Бахшҳо

Раиси ВМКБ: Самадовро дар Хоруғ касе назадааст, дар садама маҷруҳ шудааст

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон латукӯби Зикрихудо Самадов, раиси ноҳияи Ишкошимро дар шаҳри Хоруғ рад кардааст.

Раиси ВМКБ дар суҳбат бо “Фараж” изҳор доштааст, ки Самадов зимни садамаи нақлиётӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ҷароҳат бардоштааст, на дар пайи занозанӣ бо ҷавонон: "Зикрихудо Самадов 3 рӯз пеш, зимни бозгашт бо зану фарзадонаш аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ ба садама дучор мешавад. Номбурда бо нақлиёти шахсии худаш дар паси чамбарак менишаст. Ҳангоми ба ҳам бархӯдани мошинаш бо мошини як нафари дигар, ки дуюмӣ аз ҷои садама фирор кардааст, ҷоғаш мешиканад. Хушбахтона, зану фарзандони Самадов ягон ҷароҳат набардоштаанд. Пас аз ҳодиса ӯ ба беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд. Аммо бо тавсияи духтурони беморхона рӯзи дигар тавассути чархбол ба шаҳри Душанбе фиристода шуд. Айни ҳол дар беморхонаи «Медгородок» бистарӣ гардида, табобат гирифта истодааст. Вазъи саломатиаш хуб аст".

Ӯ афзудааст, нисбати ронандаи фирорӣ, ки шахсияташ то ҳол номаълум аст, аз ҷониби мақомоти милисаи шаҳри Хоруғ парванда кушода шуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Зикрихудо Самадов, раиси 46-cолаи ноҳияи Ишкошим аввали ҳафтаи равон дар шаҳри Хоруғ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба “Хлебзавод” рух додааст: “Муноқиша миёни раиси ноҳияи Ишкошим ва нафари муттаҳам дар латукӯб дар пайи нофаҳмӣ ҳангоми ҳаракат бо мошинҳояшон дар роҳ рух додааст. Дар натиҷи муноқиша Самадов аз қисмати ҷоғ зарба хӯрда, дар беморхона бистарӣ шудааст”.

Манобеи “Озодагон” илова намуданд, ки феълан Самадов барои табобат дар беморхонаи шаҳри Душанбе қарор дорад. Масъулини ноҳияи Ишкошим бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, вазъи саломатии Самадов хуб аст ва тариқи телефон корҳо дар ноҳияро пайгирию идора мекунад.

Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ кард.

Самадов, ки дар гузашта ба ҳайси масъули молияи ВМКБ, Оҷонсии зидди фасод ва Палати ҳисоб кор кардааст, соли 2013 раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардида, инчунин узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Admin
Рости гап ман бо шахсияти Самадов шинос нестам, вале аз дустоне, ки зодаи нохияи Ишкошим хастанд, чаноби Самадовро манфи муарифи карданд ва гуфтанд, ки аз гапхои кабеъ ва дашном холи нест. Чи хеле ки шунидем, чаноби Самадов пеш аз иди Вахдат бо як шахрванд дар бинои хукумати нохия мунокиша кардаст ва шатта хам хурдааст. Чи хеле ки набошад, кори хуб накарданд, ки Самадовро лату куб карданд. Аммо раис хам бояд аз хар як мунокишаи бечо худдори кунад.

Сахӣ
"Аз тариқи телефон корҳо дар ноҳияро идора мекунад" Хуб хандондед... Дар давоми ҳафтаҳои корӣ ноҳияро идора карда наметавонад, зеро ҳамагӣ серузи дар ноҳия ҳасту дигар дар Хоруғ ва бо ҷоғи шикаста аз тариқи телефон идора мекардааст. Ба саволи ҶО ки аҳолии ноҳия чанд нафар аст ҷавоб дода натавонисту дигар чӣ ҳоҷати гап задан.

Хайрхоҳ
Мӯҳтарам Раиси ВМКБ, пӯшондани гуноҳи ҷинояткорон дар Хоруғи кӯчак ба бадбахтиҳои калон оварда расонда истодааст. Рӯйи рост гӯед, ки баъди баҳам бар хурдани мошинҳо авбоши "боксёр"и ришдор раиси ноҳияро лату кӯб кард. Агар ин авбош сари вақт паси панҷара нашинад пагоҳ як авбоши дигар бар сари Шумо мушт мебардорад Раиси вилоят, бо ин роҳ Шумо сафи ҷинояткоронро дар Хоруғ зиёд мекунеду кам не , айб не мӣ? Мақомоти милитсия чаро ба таври бояду шояд кор намекунад, охир Хоруғи кӯчак бо 25 ҳазор аҳолиаш ҷумҳуриро ба дод овардаст, бас будагист. Ман сокини ноҳияи Рӯшон, лекин Хоруғ бо ин дуруғгӯйиҳову айбпушониҳо сари тамоми сокинони вилоятро сол то сол паст зада истодааст, айб, айб...

Раиси ВМКБ айб хаст айб....

Раис Самадов аз чорабинихои сиеси мегурезад ,Барои он ки докладро хондан наметавонад.

Раиси ВМКБ масалаи Самадов чи шид хаму бачае ки Самадовро бо мушт зад чогзша шикаст дар Хоруг букаги карда мегаштай ку о масалаша бинед пага Шумора мезанад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)