Бахшҳо

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Кумитаи дини Доғистон аз Абдулазиз Раҷабов, сокини 65-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо номи Ҳоҷӣ-пиёда маъруф аст, истиқбол кардааст.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод Раҷабов, ки ду бор пои пиёда ба Хонаи Худо рафтааст, ба Доғистон барои табрики дӯсти деринааш, Рамазон Абдулатипов, Президенти ин кишвар ва собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон рафтааст, ки моҳи равон 70-солагияшро таҷлил намуд.

Дар Доғистон ҳоҷии 65-солаи тоҷикро Муҳаммад Абдураҳмонов, раҳбари Кумитаи дину озодиҳои виҷдон ва Рамазан Ҷафаров, муовини раиси ҳукумат қабул кардаанд.

Абдулазиз Раҷабов ходими хизматнишондодаи варзиш ва майори мустаъфӣ буда, ба беш аз 25 кишвар пойи пиёда сафар кардааст.

Тибқи иттилоияи Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон ҳоҷии тоҷик дар суҳбат бо масъулини ниҳоди динии ин кишвар гуфтааст: “Аҷдоди мо пиёда ба ҳаҷ мерафтанд ва ман тасмим гирифтам дунболи ин анаъана биравам”.

Абдулазиз аз нахустин сафари пиёдааш ба Ҳаҷ, ки 10 соли пеш будааст, қисса кардааст, ки ҳангоми ворид шудан ба Арабистони Саудӣ дучори мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Ӯ гуфтааст аз ин ки барои пиёдаравҳо раводид пешниҳод карда намешавад, ӯро ба ин қаламрав роҳ надодаанд. Ба қавли Абдулазиз Раҷабов оилаи шоҳи Саудӣ зиёрати ғайримаъмулии ӯро аз расонаҳо хондаву нахуст муфтии ин кишвар ва баъдан Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи феълии Саудӣ ӯро ба ҳузур пазируфтаанд.

Раиси Кумитаи дин ва озодии виҷдони Доғистон дар пайи мулоқот бо Абдулазиз Раҷабов китобҳои муфтӣ шайх Аҳмад-ҳоҷӣ Абдуллоев ва Рамазон Абдулатипов раисиҷумҳури Доғистонро ба ӯ ҳадя кардааст.

Абдулазиз Раҷабов, шурӯъ аз соли 2006 се маротиба ба Хонаи Худо сафар карда ду сафараш бобарор анҷом шудаанд. Ӯ дар бозгашт аз сафар бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешин Эрон мулоқот карда буд. Абдулазиз инчунин соли 2014 пои пиёда ба Байтулмуқаддас сафар кард. Афзун бар ин Абдулазиз Раҷабов барои зиёрати гӯри Бобои Одам ба кишвари Шри Ланка ҳам сафар доштаву дар роҳи бозгашт бо Амитабх Баччан, ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон дидор доштааст.


Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)

Ҳоҷӣ-пиёдаи тоҷик ба табрики дӯсташ-Президенти Доғистон рафтааст (АКС)
Мӯҳр
Алихон Душанбе.
Хочи Абдулазиз як марди одди ва хоксор аст. У махалгаро нест, ба у сиёсатро бор накунед, ки намечаспад. Чаро офарин намегуен, ки се бор пиёда Арабистон рафта омадааст. Магар ифтихор нест, ки ба як точики оди се чор президент таваччух карда, сухбат намудааст. Хамин Ахмадинажод, ки бо Буш ва Абама салом кардан намехост уро ба хузур пазируфтааст, боз дигар чи мехохед. Дар Точикистон дигар одам набуд, ки Рамазон Абдулатипов уро назди худ хондааст? Ин магар эхтироми як нафар точик нест? Биёед ифтихор карданро ёд гирем. Акои Абдулазиз ихлосмандтарин мусулмони Точикистон аст. Агар хама мусулмонон мисли у мусулмони мекарданд, дар олам доди мусулмониро медодем.
уро дуст доред, эхтиром кунед ва ибрат гиред. Оне ки дар токияш Кулоб навишта шудааст, ин нишони кулоби будани у не, балки точик будани уст. Биёед, ифтихор карданро аз хамин гуна чизхои оди ёд гирем.

Ха ха ха ха ха ха дигар милато дар космос зиндаги доран мардуми точики мо як токии муйсафеди нафакахури пой дар лаби гурро абсуждат карда гаштан!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)