашномдиҳии гӯшношунид барои таҷлили Ҳолӣ дар Душанбе (САДО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аудиоии 16 дақиқаӣ нашр шудааст, ки ба иттилои ноширонаш дар он лаҳзаи латукӯб ва дашномдиҳии ҷавонони боздоштшуда барои таҷлили Ҳолӣ дар идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сабт шудааст.

Қаблан бархе аз таҷлилкунандаҳои Ҳолӣ, ҷашни ҳиндии рангҳо дар Душанбе шикоят карданд, ки 15-уми май баъди таҷлили Ҳолӣ дар хиёбони марказии пойтахт боздошт шуда, дар идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди таҳқир, латукӯб ва таҳдиди таҷовуз қарор гирифтаанд.

Дар навори аудиоие, ки зоҳиран пинҳонӣ сабт шудааст, маъмури милиса духтаронро дашномҳои қабеҳ медиҳад ва инчунин садои зарба ва гиряи духтарон ба гӯш мерасад. Дар ин навор духтар бо садои гиряолуд хоҳиш мекунад, ки ӯро назананд, аммо марде, ки зоҳиран маъмури милиса аст, дашномдиҳиро идома медиҳад. Дар пасманзари дашномдиҳии қабеҳи гӯшношунид инчунин садои зарбаю латтукӯб ба гӯш мерасад.

Духтар дар ин навор изҳор медорад, ки “илтимос ака, ман намедонистам, ки мумкин нест”. Аммо мард дашномдиҳияшро идома дода, меафзояд, ки ту чӣ худата, сиёҳ кардӣ... Ин мард дашномдиҳии гӯшношунидашро қатъ накарда, изҳор медорад, ки чунин корҳо бояд “согласоват” шаванд.

Навори аудиоии таҳқиру дашномҳои гӯшношунид ин ҷост

Ин дар ҳолест, ки баргузоркунандаҳои ҷашни Ҳолӣ дар Душанбе ба "Озодагон" изҳор доштанд, ки ин ҷашнро дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Вазорати корҳои дохилӣ гузарондаанд. Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, бархе аз ҷавонон, аз ҷумла ноболиғон танҳо барои он боздошт шудаанд, ки баъди ҷашни Ҳолӣ бо дасту рӯи ношуста ба хонаҳояшон раҳсипор шудаанд.

Қаблан яке аз ҷабрдидаҳо бо тахаллуси Roma Anderson дар саҳифаи худ дар фейсбук навишта буд, ки ҳангоми бозгашт ба хона ӯ ва рафиқашро, ки зан будааст, кормандони пулис бидуни ягон огоҳӣ иҷборан ба мошин савор карда, ба ШКД-и Исмоили Сомонӣ бурдаанд: “Пас аз нишастан дар мошин маро латту кӯб намуда, таҳқирам намуданд. Вақте ба шӯъба расидан модарамро дар он ҷо дидам. Модарам маро ҳимоя карда, ҳодисаро пурсон шуд, вале яке аз кормандони пулис ӯро зада, тела дод. Баъдан бо ӯ бо як лаҳни таҳқиромез суҳбат доштанд ва ман дигар надидам, ки чӣ шуд. Баъдан маро дар саҳни шӯъба латту кӯб намуда, таҳқирам мекарданд, ки ин ҳам барои пур аз ранг будани рӯй ва либосҳои ман буд”.

Дар пайи нашри навор ва шикоятҳои зиёди ҷавонон Гулнора Амиршоева, вакили шаҳри Душанбе ва сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вечёрка” аз ҳамаи он нафароне, ки аз сӯи маъмурини пулис мавриди таҳқиру таҳдид қарор гирифтаанд, даъват кардааст, ки аризаи шикоятӣ нависанд. Ин вакили халқӣ рафтори кормандони милисаро ношоям ва сӯиистифода аз вазифа унвон карда, таъкид намудааст, ки “ҳеч кас ҳақ надорад, шуморо, фарзандони шуморо, таҳқир кунад, модаронатонро дашном диҳад ва душмани халқ номад. То он даме ки шумо хомӯш менишинед онҳо ин одамонро таҳқир мекунанд ва беҷазо мемонанд”.

