Бахшҳо

“Насиҳат”-и омӯзгори “шӯх”: Худтону тағои овардагитона фалон мекунам

Навори танбеҳ, ё дақиқтараш дашномдиҳии қабеҳи як омӯзгори солхӯрдаи тоҷик аз донишҷӯён, ки 20-уми ноябр ба интернет роҳ ёфт, вокунишҳои шадид ба вуҷуд овард.

Ин навори 1 дақиқаю 40-сониягӣ, ки зоҳиран тариқи телефони мобилӣ пинҳонӣ дар яке аз муассисаҳои таълимии олии кишвар сабт шудааст, аз аввал то охир дашномҳои қабеҳро дар бар мегирад.

Навор аз он оғоз меёбад, ки зоҳиран муаллим аз ифшои як гап нороҳат шудааст: “Кӣ гуфт? Кӣ гуфта бошад? Наход падарлаънат нисбат ба муаллим ҳамин хел гӯӣ? Ман як шухӣ кардам”-гӯён омӯзгор дар идома дашном медиҳад.

Дар хитоб ба донишҷӯён омӯзгор афзуд, ки “инсон набошам, ҳамин хел ай думум мегардед, зора мекунед” ва илова намуд, ки “тағои овардагитона ҳам фалон мекунам”.

Устод зоҳиран бо ишора ба мавсими имтиҳону санҷишҳо изҳор медорад, ки “туалет ҳам меравӣ, меоянд, ки муаллим як баҳои 3 бимон”.

“Наход муаллима ҳамин хел гап гӯӣ”- гӯён омӯзгор тарбиятгари донишҷӯёнро низ дашном медиҳад.

Дар пайи роҳ ёфтани ин навор ба интернет корбарон муомила ва дашномдиҳии қабеҳи омӯзгорро маҳкум карда, қисмеяшон таъкид намудаанд, ки чунин шахсон набояд ба низоми маориф роҳ дода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран нашри чунин навор дар интернет боиси ба курсии айбдорӣ нишастани Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ гардид.
Мӯҳр
Фуркат
Ставкааш чанд сомони бошад?

ЗАФАР КУРБОНОВ
МАМНУН ОЗОДАГОН КИ САРИВ АКТ ИНРО ГУЗОШТИ МАН БА ТАМОМИ МАКОМОТИ ВАО ИНРО ПЕШНИХОД КАРДА БУДА, АВВАЛИН ШУДА ШУМО ЧОП КАРДЕД,МУЗХИМ НЕСТ КИ МАН РАВОН КАРДАМ ЧОП ШУД Е ШУМО ДАРЕФТ КАРДА ЧОП КАРДЕД, МУХИМ ИНАСТ КИ БОЯД САРИ РОХИ ЧУНИН УСТОДОНИ "БОШАВКАТ" ГИРИФТА ШАВАД,

Сафар
Бадбахтона дашномдодан дар рохбарони мо, аз вазир то сагир муд шудааст! милисахораку намегуем саломшон дашном аст.

Маслиҳати ман ба Вазорати Маориф чунин аст,ки пеш аз он ки ҳар як мактаб ё донишгоҳ омӯзгоро ба кор гирад бояд муаллим аз маориф аз духтури асаб характеристика гирифта биеранд ва бад аз он ин ё он муассиса ҳақи ба кор гирифтани муаллимро дорад.Ё ин ки кадом муаллиме ба кадом мактаб барои кор ҳуҷҷат месупорад он мактаб е донишгоҳ пеш аз он ки ба кор қабул кунанд муаллимро бояд аз вазорати маориф дар бораи он муаллим пурсанд.Ва ҳар муаллим 6 моҳ пас бояд аз духтури асаб ё ин ки психолог гузаранд!

tarsonjak
eeee hozi i yak mualim ast azmualim botarhoram dar majlishoyshon korgaroyashonro dashnom mekunad

и падарланатора анамихел кардан даркор дар интернет партофтандаркорайки мардум бинан чиқадар омузгорой хуб дартоҷикистон ҳастан ай ҳамихели омузгор пагоҳ ҳамихели шогирдҳо пайдо мешаванд иноро дар донишгоҳ ҷо нест инҳоро фақат яг кедмани калон мети дар мобайни шудгор кор кунан бад бақадри мардум мерасан
лаънати худо барҳамихели омузгор

Барои чи номша ё донишгохи дарс медодагиша,намеген! Шарм медорен ё хотир мебинен.Ханинхел хотир дидан бигирен агар...

Барои чи номша ё донишгохи дарс медодагиша,намеген! Шарм медорен ё хотир мебинен.Ханинхел хотир дидан бигирен агар...

Шояд, ин навори кухна бошад. Холо аз "думи омузгор" кам медаванд. Дар аксари мактабхои оли имтихону санчишхои чори тарики тести электрони гирифта мешаванд. Дар ин бора фармони вазорати маориф низ ирсол шудааст. Ба хар хол, хозир, агар донишчу савод дошта бошад, дигар омузгор тахдиду "касди" худро амали карданаш душвор аст...

salom khok bar sarat5on bar chunin vaz dar kishvar

САИД МАНСУР
озодагон шумо ба аз паси иннамешен. вазорати маориф занг намезанан намепурсен ки и муаллими читари муаллими харай, о и муаллим итари акорат кна мо студенто ба чи ед мегирем, е метарсен шумо хам кофтуков намекунен намебардорен ин масъаларо

Меҳмон, Э, чура, соддат мебинум. Магар хамон справкаро аз духтур харида намешавад? Шояд нисфи хамин хел муаллимони донишгоххо бо занги телефони аз хамон вазорати маориф ба кор кабул мешаванд. Так что, окибати ин коррупсия ва шиносбозиву махалчиги буд мекунад...

Сафар
Видеоша ай кучо бинем??

Видеоша дар кадом сайт дидан мумкинай

Муаллим
Аз навор маълум аст, ки ҳодиса дар кабинети химияи донишкада ё донишгоҳ рӯх додааст (дар болои миз ҷадвали даврии Менделеев насб шудагӣ). Эҳтимол меравад, ки ин дар берун аз марказ аст, чунки устодони макотиби олии марказ ҳама бо галстук ба дарс ҳозир мешаванд.

Барзу,Дусти азиз ин тавр бошад. Дар Тоҷикистон омузгор нест! Агар ҳамаи омузгорон чунин рафтор кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)