Бахшҳо

Ғаффоров ба генерал: Чаро роҳкирои барзиёду сарбории нақлиётро нодида мегиред?

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 17 май дар парлумон дар ҳузури генерал Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ масъалаи барзиёд гирифтани роҳкиро ва аз меъёр зиёд савор кардани мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён гузошт.

Ғаффоров аз Абдураҳмон Аламшозода, ки барои шарҳи тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба парлумон омада буд, хост, мушкили надодани 40 дирам бақияи мусофирон ва сарборӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи ин вакили парлумон танҳо дар 11 моҳи соли гузашат нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ба 113 ҳазор мусофир хидмат расондааст ва 40 дирамии мусофирон, ки баргардонда намешавад, дар маҷмуъ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

Дар посух Аламшозода масъалаи роҳкирои барзиёдро масъулияти Хадамотҳои махсуси танзимкунандаи соҳаи нақлиёт хонд.

Ба қисмати дигари суоли Ғаффоров, ки мусофирбарҳо ба ҷои 10 нафар 12 мусофирро савор мекунанду кормандони БДА дидаю дониста масъаларо сарфи назар мекунанд, муовини якуми вазири умури дохилӣ гуфт: “Дар мавриди аз шумораи муқарраршуда зиёд савор кардан, даҳҳо ҳазор қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин хусус ҳамарӯза фаъолият аст, ба танзим дароварда истодаем”.

Дар мавриди тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ин лоиҳа бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Тоҷикистон, қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар таҳия шуда, мафҳуми «воситаи нақлиёт» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
Ронанда нестам, лекин мехохам ронандагонро дастгири кунам. Нархи рохкиро аз аввал бояд баъди 1 сомони 80 дираму 1-у 60 не, 2 сомони тасдик мешуд. 80-у 1.60 як беандешаги буд. Бечора ронандагон аз сахар то шом хизмати мардумро мекунанду якашон ду намешавад бо ин нарххо. Агар аз аввал 2 мекарданд, пул чамъ карда чандин оилахо аз кашшоки мебаромаданд, шояд тичоратхои нав мекушоданд. Синфи миёна мешуданд. Лекин мошинхаридагихо ва арендагирифтагихо ё карздор шуданд, ё дилзада. Акнун чои онхоро маршруткахои калону автобусхо мегиранд. Автобусхое, ки хоханд, тез мераванд, нахоханд, мисли мурча харакат карда клиент ждат мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)