Ин вакили шаҳри Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир Вазорат аз қазия огоҳ буда тафтишоти корӣ идома дорад. Ӯ афзуд, дар назар аст, ки рӯзи шанбе бо раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар дидор кунад. Ӯ аз ҷабрдидагон хоҳиш кардааст, ки аризаҳои шикоятиро дастаҷамъона ва ё алоҳида бо суроғаи Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ба вакили шаҳри Душанбе нависанд. Гулнора Амришоева гуфтааст, “бе нишондод ва шикояти шумо мо наметавонем рафтори он нафаре, ки дар навори аудоиӣ ҷавононро таҳқиру кардааст, исбот созем”.


Ҳолӣ ё “Ҷашни рангҳо” як ҷашнвораи миллӣ-мазҳабӣ аст, ки дар Ҳиндустон, ба вижа таввасути ҳиндуҳо дар моҳи март ва ҳангоми шурӯи фасли баҳор баргузор мешавад. Ин дар тамоми Ҳиндустон рӯз таътили расмӣ аст. Дар Тоҷикистон ҳам чанд сол аст, ки як гуруҳ аз ин ҷашн истиқбол мегиранд.
Мӯҳр
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?!
Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам.

Мардуми точик синамои Хиндира дуст медоранд ку!? Хамаи актерхои Хиндира номошона аз ед медонанд... Мумкин кудакхо хдшона мехостан дар Хиндустон хис кунанд, "як ду соата" ягон Кас аз Ин залал намедид, агар пулис кордор намешуд!

Холи ин як чашни Хинди аст ки дар ин чашн хиндухо ба якдигар рангхои хархела мепошан

Muhojir
Сугдинажод,
Hindu bedin nest tu bedini.On dine,ki tu dori mazhakae besh nest! BO farhangi hudat bol, nasimi "forami" farhangi arab honai turo az behu bunash kanda bud, holo hudat gulomi! Gireboni hudata buj kun!

Гунги тутала.
Иин пппраздник ррранги Кккаранавали Бббразиииллия мммебббошад.Дддар зззери мммусикиву сссурудхонихо дддухтарон тттуьмммаи мммардони чччавону шшшавхатзззада мммегарданд.Ххоло ин сссаршавиаш аааст.Иин пппраздник рррафта рррафта ддддухтаронро ооокибатт ббероха кккардаа ооонхороо ббба ррроххои бббад мммебббарадьь.

Собит
Хамаи ин милисахоро бояд барои беодобиву накзи конуну тартибот чазо дод, чазои сажт! Бояд онхоро дар тв нишон тиян ки мардум донанд ки пулхои бо дарду ранч кор кардаи онхо ба буджем мераваду ана хамин гуна гуе хомии оромиву тартиботи мо аз он маош мегиранд. Худованд чазояшонро дихад бо ин суханхои кабех таабамро хира кард.

ТОЧИК
ИН ЧИ ГАПАСТ ИМРУЗ ИДИ АЧИНАХО ПАГОХ ХОЛЙ ПАГОХИ ДИГАР ЧИЗИ ДИГАР!!!!
ЭЙ ЧАВОНОНИ ТОЧИК НАНГУ НОМУСИ МИЛЛИ ДОРЕН ШУМО ОЁ ???
НАБОШАД ИН ЧИ ЧАШНХОЕ ХАСТ КИ ШУМО ТАЧЛИЛ МЕКУНЕН!!!
ОЁ ЯГОН ХОРИЧИ ЧАШНХОИ МИЛЛИИ МОРА КИ ХАМИНГУНА КАМАРЗИШ ХАСТАНД, КАБУЛ ДОРАНД???
ПАС ЧАРО МО ИН КАДАР БЕГОНАПАРАСТЕМ!!!
БАС КУНЕД ИН КОРОРА!!!!
МВД ХУБ КАРДААСТ. ИН БА АХЛОКИ ЧОМЕА ТАЪСИРИ БАД ДОШТА, ОХИСТА ОХИСТА ПОЯХОИ МИЛЛАТА СУСЬТ МЕКУНАД!!!
ЧИ ГАПАЙ АЙ МАЗХАБУ ХИЗБОИ БЕГОНА ХАЛОС МЕШЕМ, КИ ДАР ИДХОИ ДУНЯВИИ БЕМАЪНИ МЕАНДОЗЕНМОНА???
ИН МИЛЛАТИ ТОЧИК БАРОИ ХАМАИ МИЛЛАТОИ ДИГАРА ТАВАССУТИ 10 ЧАВОНИ БЕМАГЗУШ МАЙДОНИ ТАЛОШ БАРОИ ПАХН КАРДАНИ ИДЕОЛОГИЯШ ШИДАЙ!!!

