Рақамҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои шикоят аз мусофирбарҳои “баднафс”

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, барои муҷозоти ронандаҳои баднафси мусофирбарҳо, ки вақтҳои охир аз мусофирон 3 сомонӣ роҳкиро мегиранд, мусоидат кунанд.
Ин ниҳод рақамҳои 2 21 45 28, 221 45 29 ва рақамҳои дастии 900 09 59 00, 988 99 11 88-и кормандонашро дар ихтиёри “Озодагон” гузошта, таъкид намуд, ки дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз тариқи ин рақамҳо дар тамос шаванд. Манбаъ афзуд, ки дар сурати муроҷиати шаҳрвандон фавран аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Душанбе ба мушкили сокинони пойтахт расидагӣ хоҳад шуд ва ронандаҳо муҷозот мегарданд.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе мегӯянд, ронандаҳои мусофирбари хатсайри 28-ум аз мусофирон ба ҷои 1,6 сомонии қонунӣ ва 2 сомонии маъмулӣ 3 сомонӣ талаб доранд.
“Фарқ надорад, куҷо меравед, 3 сомонӣ”-хитоб мекарданд ронандаҳо ба анбуҳи мусофирон, ки рӯзи якшанбеи 3-юми июл муддати тӯлонӣ дар бозори Корвон интизори мусофирбар буданд.
Ронандаҳо дар шарҳи талаби роҳкирои барзиёд изҳор доштанд, ки дар роҳ танбашавии зиёд нақлиёт ба вуҷуд омадааст ва хатсайри 28 ба далели таъмири роҳ дароз шудааст.
Сокинони Душанбе мегӯянд, ҳолати барзиёд гирифтани роҳкиро дар дигар хатсайрҳое низ ҷой дорад, ки аз назди бозори “Корвон” мегузаранд. Мусофирбарҳои майдае, ки қаблан се сомонӣ мегирифтанд, дар арафаи ид нархи хизматрасониашонро то 5 сомонӣ боло бурдаанд.
Интизории тӯлонӣ ва сӯиистифодаи ронандаҳо аз теъдоди зиёди мусофирон дар Корвон дар ҳоле буд, ки касе аз масъулин дар ҷои ҳодиса барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ва ҳалли мушкили мусофирон ҳозир набуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |