Бахшҳо

Фарзия: 2017 Соли Шукрона?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Бо дарназардошти дубора авҷ гирифтани раванди таъкидҳо ба “шукрона кардан” аз эҳтимол дур нест, ки 2017-ро дар Тоҷикистон расман Соли Шукрона эълон кунанд. Аз он ки дар гузашта “Соли оби тоза”-ву “Соли оилаи солим”-у ба ин монандҳо зиёд доштему ба соли оянда алъон чизеро нисбат надодаанд, фарзияи мо мантиқӣ менамояд.


Таъкиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 сентябр дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод, ҷиҳати “шукронаи зиндагии орому осудаи Ватан кардан” ва хабари ҳосили хуби картошкаи навъи “шукрона” дар Лахш, ки “маҳсули кори олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ” будааст, метавонад далели хубе барои эълони чунин як тасмим бошад. Аз сӯи дигар, 2017 аз имзои созишномаи сулҳ, ки бо номи Ваҳдати миллӣ маъруф аст, 20 сол пур мешавад ва ба шарофати ин сана як соли дароз “шукрона кардан” басо мантиқӣ хоҳад буд.

Эълони Соли Шукрона ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои сокинон бомаврид аст. Барои ҳукумат аз он ҷиҳат, ки баъди ду соли душвор билохира мухолифони аслӣ ё барои солҳои тӯлонӣ пушти зиндон рафтанд ё аз кишвар фирор карданд ва дигар нерӯе наметавонад дар муқобилаш истод шавад ва дар чунин шароит коре ба ҷуз шукрона кардан ҷоиз нест. Тасвиби қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳам далели дигар метавонад бошад. Барои сокинон аз он ҷиҳат, хуб аст ки аз ҳамаи амалҳо (хонда шавад карданҳо) ҳоло танҳо ҳамин “шукрона” аст, ки нотарсидаву бо майли том анҷом медиҳанд ва ҷавобгарие надорад.

Дар зимн, чанд пешниҳоде дар робита ба Соли Шукрона дорем, ки бо назардошти таҳлилу баррасии авзои кишвар дар чанд соли ахир хулоса шудааст. Агар ин фарзия дуруст барояд, дар баробари эълони Соли Шукрона рӯзе ҳам бояд ҳамчун Рӯзи Шукрона таҷлил шавад. Фарқ намекунад, ки барои ин кадом санаро интихоб мекунанд, фарз кардем яке аз рӯзҳои октябрро...

Вобаста ба зарурати шукрона идеологҳои ҳукуматро зарур аст, якуми сентябри соли 2017 ҷойи “Дарси сулҳ” муваққатан “Дарси Шукрона”-ро пешниҳод кунанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ барои сазовор пешвоз гирифтани Соли Шукрона нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардад! Онҷо яке аз нуктаҳои асосӣ маршировкаи донишҷӯён барои бузургтарин “намоиши театрикунонидашуда” дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Соли Шукрона ҳатман бояд гимни худро дошта бошад ва ба андешаи ин ҷониб беҳтарин вариант таронаи “Шукрона”-и “примадонна”-и тоҷик -- Сурайё Қосимова ва духтаронаш -- Шабнаму Фарзона мебошад. Дар ин суруди 03:42 дақиқаӣ модару духтарон 32 маротиба “шукрона” мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир беҳтарине ба мақоми гимни Соли Шукрона хоҳад буд.

Эълони озмунҳои “Беҳтарин шеъри шукрона” “Беҳтарин суруди шукрона” ва “Беҳтарин матлаби шукрона” низ бояд фаромӯш нашавад ва телевизионҳо бо таҳияи барномаҳои вижа зарурати гуфтани шукронаро ба мардум фаҳмонанд.

Дар баробари ҳамаи ин дар Тоҷикистон вожаи шукрона бояд “бренд” бошад. Мисли картошка ба навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзии дигарамон, ки ба эҳтиромашон рӯзҳои хосеро тақдим кардаем (харбузаву каду ва ғ), номи “шукрона” дода шавад. Айни ҳамин корро дар чакану атлас низ бояд анҷом дод. Мешавад, номи яке аз ғизоҳои қадимии саридастиамонро ҳам “Шукрона” гузошт. Тамоми корхонаҳое, ки лентаи онро давоми соли 2017 Президент мебурад, номи Шукронаро бигиранд (як ном ба чанд ниҳод зарар надорад. Як бор бубинед, ки дар Душанбе чанд иншоот номи пойтахтро дорад. Ё ба ҳисоби Кумитаи забон, 41 ҷамоату деҳоту шаҳр дар саросари кишвар Гулистон, 31-то Ваҳдат, 25-то Истиқлол ва 23-то Навобод будааст).

