Бахшҳо
19 май 2016 16:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Гуруҳи 30 нафарии ҷавонон ва занҳое, ки иддао доштанд, наздиконашон дар исёни Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири мудофиа кушта шудаанд, баъди зуҳри имрӯз 19 май бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро талаб карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аз соати 15:05 то 16:15 идома дошт, занҳову ҷавонон мегуфтанд, саркардаҳои исёни Ҳоҷӣ Ҳалим дар Аврупо паноҳ бурдаанд. Ба иддаои онҳо Иттиҳоди Аврупо хоинҳоеро, ки фарзандонашонро куштаанд, ҳимоят мекунад: “Бароед, ҷавоб диҳед. Хоинҳоро пуштибонӣ мекунед. Ба онҳо минбар медиҳед. Онҳо ҷанг мехоҳанд. Онҳо фарзандони моро куштаанд. Мо ҷанг намехоҳем, мо сулҳ мехоҳем. Як нафар барояд ҷавоби моро диҳад”.



Ин занҳо аз суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” ва ифшои номашон худдорӣ карданд. 10 зан бо либоси азодорӣ ҳушдор доданд, ки агар ба додашон нарасанд, ҳазорҳо занро назди дафтари Иттиҳоди Аврупо меоранд. 5 тан аз ин занҳо дар даст аксҳое доштанд, ки ба гуфтаашон аз дасти гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудаанд. “Кабирию “Гуруҳи 24” хоинанд. Бояд онҳоро ба Тоҷикистон диҳанд, то дар назди қонун ҷавоб диҳанд”,-садо мезаданд онҳо.

Яке аз занҳои эътирозгар худро дар мобайни роҳи мошингузар ба замин партофт:



Тавре хабарнигори “Озодагон” гуфт, баъди қариб як соати ҳамоиш ягон намоянда аз Иттиҳоди Аврупо назди эътирозгарон набаромад. Ҷамъомадагон бо қатъи ҳамоиши имрӯза изҳор доштаанд, ки бо ҷалби ҷавонону занони бештар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо бармегарданд, то посухе дарёфт кунанд.

Аз ин пештар чандин бор гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории гирдиҳамоиҳо аз мақомоти Амрикою Аврупо маҳкумсозии Абдумалик Абдуллоҷонов, Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро талаб карда буданд. Ҷавонон аз Абдумаллик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазир ва номзад ба президентии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ - ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҳаракати “Ватандор” –ро ҷинояткорҳое, хондаанд, ки дар кишварҳои Аврупою Амрико паноҳ ёфтанд.


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)


Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)

Эътирози занону ҷавонон дар Душанбе алайҳи ҳимояти Аврупо аз Кабирию “Гуруҳи 24” (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
али
Як спектакли навбатии арзон ки тамошобин надорад ,камтар шарм дорен охир о ана рафик Рогозин меоя ба Душанбе агар дар асл дустори миллатен броен бар пешвозаш бо транспарантхо ва тухмхои пусида тухмпартои кунен ба сараш.

Ачоиб. Шавхаронашонро ки куштаасту зидди ки митинг доранд? Бовари ин занхо ягонтояш шавхар надорад ва дар чанги хочи халимхам кушта нашудааст.

Тамошобиннннн
Охо занакои нав ку? Кай ита кастинг гузарондиян ки мардум бехавар гаштай. Озоди як илтимос мефахмиден ки кай кастинг гузарондиян? Рахмат

донишчу
Чи лозим аз ин мазхака,хато аз ухдаи накши сахнача намебароед руймоли сафеди калону остини калта хуб шармандаги.

точик
суратошон дар дар як суратхона партрет кадаги маълум

узбек
Мазҳакааш ҳамин будагист. Хари ҳамсоя ҳам ба ҳолашон механдад.

Ма 2 таша шинохтум. Пеши Гулистон да шаво қади раҳ да местан. Ино ягон хел хешашон мурдагӣ не.

Руйиолхояшон хама череда...ин занхо аз гурухи кучо бошанд шармандаги ..хайфи зан ва модар буданатон

Шарифджон
Портретхои якхелара ай кичо додабошаншон румолхои якхелакати !! сода-сохтакори!ранги лахзахои гуворохае ...Шумо шухи касоде да-хами пири мара шу мефора!

мухочир
Бовар кунед, ин спектакл аст, ягон зан ба ин шакл намебарояд ва аз чумла либосхои ин занхоро бинед, аз Худо шарм кардан даркор....

Хамино натавонистанд политикаро чунон кунанд ки мардум вокеи тасавур кунад. Хар як кори кврдагишон недостатка дорад. Аз Хочи халим саркарда то хизби мамнуь

Асадуллоҳ
Ба номи Аллоҳи бахшандаву меҳрубон.
Мардуми шарифи Тоҷикистон!
Ба ин спектаклҳо дигар бовар накунед,24-сол боз инҳо дар чашми мардум хок мезананд

Хоркаш аз номат маълум ки он кадар инсони хеб нести. Чи точик бе кумаки аврупои мемурад? Ту гумон карди, ки агар аврупо ба кумак накунад мо бекасу куй монда аз гуруснаги халок мешавем? Не ин фикрат ХОМ аст ХОМ! ТУ рискро аз Худо дон на аз ИНСОНЕ ки хеле очиз аст!!! Озодагон сомонаи писандидаам хасти. Чоп кунед.

Бародаро, хастан хамихели занакое, ки агар одами нола мекардаги надошта боши др маъракаи мурдат, наниматьшон мекни миёян нолаву навха мекнан, маъракаи мурдара "обод" мекнан. Ин занако аз хамихели группировкахан, бачахои бечора тамоман тасавурот надоран, ки барои чи овардияншон ин чо. :-)

мухочир
Ин туда аз куча пайдошудан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)