Бахшҳо

Пешниҳоди Кумитаи дин ба Президент барои тағйирот дар маъракаҳои азодорӣ

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба Президент пешниҳод кардааст, ки тартиби гузарондани маъракаҳои азодорӣ дар кишвар тағйир дода шавад.

Фаррухулло Олимов, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ имрӯз, 12-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҷониби кормандони соҳа ва коршиносон пешниҳод гардид, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ танҳо бо хондани дуо гузаронида шавад: “Пешниҳод шуд, ки минбаъд маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотеҳа бидуни додани таом гузаранд. Мо ин пешниҳодро дар шакли гузориш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ирсол кардем ва феълан омӯзиш идома дорад”.

Олимов гуфт дар бисёри кишварҳои ҳаммазҳаби мо ва Эрон маросимҳои дафну азодорӣ бе додани таом гузаронида мешаванд.

Ба иттилои Олимов ҳамчунин пешниҳодҳо дар мавриди иваз кардани вақту соати маъракаҳо дар фасли тобистону зимистон мавриди баррасӣ қарор дорад: “Азбаски зимистон зуд торик мешавад пешниҳод шуд, ки оғози маъракаҳо аз соати 18 ба 17 гузаронида шавад”.
Мӯҳр
Nozir
Цитата: Мухаммад
кишварҳои ҳаммазҳаби мо ва Эрон


Dusti aziz, Мухаммад!
Dar maqola chunin omadaast: "кишварҳои ҳаммазҳаби мо ва Эрон". Ya'ne kishvarhoi hammazhabi mo VA Eron. Vaqte az mazmunu mundarijai matni tojiki va mantiqi sukhan bekhabared, khohish mekunam, ki dahoni bemaghzi khudro nakushoed! Tarzi baen naguftaast, ki Eron kishvari hammazhabi most! Balki dar qatori khishvarhoi digari hammazhabi mo dar Eron niz chunin ast!

58
Бисер пешниходи хуб ва саривакти. Умуман дар маросими азо тайер кардан ва хурдани таом манъ карда шавад.Дуюм дар вакти идхои рамамазон ва курбон низ гашти кудакон,гурух гурух рафтан ба хонаи якдигар,оростани дастурхон бадвохима ки бучаи семохаи оилахоро мехурад катъиян манъ кардан лозим.Вакти он расидааст ки хар як дирамро сарфакорона истифода намоем.

Мулло Исмат
Ин чӣ гап, тасаддуқ? Агар духтаронат сарт бипушанд ин фарҳанги бегона будасту маросими дафну азодорӣ бегона не??
Гузаштагонамон чӣ хел расму оин доштанд, ана ҳамин хел мурда-мурда гузаронед! Намедонам тамом вассалом! Мурда-мурда оши сари тахта медихед!
Ё набошад, давайте италянски фирансузискӣ кунед, дар азо музикаю ташкил кунед, ҳа-ҳай ҳа-ҳай!!! Дискатека бало занад!

nabi farhor
Салом бародарон.Чи ин кадар бахс мекунед,хамаи ин суханони мою шумо бефоида хаст.На танзимашро мефахмем,на нарху наворо.Як руз пеш аз ид як харбущаи 6-7с то 20с боло рафт,агар нархи хамаи махсулотхо,хурокворихо ба танзим мебд,бигзор халк хар руз ид дошта бошанд.Бовар кунед,хонахоеро медонам,ки сол мешавад барои хона аз бозор гушт нахаридаанд.Махсулоти точики нарху наво дар осмон.Як кг.гушт 30-33 як тарбуз 8-15с гелос 25-30с Бовар кунед хамин сол гелосро хуб начашидаам.Як кг гелос то 5-с мешуд имсол аз 15-20с поин нафаромад.Ин хамааш беназоратии масъулин аст.Бигзор дастархони хар яке мою шумо пур аз нону неъмат бошад.

.........
Илтимос масулин хар кароре мебароред баровардан гиред.ва нагуед ки дигар давлато чунин аст..

холид
кумита и дин хофизону ресторанхо намедида бошад

Нағз кардед. Як кори савоб кардед. Исрофкорӣ ҳаром аст. Он касоне мегӯянд,ки ин анъанаи мо нест. Ин анъанаро фаромӯш кунед хуб! Пули ҳамин маъракая ба ниёзмандон диҳед. Ин чист, ки онҳо барои ҳамдардӣ меоянд ё барои ошхурӣ. О мурда аз ёд набаромад магар? Ҳама аз ҳамин харҷҳои бемаънӣ безор шудаанд.

сухроб
Агар ба воситаи хамин бурхони иктисоди мо урфу одати номаъкулро аз байн набарем. дигар конун карорхои махаликати наметавонем.Nozir,
Nozir,

Солификр
Кумитаи дин бо ин пешниход салафихоро хурсанд карди? у мусафеди хеши ман аз 200-300 км чаноза биёяд бечора чи гунох крадааст, ки бояд гурусна нишинад. бо таом нахурдани у магар мурда зинда мешавад...таом дар харгиз дар хонаи мурдадоо намепазанд..таом дар хоани хамсояхо пухта ва хурда мешаад, ки хеч бадие надорад...

1234
Дар хакикат аз байн бурдани "Идгардак", яъне дар рузхои Идхои Рамазону Курбон оростани дастархонро аз байн баранд. Мушкилии мардум хеле ососн мешаувад ва хочати дигар ба инсофи фурушандахои бозор мурочиат кардани рохбарон намемонад. Ин гуна Идгардак хам дар ягон мазхабу давлат нест. То хатто дар шимоли Точикистон вучуд надорад.

шахри
бардарон,ба чои дастархони идиро,ки файзу баракати худо дар он аст,бархам додана,хонагардаки кудакоро манъ кунем бехтар аст. чунки тибки аркоми макомоти дахлдор хар сол дар иди курбону рамазон дар сартосари кишвар садхо кудакн зери чархи мошин монда мемиранду мачрух мешаванд ташакур!

Бисьёр хуб мешуд дар рузхои ид занону кудакон дар хонахои келину домоди нав нараванд. Агар раванд ягон чизи хонаро медузанд ва дастархонро то охир ба монанди хайвонот хурда ифлос карда мераванд. Илтимос агар хамин ба конун дароварда мешуд дар рузхои ид 1500-2000 хазор сомонии падари домод сарфа мешуд ва ба ин микдор пул 13-халта орд мешуд ки тамоми сол оларо мехуронид. Агар хамин конун тезтар чори шавад хеле хуб мешуд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)