Ба мардуми мо ба чавонон чи шудааст. Барои чи расму русми худамон истода ба як чашни миллати дига таклид карда бояд шарм дошт. Магар хамун хиндухо идхои моро чанш мегиран не албата. Шарм бояд дошт.. Хуб кардан заданшон.

Подписчики
Ихели духтарони ва писарони бероҳаро хақаш ҳаминаст иди мо кам аст ки рӯзи ба идои бегона мезананд беномусо!

Чамшед
Ин тамоман чиноят аст аз суи кормандони хифзи хукук. Мардум тамоман эътимод надорад ба милисахо. Аз ин кишвари мо пеш намеравад. Наход ба ин дарача хакорату дашному поймол кардани хукукхои шахрвандон.. Агар зиёд хукукпоймолкуни карда бошанд пас насихаташ кунен. Наход ки ба ин дарча шаванд ин милисахои точик. Дар тамоми чахон Наврузро истикбол мегиранд мардуми точик, ин чои бадие надорад. Ин милисахо хостанд пул кор кунанд ё худашона нишон диханд. Афсус ин милисахо фикр намекунанд, ки духтарон ё хохарони худашон дар чунин холат афтанд чи мешуда бошад. Равед чинояткоронро кобед. Афсус ки милисахои мо на барои хифзи марзу бум ё сокинони кишвар кор мекунанд балки барои манфиати шахсии худ. Хай акнун аз хамон 1 сум 1 сум чамъ кардани милисахо аз ронандагон маълум ки кор то кучо меравад. ЭЪТИМОД ТАМОМАН БА МИЛИСАХО НЕСТ.........

Мурод
Ба як бандаи худо,

Бегонапарасти мегуию худат дар назди компютер нишасти, бо телефонхои мобили истифода мебари, дар хонаат бовари дорум камшда 4-то антен дори телевизиони мардуми бегонаро тамошо мекни. О и чизо да точико набд ку, агар ита одами бегонапараст боши бра ба дашт як хонаи похсаги созу, бху бгард чою чапотира.

Бо меган ки да Расия милисахо беспредели мекнан, ира агар милисахои рус бина хуш ай саруш мепара

мехмон
Asad,
ман бо шумо хамфикр! бо ин чавонон рафтори аз ин хам бад мекарданд кам буд. инхо бо будпарастон пайвастшуданианд ё кришнаро реклама мекунанд ? зада аз марзи Точикистон бароред ба химолой ва ганга партоед инхоро!
шахрдори чи хел ичозат додааст ,ки милиса хабар надорад ?

Беном
Вакте, ки мо дар Хиндустон Наврузро чашн мегирем, Хиндухо низ бо мо хамрох Шуда хурсанди мекарданд. Чи бояд милисахои Хиндустон онхоро лату куб мекарданд? Ин чавонони мо низ бо онхо хамрох хурсанди кардаанд.

Хомид
шармандаи олам точикистони ман
милионхо доллар ба рекламаи бемаъни сарф мекунан ба умеди туристони хоричи
дар душанбе бошад милиса ранги террористо кудаконро террор мекунад
кадом турист баъди ин ходиса мебиеяд ба точикистон??

Сугдинажод,
барои ту фарханг дар чоящ монаду - милиса кудаи 13 соларо тачовуз кунад бояд бечазо монад??

Таварали, Бародар номи худата навис. Ман медонам ту ки хасти. Чи мехохи ки бо чунин корат моро мехохи бадном куни.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)