Бахшҳо
27 окт 2016 13:27Тоҷикистон / Тема дня

“Корманди амният” дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон: Пота ба пои ма дароз накун

Гулӣ Зардова, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, имрӯз, 27 октябр дар қабулгоҳи раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон шоҳиди рафтори ношоями ҷавоне шудааст, ки худро "корманди амният" муаррифӣ мекард.

Хонум Зардова дар сафҳаи фейсбукаш навиштааст, ин ҷавон худро "корманди амният ва бачаи генерал Саидов" ном бурда, бо нишон додани ҳуҷҷати "муқоваи сурхдор" ба ҳозирин дод мезад: "Ӯ ба ҳозирин дод зада фармон медоду, нафасгирӣ намегузошт. Яке аз духтарон эътироз овард, вале ҷавон ба ӯ дӯғу пӯписа зада гуфт:
- Ту медони катии кӣ гап задестай!? Ма коркуни амниятм, фаҳмидӣ! Даркор шава ҳама кора мепартойю, қати ма мерай...!"


Ӯ дар идома менависад, ҷавони дигаре ин рафтори "корманди амният"-ро дида? аз духтарон пуштибонӣ кард: "Корманди амният ба ғазаб омада ӯро ба сӯҳбати як ба як даъват намуд. Аз авзову рафтор ва гуфтори ҳамин ҷавон, ки ҳар лаҳза ҳуҷҷаташ "удостоверенияаашро" бароварда ба рӯи одамон тиқонда, бале, маҳз тиқонда, ҳатто имконияти хондани ному насабашро намегузошт, аз даҳонаш хаф паридагӣ барин фоффофкунон ҳайтас мезад".

Гулӣ Зардова мегӯяд, дигар тоқат накард ва худро ба он ҷавон муаррифӣ кард: "Ӯ ба ман ким чӣ хел аз боло ба поён нигариста гуфт:
- Хай чӣ! Баъд чӣ!? Ма коркуни амниятум, ту хдта ба ма сарбасар накн!
Гумон макунед, ки ман инҷо ба хатои техникӣ роҳ додаам, не, айнан ҳарфзании ҷавонро овардаам. Вақте ӯ ғалғала бардошта, яке аз кормандони Кумитаро ба берун кашида бурданӣ шуд, камина аз қафояш баромада, насиҳат кардам.
Насиҳат он тараф истад, ки чизеро намедиду намешунид.
Ту медони ма киюм!?
Ма бачаи генерал Саидов ҳастм! Пота ба пои ма дароз накун...!"


Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот "Озодагон" онро дар зудтарин фурсат нашр мекунад.

Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан мақомот аз ифшои чанд ҳолате хабар доданд, ки баъзе ашхос худро "корманди мақомот" ё хеши афроди воломақом муаррифӣ карда, ба қонуншиканию бетартибиҳо даст мезадаанд.

Боздошти “ҷияни Шукурҷон Зуҳуров”, “ёвари Азим Иброҳим” ва...

Боздошти писари тақаллубии Президент аз сӯи ниҳоди Р.Эмомалӣ


Акс аз саҳфаи фейсбуки Гулӣ Зардова
Мӯҳр
Кадом одами боакл ба ин бовар мекунад. Хеч кас. Аз хама макомоте, ки чидди рафтор мекнад бо тамоми фаъолиятаташ ин Амнияти милли аст. Генерал Саидов хамсояи аст мебошад ва ман медонам писари у чандсола аст ва чи намуд дорад.

дод аз дасти ин бачахои генерал. Ба наздики як нафар махлук худро ба ман чяни генерал Салихов гуфта тахдид карда ба худкуши оварда расонда буд. Аз руи бадрафтории ин махлук зиёни калон ба саломатиам расиду ин махлукро пишакашро касе пишт нагуфт

Ба фикрум Гули Зар бачара хуб мешинохтааст суратша дастрас кардааст , мақола эҷод кардааст, як ҷизро намефаҳмам корхонаи Куумитаи занон аз кадом тарафи сурат боша

Зарина Кенчаева
Ман гумон мекунам ин ягон нафари тасодуфист,ки мехохад ба номи амният ва Саидов зиён биёрад дигар чизе нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)