Бахшҳо

40 дирами мусофир + 40 дирам...=94 миллион сомонӣ дар 11 моҳ

Нақлиёти мусофирбар дар Душанбе тайи 11 моҳи соли равон ба 235,9 миллион мусофир хидмат расондааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 фоиз зиёд мебошад.

Ин нукта дар ҳисоботи солонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зикр шудааст, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор дорад.

Убайдуллоев мегӯяд, тибқи шартнома ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 21 ҷамъияти хусусӣ дар 93 хатсайр ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 197 автобус, 60 троллейбус, 50 микроавтобус ва беш аз 2200 воситаи нақлиёти мусофирбари бахши хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки масъалаҳои ҳалталаб дар ин соҳа пеш аз ҳама сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ба хусус риояи одобу фарҳанги ҳамида, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошанд. Ӯ ба мусофирон маслиҳат додааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ аз хилофкории ронандаҳо тариқи рақамҳое, ки дар мусофирбарҳо насб шудаанд, ба мақомот занг зананд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон надодани 40 дирам бақияпулии мусофирон дар Душанбе тайи солҳои охир маъмулӣ шудааст ва ронандаҳо ба ҷои 1,6 сомонии қонунӣ 2 сомонӣ ва баъзан аз он ҳам бештар роҳкиро мегиранд. Ба гуфтаи коршиносон агар ҳар яке аз 235,9 миллион мусофир, ки давоми 11 моҳ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кардааст, 40 дирами барзиёд дода бошад, дар маҷмуъ роҳкирои барзиёде, ки ронандаҳо тайи ин муддат гирифтаанд, ба 94 миллиону 400 ҳазор сомонӣ баробар мешавад.
Мӯҳр
вп
Кадом боакл тарифро 1,6 сомони мукаррар кардааст? Ин кадар тангаву бакияро аз кучо мееби? 1 ё 2 сомони мукаррар кунед.

Abdulaziz
чи хел ман дар маршруткаи 11 мешинам як сомони метиам. нархашам як сомони нависта шудаасту)))))

сорбон
барои услугаи басифат нархро бардоштан даркорай. баьд як сохтори нвзорати бошад халос шоферо аз ГАИ, раисои чамьият ва.... безор шудагиян а мардум аз ронандахои беакл... як чизи дигар ами ки маданяти мову мусофиро ки баланд нест барои баьзе аминь хел рафтор мекунан

40 дирамата металаби ку ай маршрутка мебароран пеш мекнан туя, попробуй ба вайхо 60 дирам те барои 40 дирами худашон чанг мекунанд, дигархора барои 40 дирам пурсиданаш хасис меноманд, 1,60 дирам додан даркор ё 80 дирам ними рах

душанбе шахр
бисйор хуб мешуд 1 60 дирам гиранд аммо баъзеашон саркаши мекунанд ба ракамхои дар мошинхо будахам занг задем ягон чорачуйи нашуд

Ман як пешниход дорам ! Дар хакикат масъалаи бакияпули аз хисоби танга як проблема барои ронандахо шудааст. Барои хамин таклиф дорам. Бигзор бакия аз як сомона ва дусомона надиханду факат ки аз меъёр зиёд, яъне дар чойхои нишасти мусофирон ба чои се кас чор нафари нагиранд, то ин ки бахазур нишини. Ба хусус дар фасли зимистон. Баъзе вакт хато чунбида наметавони ё нафасгир мешави . Боки казоват ба Шумо мухтарам мусофирон,,,,,,,,,,

хамин як системаи мусофиркаширо бо тартиб оварда наметавоннанд. ачиб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)