Бахшҳо

Раёсати “Қарияи боло”: Ягон духтури мо барои кӯдакрабоӣ ҳабс нашудааст

Раёсати беморхонаи ҷумҳуриявии “Қарияи боло”-и шаҳри Душанбе хабарҳо дар бораи он, ки гӯиё як духтури ин беморхона бо насаби Ғиёсов барои кӯдакдуздӣ боздошт шудааст, рад намуд.

Холназар Ғиёсов, муовини раҳбари беморхонаи “Қарияи боло” дар шарҳи хабарҳои нашршуда гуфт, “насаби ман Ғиёсов аст, аммо ман боздошт нашудаам ва ягон кӯдакро надуздидаам. Шукри Худо соҳиби 6 фарзандам ва ба кӯдаки дигарон ниёз надорам. Айни ҳол 400 кӯдак зери назорати ман таҳти табобат қарор доранд ва ман нияти дуздидани онҳоро надорам”.

Ғиёсов афзуд, ки бо чунин насаб дар беморхонаи “Қарияи боло” як фарроши солхӯрдае кор мекунад ва ӯ низ ҳабс нагардидааст: “Ӯ солхӯрда аст ва ҳеч имкон надорад, ки дар кӯдакдуздӣ даст дошта бошад. Дигар ягон Ғиёсов дар беморхона кор намекунад”.

Ин дар ҳолест, ки нашрияи "ИмрӯзNews" бо такя ба манобеаш дар Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як гуруҳи сенафарӣ бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, эҳтимол Сабинаву Малика Араловаҳо ва Осия Диловарова ҳам аз сӯи ин гуруҳ дуздида шудаанд. Сабина ва Малика 25 марти соли 2013 нопадид шуда, ҳанӯз ёфт нашудаанд. Осияи панҷсола 8 августи соли 2014 бедарак шуд ва ҷасади ӯро баъдтар аз ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.

"Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти аъзои ин гуруҳ – кӯдакрабоянда (Матлуба Ахмедова), духтур (Ғиёсов-корманди беморхонаи Қарияи боло) ва таксист (шахсияташ зикр нашуд) ба “ИмрӯзNews” гуфт, айни замон тафтиши ин ҳодисаҳо идома дошта, фарзияҳои тафтиш то ба қазияи Осия ва Араловаҳо тӯл мекашад",-меафзояд рӯзнома. Аммо манобеи "Озодагон" мегӯянд, Ғиёсов, ки боздошт шудааст, корманди маркази тиббии шаҳрии маҳаллаи якум Советский мебошад.

Боздошти ин се нафар замоне иттифоқ афтодааст, ки талоши рабудани як духтарчаи 7-соларо доштаанд: "Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст".

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".

Алайҳи боздоштшудаҳо бар пояи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


Акси Матлуба Ахмедова, ки "ИмрӯзNews" нашр кардааст

Раёсати “Қарияи боло”: Ягон духтури мо барои кӯдакрабоӣ ҳабс нашудааст
Мӯҳр
5
мучозот карда шавад ва дар марказ сангсор карда шавад

Инҳоро ҳукми як умра тиен вақат калодис тоза карда хурокашонро аз ҳамонҷо биёбан каламушҳо шавад хурокашон

Сафо
Бояд ин касофатхо бо сахтарин ва шадидтарин чазо гирифтор шаванд. Ахсан ба макомоти кудрати,ташаккур ки вокеан кор мекунанд. вале мушкили дигар ин аст,ки чуни н харромзодахо тибки конунхои авф озод мешаванд

54
Инҳоро ҳукми ҚАТЛ додан дар кор,

сангсор карда шавад.то ба духтурхои дигар ибрат шавад,зеро бисери бад аз худ рафтаанд

Чама
Хирурга ёвен и 2 солда чанд операция органи нав часпондан

Мехрубон
Гуед фарк байни ин хоин ва ИГИЛ дар чист. Рахмат бародар Сафиалло. Офарин Худо хамаатонро хидоят кунад.

Матлуба Ахмедоваро дар ягон умри замон афв накунан. Раҳмат ба кормандони милиса.

банда
пеш аз хамма нагз тафтиш ва ковтукоб кунанд то ки ягон каси бегунохро ба чои ин хел одамхо хабс ва айбдор накунанд, баъдан мувофики конун чазои сахт диханд ва якчанд маротиба дар телевизион намоиш тиянд то ки ин аксхоро хама шиносанд, ва дигарон дарс бошад.

Салому дуруд бар Миллати Шарифи Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Дар аввал изхори Ташакурии худро ба макомти, ки барои дастгир кардани ин касифон сахим мебошанд мерасонам, ва ба хонадони атфоли гумгашта изхори хамдарди баен мекунам!
Бояд ин касифон дар назди хайкали Исмоили Сомони ва дар шохидии Миллати Шариф ба дор овехта шавад!

Мухочир
Бояд хукми катл дода шавад то ки ба дигарон дарс шавад

Гариб
Казнить, нельзя помиловать!

Занаки хушру бдай. Шавхар намекарда бошад ???мада маъкул шыд бешухи. Аклу хушамро рабуд. Аз сиёхии чашмон аз чехраи зебо ва аз лабони барги бедаш мадхуш гаштам.

Шиками ин бева чок карда шуда ва тамоми органхояшро гирифта ба чояш кох андохтан лозим. Падару модари ин кудакон то охири умр аз доги фарзандон месузанд. Ма ба чои онхо зик мешавам ва нафрат ба ин одамхурон дорам. Ман низ фарзанд дорам. Бояд талаб кард ки онхоро ба халк супоранд ва аз тарафи мардум мучозот шаванд.

як умра зиндони..тамом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)