Бахшҳо

ВКД: Ахмедова ба гумшавии Сабинаю Малика рабт надорад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи кӯдакрабоӣ дар маркази Душанбе дар заминаи хусумати шахсии зани муттаҳам бо модари ноболиғ сурат гирифтааст.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зуҳри имрӯз, 26-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи тафтишоти пешакӣ Матлуба Ахмедоваи 48-сола, муттаҳам дар рабудани духтарчаи 7-сола бо модари ин ноболиғ хусумати шахсӣ доштааст. Ба гуфтаи Ҷалолиддини Садриддин, Ахмедова хостааст, тариқи гаравгон гирифтани духтари ноболиғ аз модараш пулу санадҳоеро, ки гӯиё дуздидааст, бозпас гирад. Ахмедова қаблан бо модари духтарча дар толори маҳсгарӣ кор мекардааст ва вақте моҳи июни соли равон “сейф” бо пулу санадҳо гум мешавад, Ахмедова модари ноболиғро гунаҳкор кардааст. Ӯ ба ҳамин восита хостааст, амволи гумшударо бозпас гардонад.

Сухангӯи ВКД афзуд, феълан дақиқ шудааст, ки Ахмедова ба гумшавии Сабинаву Малика Араловаҳо ва Осия Диловароварабте надорад. Ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ карда, изҳор дошт, ки феълан таҳқиқот идома дорад. Қаблан гуфта мешуд, ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки Сабинаву Малика ва Осия аз сӯи гуруҳи хонум Ахмедова дуздида шудаанд. Сабина ва Малика 25 марти соли 2013 нопадид шуда, ҳанӯз ёфт нашудаанд. Осияи панҷсола 8 августи соли 2014 бедарак шуд ва ҷасади ӯро баъдтар аз ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.

Матлуба Ахмедоваи 48-сола, яке аз муттаҳамони асосӣ дар рабудани кӯдакон ба ронандае, ки ба ҳайси таксӣ фаъолият мекардааст, барои аз маҳаллаи "Садбарг" то Зарафшон бурдани як ноболиғи рабудашуда 2000 доллар ваъда кардааст.

ВКД: Ахмедова ба гумшавии Сабинаю Малика рабт надорадРӯзномаи “ИмрӯзNews” менависад, аммо “таксист” Кароматулло Маҷидов, ки дар қисми низомии 3502-и ВКД фаъолият доштааст, ин корро анҷом намедиҳад: “Бино ба гуфтаи худи майор Маҷидов, вай беш аз ду сол инҷониб Матлуба Ахмедоваро мешинохт ва баъзан ҳамчун таксист ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳанӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.

Қаблан хабар дода шуд, ки бо иттиҳоми рабудани кӯдакон се нафар -- Матлуба Ахмедоваи 48-сола, Раҳмоналӣ Ғиёсови 24-сола, корманди беморхонаи мавсум ба “1-ум Советский” ва як ронандаи таксӣ боздошт шудаанд. Ахмедова соҳибмулки як маркази масҳ дар Душанбе гуфта мешавад. Боздошти ин се нафар замоне иттифоқ афтодааст, ки талоши рабудани як духтарчаи 7-соларо доштаанд. "Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст",-хабар медиҳад рӯзнома.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".

Алайҳи боздоштшудаҳо бар пояи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


Акс аз “ИмрӯзNews”
Мӯҳр
Ачоиб
шубханок метобад, ман ба фикри шумо рози, чи гапе хаст, ин майорам дар хила гум.

safar
Ма нафахмидам хами гапора яташ хабар метаки аз хусумати шахси дигарш мега накшаи дузди дошт и дхтарчара ба кадом мошин бурдянки ай друни мошин сузандоруи мадхушкунанда ёфтян ма нафахмидм ай мошини маёр ё дигарш

Ин ваени боевикхои Сухроб Косими дангараги аст. Мумкин камандирошон куш бошанд? Дела дигар хел тов хурд.

сугди
холати пайдошуда аллакай тахдид ба бехатарии чомеъа ва давлат мекунад ва фавран парванда аз макомоти ВКД гирифта ба тафтишохонаи КДАМ дода шавад ва тахти назорати бевоситаи Раиси КДАМ, Прокурори Генерали ва Дастгохи Президенти Кишвар гирифта шавад,фикр мекунем, ки ягона рохи дуруст хамин бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)