Бахшҳо
18 янв 2017 17:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Искандаров: Ҷои “старекс”-у “мерседес”-ро автобусҳо мегиранд

Шаҳрдории Душанбе ният дорад, зина ба зина дар кӯчаҳои пойтахт ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои мусофирбар ҳаракати автобусҳоро роҳандозӣ кунад.

Ғаюрбек Искандаров, директори муассисаи “Душанбенақлиётхадамотрасон" имрӯз, 18 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баровардани автобусҳо ба ҷои “старекс”-у “мерседес”-ҳои нав аз ҳафтаи оянда оғоз мешавад: “Корро аз кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз мекунем ва зина ба зина монанди хиёбони марказӣ дар кӯчаҳои дигари пойтахт роҳандозӣ мешавад”.

Ӯ афзуд, барои таъмини талаботи пойтахт то моҳҳои апрел-май боз автобусҳои нав ворид мешаванд. Ба суол, ки автобусҳоро кӣ ва аз кадом давлат ворид мекунад, Искандаров посух дод, ки ҳукумат тендери байналмилалӣ эълон мекунад ва беҳтаринҳо интихоб хоҳанд шуд.

Раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” далели ивазкунии “старекс” ва “мерседес”-ҳоро ҳалли мушкили мусофирбарӣ ва ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки феълан дар Душанбе даҳҳо ҷамъиятҳои мусофирбарӣ фаъолият дошта, ҳудуди 2 ҳазор “старекс”-у “мерседес”-ро дар бар мегиранд.
Мӯҳр
Сокин
Мӯҳтарам Рустами Эмомали коре кунетон ,ки ин старексҳоро аз ин шаҳри нозонин берун кунетон , чунки сокинони шаҳр аз хизматрасонии ин хизматрасонҳои беинсоф, дағал , бетарбия , беахлоқ , бемаданият, бефаросат , бевиҷдон ба дод омадагиянд. Раванд дар деҳаҳои худ замина обчакори кунанду зиндагияшонро дар деҳаояшон гузаронанд. Инҳо аксарият аз районҳову қишлоқҳо омада на маданияти шаҳрдорира медонанду на одоби муошират шабона дар даруни старексҳояшон хоб рафта саҳари аз буйи наскиву почаашон дар мошин шишта намешавад. Ман ҳамчун сокини шаҳри Душанбе аз Мири шаҳр аз сохторҳои марбут ба хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш хоҳони онам ки ин корро ҷиддан таҳти назорат гиред. Мувафақият дар корҳоятон.

student
Дарс худаш соати 7:30 сар мешавад
Мо бо хамин старексхои 10 нафара ба як азоб дарсда мерасеа
Агар хамаш микроавтобус шавад сахар броям ай хона абед дарсда мерасем. Ин хел намешад, хадди акал нисфи старексхоро низ монен

Бисёр икдоми хуб ин ягон сахти бекори намешава аму автобусхоро низ одам идора мекунад аз старексу мерседесхои баднафс ким аз кучо омаданнд маданияти сухан кардану аксарияташ муомилаи одди карда наметавонад. Барои аз шахр баровардани онхо кайхо дер шудааст.....

алкаш,
Дар як вакти хушёрит фикр кун хеч кас бекор намемонад. Тангенора пеш кардан ронандахошон старексу мерседесда гзаштанд. Шахр хела ба тартиб даромад...
Старексу мерседесора пеш кунанд ронандахошон автобусхода мегузаранд... хама кор мекунад... ё ки шумо фикр доред ки автобусхои бидуни ронанда ба душанбе меоранд... холо ба он дарача нарасидаанд мардуми точики мо....

мансур
Мусофир,
Мусофир-ба-фикрам ту-холо буи таги каши мардхои пирхара хис накардаи дар 30-40 дарача гарми. Дар як кадам рох2 соат меравад ин афтобусо. Мардум кор мекунанд мехонанд барои инхо зарур аст,ки саривакт бачои даркорияшон расанд. Айтобус ин барои кампиракои пенсионер ва муйсафедои маъюбу бесохиб аст.
Як афтобус чои10 старекса мегирад. Пас 10 баробар чои кор кам мешавад дар ин соха.

СТАРЕКС АРЗОН МЕШАВАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)