Бахшҳо

Сарзаниши Убайдуллоев аз мудири бахши дин ва танзими анъана дар Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба Назруллоҳи Муҳаммадюсуф, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе сарзаниш эълон кардааст.

Тибқи амри Убайдуллоев Назруллоҳои Маҳмадюсуф огоҳонида шудааст, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбаташ то озод намудан аз мансаби ишғолнамудааш чора андешида мешавад.

Убайдуллоев дар амри худ ба мактуби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон такя кардааст, ки аз бемасъулиятӣ ва фаъолияти номуассири масъули бахши Душанбе ва чор навоҳии пойтахт интиқод намудааст. Кумита ва Убайдуллоев аз он изори норозигӣ кардаанд, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ татбиқ намегарданд.

Интиқоди Убайдуллоев аз иҷро нашудани қонуни танзим дар пойтахт дар ҳолест, ки ӯ қаблан гуфт, дар аксари ҳолатҳо ин қонунро мансабдорон нақз мекунанд: “Мардум инро мебинад ва нафраташон меояд”-афзуда буд Убайдуллоев.
Мӯҳр
Аҳсан ҷаноби Убайдуллоев

мехмон
Дар шахр намедонам чи хели , аммо дар дехот раиси танзим омада як зиёфатро хурда 70-100 сомон мегирад ё ба газета обуна мекунаду меравад. Туйдор чи нагмае мекуни бикун !!! Ё демократия ва танзим барои зиёфату обуна бошад ???

Хушбин
Бале мехмон.....дуруст кайд карди +70 100сум боз мефармоянд ки гуштбирен ош гирифта ба идораи ТАНЗИМ мебари..ва чор тарафат кибла намедонам чи лозим бошад хамин танзим??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)