Бахшҳо

Қоимдодов: Набояд кӯр-кӯрона вориди ҳар иттиҳодия шавем

Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорусия гуфтааст ворид шудани кишвари мо ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар марҳилаи омӯзиш ва таҳлил қарор дорад.

Сафири Тоҷикистон бо таъкид ба зарурати муттаҳидии кишварҳо ишора кардааст: “Албатта, давлатҳо бояд муттаҳид бошанд, аммо ин чиз бояд бо назардошти манофеъ сурат гирад. Набояд ба ҳар иттиҳодия кӯр-кӯрона ворид шуд”.

Оқои Қозидавлат гуфтааст Тоҷикистон ва Белорусия аъзои блокҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба монанди ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва СПАД мебошанд. Ӯ дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки бояд ҷанбаҳои манфӣ ва мусбати ин тасмим мушаххас шаванд: “Пешвои мо, Эмомалӣ Раҳмон зарурати омӯзиши асосҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии ворид шудан ба ин иттиҳодияро таъкид карда буд”.

Сафири тоҷик инчунин гуфтааст, “таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ворид шудан ба чунин иттиҳодия бунёди иқтисодии қавӣ доштан лозим аст”.
Қозидавлат Қоимдодов ба изҳори нигаронӣ афзудааст: “Агар мо имрӯз тамоми боҷи гумрукӣ, ки манбаи даромади буҷаи давлатанд, бардорем фардо ин пулҳоро аз куҷо пайдо мекунем. Кишварҳои дигар, ки хоҳиши ворид шудан ба иттиҳодияро доранд, ин имконро доранд”.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Белорусия ҳал кардани ин мушкил фурсат мехоҳад. Қозидавлат Қоимдодов ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдоро мисол оварда гуфтааст, ки барои ворид шудани ба ин созмон 11 сол вақт лозим шуд. Ӯ гуфтааст мутаххасионро лозим аст дар бораи ҳамоҳангии тарифҳо фикр кунанд, коршиносон дар ин замина кор мекунанд, “аммо омили буҳронҳои молии ҷаҳонӣ ва дигар таҳримҳоро бояд ба назар гирифт”.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар аввал Иттиҳоди гумрумӣ ном дошт, бо ташаббуси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ташкил шудааст. Аз соли 2014 ин иттиҳод Русия, Белоруссия ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, аммо баъдан Қирғизистон ва Арманистон низ ба он пайвастанд. Ин иттиҳод ҳаракати бемонеаи пул, мол ва нерӯи кориро миёни кишварҳои аъзо таъмин мекунад.
Мӯҳр
кулоби
оли бдроен ба"д патенти барои союза россия меброра ха ха ха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)