Таъсиси ордени “Шукрона” ва сарафроз намудани онҳое, ки аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат аз таҳти ҷону дил тавсиф мекунанд, дар Соли Шукрона амали савобу саривақтӣ ва қобили дастгирист. Ва дар кодекси ҷиноӣ ворид кардани моддае дар мавриди ношукрӣ боке надорад, ки бар пояи он афроде, ки аз зиндагии серу пур ва ободу осоишта ношукрӣ мекунанд, камаш 25-26 сол ҳукми зиндони низомаш сахт бо мусодираи амвол бигиранд!
Мӯҳр
содахак.
э бача бо набардорант

Самиршо
Шукрона кардан идеияи Эмомали Рахмон нест, ин фармудаи Худо дар Куръон аст. Дидаву дониста фармудаи Худоро ба боди масхара кашидаи муаллифи азиз.Аз ХУДО ТАРС

ШОКИР
Дар хар сурат шукрона бояд кард! Шукрона ба даргохи Худованди бузург. Хамин ношукрихо буд, мардуми ИРОКУ СУРИЯЮ ЯМАН ба ин хол афтоданд. Дар ин кишвархо дороию боигари ба дарачае афзун шуда буд, ки онхо аз сарватманди чи кор карданашонро намедонистанд. Дар ин давлатхо агар тифле ба дунё меомад, хамон лахзаи тавлид, дар хисобаш то сад хазор долар пайдо мешуд. Яъне, тифли якруза сохиби сад хазор доллар!!
Аммо шукрона, ки накарданд, аз хамин гуна сарзамини бихиштмонанд, ба ин рузу рузгор афтоданд. Холо хамон тифл нон мегуяду чон медихад.
Шукрона, ки кардем, як гап не, як гап мешавад. Шукрона бояд кард!

Muhojir
Бехад маколаи ачоиб бо хамин шукронашон дар чона хама задаги як зиндаги мардума бехтар кунед, на чои кор на зиндаги хуб, дар ин Россия халки точик то дарачаи бекадр шудаст, ки саг кадр дорад точик не миллатро ба хорию зори расонданд боз шукрона кунед

Одамо фикр кардестан чӣ хел 3-4 сотихи замин ай Марс бигиран, иҷада ҳама баҳси "Шукрона". О ояндара фикр кардан даркор солои 41-45-у 92-и асри гузаштара не. Ё тавба. Шукрона дар сари ҷойнамоз даркор, на дар ТВТ

омер
неки барои хамин матлабат хатман ношукри мезанат ношукгузор!!хатман чоп кунед.

Албатта шукрона кардан шарт ва зарур аст навобаста аз он ки ба он рохбарияти олии кишвар таъкид менамоянд. Хар лахза, хар соат, хар дакика ва хар сония ки худованд мову шуморо инсон на дигар чинс офаридааст. Ба фикрам хамин рузноманигорон бештар бояд шукрона кунанд, ки каламашон менависаду Худованд онхоро нигах медорад албатта агар бегараз нависаанд ягон чизи тахлили хубтар. Дигар проблема нест магар.

Virkan
Манфуртарин мафхум аст шахсан барои ман. Ба чи шукрона кунам, ба хазорон хазор кудаконе, ки аз гизо, аз маърифати дуруст бархурдор нестанд, аз хазорон хазор оилаи камбагал ва хатто кашшок дар шахру дехот, аз хазорон хазор карздорон, аз мусофирону гастарбайтерхои саргардон, аз маоши ночизтарин ва аз андози баландтарин дар чахон, аз дуздихои маблагхои азим, аз махалгарои, аз додгустарихои мугризона, аз кинаву кудуратхо, аз касду даъвохои гаразманд, аз ононе ки дар мусофират тахти тахкиру ноадолатихо зачр мекашанд, аз ононе, ки бегунох дар мусофират кушта мешаванд, аз ононе ки дидори фарзанду азизони худро ба хотири як бурида нон солхои сол намебинанд, шукрона кунам???? Барои чиии???? Ба чиии шукрона кунам???? Ба оби дидаи кудакону модароне ки аз дидори азизон дуранд, аз насихату навозиши падару бародар махруманд??? Аз он бечорагоне, ки руи дастурхонашон моххо танхо нони хушк аст ва фардо намедонад ки аз кучо рузи ёбад??? Равед боре деха ба деха гардед ва бубинед, ки мардум дар оби дида гарк аст. Наварусони бечора ва чавонони навхона пас аз се-чор рузи никоху хамсари ба хотири як бурида нон ба дурихо аз хамдигар меафтанд ва намедонанд, ки пешомадашон чист, магар онон метавонанд шукрона кунанд???

Абдулазиз бенихоят бачаи шух будаст))

ситора
кандата зан ана фикри дуруст хозир телевизион туро ёфта хар руз реклама мекунад. ва ту ситора мешави чи кадар суханони ба мантик чи кадар шучоати баланд, ки хозир дар Точикистон касе гайрат намекунад, ки камтарак хам бошад хакикатро гуяд ахсан ба ту дар 25 сол бори аввал хакикатро руи когаз оварди

Самиршо,
Хай хози пагах отата бурда дар дари к...ду шата зада дандоноша шикаста окибат катлаш кунанд баъд мебини,ки шукронра!!!
Шукрона дар хама холат шпрт ё вочиб нест эй беадаб!!! Калон шави хатман мулои дарбори меши

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)